Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
14 Беақл дар дил мегӯяд: «Яҳува нест».+
Корҳои чунин касон ифлос асту рафторашон нафратовар.
Некукоре нест.+
2 Лекин Яҳува аз осмон ба одамизод нигоҳ мекунад,
То бубинад, ки оё касе ҳаст, ки соҳибфаҳм ва ҷӯяндаи Яҳува бошад.+
3 Ҳамаашон аз роҳи рост дур шудаанд,+
Ҳама яксар расво гаштаанд.
Некукоре нест,
Як нафар ҳам нест.
4 Наход ки каҷкорон нафаҳманд?
Онҳо халқамро як луқма мекунанд
Ва Яҳуваро намехонанд.
5 Вале онҳоро даҳшати бузург фаро мегирад,+
Зеро Яҳува бо насли росткорон аст.
6 Эй каҷкорон, шумо ба ниятҳои ғамзада монеъ мешавед,
Аммо Яҳува пушту паноҳи ӯст.+
7 Эй кош наҷоти Исроил аз Сион биёяд!+
Вақте Яҳува халқи асирашро ҷамъ орад,
Бигзор Яъқуб шодӣ ва Исроил хурсандӣ кунад.