Забур
97 Яҳува Подшоҳ шуд!+
Бигзор замин шодӣ кунад+
Ва ҷазираҳои бисёр хурсандӣ намоянд.+
4 Оташи барқи ӯ оламро равшан мекунад,
Замин инро дида ба ларза меояд.+
5 Кӯҳсорон пеши Яҳува мисли мум об мегарданд,+
Пеши Худованди тамоми замин.
6 Осмон адолати ӯро баён мекунад
Ва ҳамаи халқҳо ҷалоли ӯро мебинад.+
7 Бигзор бутпарастон шарманда шаванд,+
Ва онҳое, ки бо худоёни бекораашон мефахранд, шармсор гарданд.+
Ба ӯ саҷда кунед, эй ҳамаи худоён.+
8 Ҳукмҳои туро, эй Яҳува,
Сион шунида хурсандӣ мекунад,+
Шаҳрҳои* Яҳудо шодӣ менамоянд,+
9 Зеро ту, эй Яҳува, бар тамоми замин Худои Таоло ҳастӣ.
Ту аз ҳамаи худоён хеле болотарӣ.+
10 Эй дӯстдорони Яҳува, аз бадӣ нафрат кунед.+
11 Барои росткор нур медурахшад+
Ва барои ростдил замони хурсандӣ меояд.
12 Эй росткорон, аз корҳои Яҳува шодӣ кунед
Ва номи покашро ба забон гирифта, шукрона хонед.