ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 1 Подшоҳон 19
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 1 Подшоҳон

      • Шоул Довудро чашми дидан надорад (1–13)

      • Довуд аз Шоул мегурезад (14–24)

1 Подшоҳон 19:1

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 18:9; Пнм 27:4

1 Подшоҳон 19:2

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 18:1; Пнм 18:24

1 Подшоҳон 19:3

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 20:9, 13; Пнм 17:17

1 Подшоҳон 19:4

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 22:14

1 Подшоҳон 19:5

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «наҷоти».

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 17:49
  • +1Пш 20:32

1 Подшоҳон 19:7

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 16:21; 18:2, 13

1 Подшоҳон 19:9

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 18:10, 11
  • +1Пш 16:14

1 Подшоҳон 19:11

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 59:болонавис; 59:3

1 Подшоҳон 19:13

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «бути хонаводагиро». Ибр. «терафим».

1 Подшоҳон 19:15

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 18:9

1 Подшоҳон 19:16

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «бути хонаводагӣ». Ибр. «терафим».

1 Подшоҳон 19:17

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 18:29

1 Подшоҳон 19:18

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 7:15, 17
  • +1Пш 20:1

1 Подшоҳон 19:22

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 19:18

1 Подшоҳон 19:24

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «нимбараҳна».

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 10:11

Асосӣ

1 Подш. 19:11Пш 18:9; Пнм 27:4
1 Подш. 19:21Пш 18:1; Пнм 18:24
1 Подш. 19:31Пш 20:9, 13; Пнм 17:17
1 Подш. 19:41Пш 22:14
1 Подш. 19:51Пш 17:49
1 Подш. 19:51Пш 20:32
1 Подш. 19:71Пш 16:21; 18:2, 13
1 Подш. 19:91Пш 18:10, 11
1 Подш. 19:91Пш 16:14
1 Подш. 19:11Зб 59:болонавис; 59:3
1 Подш. 19:151Пш 18:9
1 Подш. 19:171Пш 18:29
1 Подш. 19:181Пш 7:15, 17
1 Подш. 19:181Пш 20:1
1 Подш. 19:221Пш 19:18
1 Подш. 19:241Пш 10:11
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
1 Подшоҳон 19:1–24

1 Подшоҳон

19 Чанде пас Шоул ба писараш Юнотон ва ҳамаи ходимонаш гуфт, ки мехоҳад Довудро бикушад.+ 2 Азбаски Юнотони писари Шоул Довудро хеле дӯст медошт,+ ба ӯ гуфт: «Падарам Шоул туро куштан мехоҳад. Илтимос, пагоҳ, саҳаргоҳон, эҳтиёт шав ва ба ягон ҷойи панаҳ рафта, пинҳон шав. 3 Ман берун омада, дар саҳрое, ки ту дар он ҷо хоҳӣ буд, дар бари падарам меистам ва бо ӯ дар бораи ту гап мезанам. Агар аз чизе хабардор шавам, албатта ба ту мерасонам».+

4 Юнотон бо падараш Шоул гап зада дар бораи Довуд суханони нек гуфт.+ Вай ба падараш гуфт: «Бигзор подшоҳ дар ҳаққи бандааш Довуд гуноҳе накунад, чунки ӯ бар зидди ту гуноҳе накардааст ва он чӣ кардааст, ба фоидаи ту мебошад. 5 Ӯ ҷонашро дар хатар гузошта он фалиштиро кушт+ ва Яҳува ба тамоми Исроил ғалабаи* бузурге ато кард. Ту инро дида беҳад шодӣ кардӣ. Пас, чӣ лозим аст, ки Довудро беҳуда бикушӣ ва хуни бегуноҳеро рехта гуноҳ кунӣ?»+ 6 Шоул ба суханони Юнотон гӯш дод ва қасам хӯрда гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, ӯ нахоҳад мурд». 7 Пас аз ин Юнотон Довудро фарёд карда, ҳама чиро ба ӯ гуфт. Юнотон Довудро ба назди Шоул оварду ӯ ба Шоул хизмат карданро давом дод.+

8 Баъди чанд вақт боз ҷанг сар шуд ва Довуд баромада, бо фалиштиён ҷангид ва бисёре аз онҳоро кушт, боқимондаи душман бошад, аз пеши ӯ гурехт.

9 Рӯзе, вақте ки Шоул найза дар даст дар хонаи худ менишаст ва Довуд чанг менавохт,+ рӯҳи баде аз ҷониби Яҳува Шоулро фаро гирифт.+ 10 Шоул хост, ки найза партофта Довудро ба девор бидӯзад, аммо ӯ худро як сӯ кашид ва найза ба девор бархӯрд. Довуд он шаб гурехта халос шуд. 11 Дертар Шоул ба хонаи Довуд кас фиристод, то ӯро поида, саҳарӣ бикушанд,+ аммо Микал, зани Довуд, ба ӯ гуфт: «Агар имшаб нагурезӣ, пагоҳ ҳатман кушта мешавӣ». 12 Микал дарҳол Довудро аз тиреза фаровард, то ӯ гурехта халос хӯрад. 13 Микал бутро* гирифта, ба ҷогаҳ гузошт ва тӯреро аз пашми буз ба ҷойи сараш монд ва онро бо либосе пӯшонид.

14 Шоул кас фиристод, то Довудро дастгир кунанд, аммо Микал ба онҳо гуфт: «Вай касал аст». 15 Шоул боз кас фиристод, ки Довудро бубинанд, ва ба онҳо гуфт: «Вайро бо ҷойгаҳаш ба наздам оред, то ки ӯро бикушам».+ 16 Вақте он одамон даромаданд, диданд, ки дар ҷогаҳ бут* ва ба ҷойи сараш тӯре аз пашми буз гузошта шудааст. 17 Шоул ба Микал гуфт: «Барои чӣ маро фиреб кардӣ ва душманамро+ сар додӣ, ки халос ёбад?» Микал дар ҷавоб гуфт: «Ӯ ба ман чунин гуфт: “Маро халос кун ки, туро мекушам”».

18 Довуд гурехта халос шуд ва ба назди Самуил, ба Ромо,+ омад. Ӯ ба Самуил ҳар чиро, ки Шоул дар ҳаққаш кард, нақл намуд. Сипас Довуду Самуил рафта, дар Ноют истоданд.+ 19 Пас аз чанд вақт ба Шоул хабар доданд: «Довуд дар Ноюти Ромо аст». 20 Шоул дарҳол кас фиристод, ки Довудро дастгир кунанд. Вақте одамони Шоул омада, диданд, ки пайғамбарони пиронсол пайғамбарӣ мекунанд ва Самуил истода бар онҳо роҳбарӣ мекунад, рӯҳи Худо бар фиристодагони Шоул фаромад ва онҳо низ мисли пайғамбарон рафтор карданд.

21 Вақте ки инро ба Шоул хабар доданд, ӯ зуд касони дигарро фиристод, аммо онҳо низ мисли пайғамбарон рафтор карданд. Он гоҳ Шоул дастаи сеюмро равона кард, аммо инҳо низ мисли пайғамбарон рафтор кардан гирифтанд. 22 Ниҳоят худи Шоул ба Ромо рафт. Вақте ки ӯ ба обанбори калони Сеху расид, пурсид: «Самуил ва Довуд дар куҷоянд?» Ба ӯ ҷавоб доданд: «Дар Ноюти+ Ромо». 23 Вақте Шоул аз он ҷо ба Ноюти Ромо мерафт, рӯҳи Худо бар ӯ низ фаромад ва ӯ дар роҳ, то ба Ноюти Ромо расиданаш, мисли пайғамбар рафтор кард. 24 Ӯ низ либоси худро кашид ва дар пеши Самуил мисли пайғамбар рафтор кард. Ӯ тамоми он рӯз ва тамоми шаб бараҳна* хобид, аз ин рӯ чунин мегӯянд: «Наход Шоул ҳам дар қатори пайғамбарон бошад?»+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан