Айюб
37 Аз ин дили ман ба тапиш меояд
Ва аз қафаси синаам мебарояд.
2 Ба гулдурроси овозаш
Ва раъде, ки аз даҳонаш мебарояд, бодиққат гӯш кун.
3 Ӯ раъдро ба зери осмон сар медиҳад
Ва барқашро ба гӯшаву канори замин мефиристад.+
4 Баъд аз ин садои ғуррише мебарояд
Ва овози пуршукӯҳи ӯ гулдуррос мезанад.+
Ҳангоме ки ӯ гап мезанад, барқ аз задан бознамемонад.
6 Ӯ ба барф мегӯяд: “Бар замин фуруд ой”+
Ва ба борони сел мефармояд: “Бо қувваи бузург бибор”.+
7 Худо ҳар амали дасти инсонро бозмедорад,
То ҳар одами хокӣ аз корҳои Ӯ бохабар бошад.
8 Ҳайвонҳои ваҳшӣ ба ғорҳои худ медароянд
Ва дар лонаҳои худ мемонанд.
11 Ӯ абрҳоро бо намӣ бор мекунад,
Ӯ барқи худро бар абрҳо паҳн месозад.+
12 Ба куҷое ки онҳоро фиристад, чарх мезананд.
Онҳо ҳар чӣ ӯ фармояд, дар тамоми рӯйи замин ба амал меоранд.+
13 Хоҳ онҳоро барои ҷазо додан* фиристад,+ хоҳ барои сероб кардани замин,
Хоҳ барои зоҳир намудани меҳру вафо, абрҳо амри ӯро ба ҷо меоранд.+
14 Ба ин гӯш деҳ, Айюб:
Биист ва ба корҳои аҷоиби Худо бодиққат назар дӯз.+
15 Оё медонӣ, ки чӣ тавр Худо ба абрҳо амр медиҳад
Ва чӣ тавр ӯ аз абри худ барқро падид меорад?
16 Оё медонӣ, ки абрҳо чӣ тавр ҳаракат мекунанд?+
Ин аст корҳои аҷоиби Донои якто*.+
17 Оё медонӣ чӣ тавр боди ҷанубӣ заминро ором мекунад
Ва барои чӣ он либосатро гарм месозад?+
19 Бигӯ, ки ба ӯ чӣ гӯем,
Мо ҷавоб дода наметавонем, чунки дар торикӣ ҳастем.
20 Оё ба ӯ бигӯям, ки бо вай суҳбат кардан мехоҳам?
Оё гапи ягон касро ба ӯ бирасонам?+
21 Ҳарчанд офтоб дар осмон медурахшад,
Одамон нури онро дида наметавонанд,
То даме ки бод навазаду осмонро аз абрҳо тоза накунад.
22 Нурҳои заррин аз шимол меоянд,
Шукӯҳу шавкати Худо+ ҳайратангез аст.