Ишаъё
57 Росткор ҳалок мешавад,
Аммо касе парвое надорад.
2 Ӯ осуда мегардад.
Ҳамаи онҳое, ки бо роҳи рост мераванд, бар бистари худ* ором мегиранд.
3 «Аммо шумо, эй писарони зани ҷодугар,
Эй фарзандони марди зинокор ва фоҳиша,
Наздик оед!
4 Шумо киро масхара мекунед?
Ба кӣ даҳони худро калон кушода, забон мебароред?
Магар шумо фарзандони гуноҳ
Ва насли дурӯғ нестед?+
Магар дар водиҳо ва зери шахҳои овезон
Фарзандони худро намекушед?+
6 Сангҳои суфтаи водӣ ҳиссаи туст,+
Онҳо насибаи туянд.
Ту ба онҳо ҳадияҳои рехтанӣ меорӣ ва атоҳо пешкаш мекунӣ.+
Оё ҳамаи ин ба ман писанд меояд?
8 Дар пушти дар ва паҳлудариҳо ту ёдгории худро гузоштӣ.
Ту маро тарк кардӣ ва худро лучу бараҳна намудӣ,
Баромада, ҷогаҳи худро васеъ кардӣ
Ва бо худоёни бегона аҳд бастӣ.
9 Ту бо равған ва атриёти бисёр
Сӯйи Малик* фаромадӣ.
Сафирони худро ба ҷойҳои дурдаст фиристодӣ
Ва, чунон паст гаштӣ, ки ба гӯр фурӯ рафтӣ.
10 Ту бо роҳҳои бисёри худ равона шуда, заҳмат кашидӣ,
Аммо нагуфтӣ: “Фоидае надорад!”
Ту қувваи тару тоза ёфтӣ,
Аз ин рӯ ин коратро бас накардӣ.
11 Ту аз кӣ ба тарсу ҳарос омадӣ ки, дурӯғро пеша кардӣ?+
13 Вақте мадад ҷӯӣ,
Бутҳое, ки ҷамъ овардаӣ, туро халос намекунанд.+
Шамол ҳамаи онҳоро мебардорад
Ва нафасе онҳоро мебарад.
Аммо касе, ки дар ман паноҳ ҷӯяд, ин заминро мерос мегирад
Ва кӯҳи муқаддаси маро соҳиб мешавад.+
14 Он вақт мегӯянд: “Бисозед! Роҳ бисозед! Роҳро тайёр кунед!+
Ҳар монеаро аз роҳи халқи ман дур созед”».
«Ман дар макони баланду пок ҳастам,+
Вале ҳамзамон бо дилшикастагону рӯҳафтодагон* сокинам,
То ки рӯҳи афтода ва дили шикастаро ҷон бахшам.+
16 Ман то абад ба онҳо муқобилат намекунам
Ва як умр аз онҳо хашмгин намешавам,+
Вагарна рӯҳи инсон бемаҷол мегашт+
Ва ҷонзоди офаридаам аз ҳол мерафт.
17 Ман аз гуноҳи ӯ, аз талабгори пули ҳаром буданаш, ба хашм омадам,+
Аз ин рӯ ӯро зарба задам, рӯямро пинҳон кардам ва дарғазаб шудам,
Аммо ӯ хиёнаткорона+ бо роҳи ба ӯ писанд мерафт.
19 Ман самари лабҳоро ба вуҷуд меорам.
Ҳам касе, ки дур асту ҳам касе, ки наздик, сулҳу осоиштагии пойдор хоҳад дошт,+— мегӯяд Яҳува,—
Ва ман ӯро шифо мебахшам.
20 Аммо бадкорон мисли баҳри пурталотуманд, ки ором шуда наметавонад
Ва обҳояш обсабзу лойро берун мепартояд.
21 Бадкор осоиштагиро нахоҳад дид»,+— мегӯяд Худои ман.