5 Мӯсо
7 Вақте Худоят Яҳува туро ба замине, ки ба он медароӣ ва онро соҳиб мешавӣ, мебарад,+ ӯ халқҳои сершумор, яъне ҳиттиён, ҷирҷошиён, амӯриён,+ канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён,+ ҳафт халқеро, ки аз ту сершумор ва пурзӯртаранд,+ аз пеши ту бадар меронад.+ 2 Худоят Яҳува онҳоро ба дасти ту месупорад ва ту онҳоро шикаст медиҳӣ.+ Онҳоро ҳатман ба нестӣ супор.+ Бо онҳо аҳд набанд ва ба онҳо раҳм накун.+ 3 Бо онҳо қудо нашав. Духтарони худро ба писарони онҳо ба шавҳар надеҳ ва духтарони онҳоро барои писаронат нагир,+ 4 зеро ӯ писарони туро аз ман дур месозад ва онҳо ба худоёни дигар хизмат мекунанд.+ Он гоҳ ғазаби Яҳува бар ту аланга мезанад ва ӯ туро дарҳол несту нобуд мекунад.+
5 Бо онҳо чунин кунед: қурбонгоҳҳои онҳоро вайрон кунед, сутунҳоеро,+ ки парастиш мекунанд, шиканед,+ Ашераҳои* онҳоро бурида партоед ва бутҳои онҳоро сӯзонед.+ 6 Охир, ту барои Худоят Яҳува халқи муқаддас ҳастӣ. Худоят Яҳува туро аз миёни тамоми халқҳои рӯйи замин хуш кард, то халқи ӯ ва аз миёни халқҳо ганҷи барчидаи ӯ бошӣ.+
7 Яҳува на аз сабаби он ба шумо меҳру муҳаббат карда, шуморо хуш кардааст,+ ки аз ҳамаи халқҳо сершумортаред, зеро шумо аз ҳамаи халқҳо камшумортар будед,+ 8 балки, аз он сабаб ки Яҳува шуморо дӯст медорад ва ба қасаме, ки ба бобоёнатон дода буд, вафодор аст.+ Барои ҳамин Яҳува шуморо бо дасти пурзӯраш берун овард ва аз хонаи ғуломӣ,+ аз дасти фиръавн, подшоҳи Миср, раҳо кард*. 9 Ту нағз медонӣ, ки Худоят Яҳува Худои ҳақиқӣ ва вафодор аст. Ӯ ба аҳдаш вафо мекунад ва ба касоне, ки ӯро дӯст медоранду амрҳояшро ба ҷо меоранд, то насли ҳазорумашон меҳру вафо мекунад.+ 10 Вале бадбинонашро рӯирост ҷазо дода, несту нобуд мекунад.+ Ӯ дар ҷазо додани бадбинонаш сустӣ намекунад, онҳоро рӯирост ҷазо медиҳад. 11 Пас, амр, дастур ва ҳукмҳоеро, ки имрӯз ба ту медиҳам, нигаҳ дор ва ба ҷо овар.
12 Агар шумо ба ин ҳукмҳо пайваста гӯш диҳед ва онҳоро риоя кунеду ба ҷо оред, Худоятон Яҳува ба аҳди худ вафо менамояд ва ба ту меҳру вафо мекунад, ҳамон тавре ки ба бобоёнат қасам хӯрда, ваъда дода буд. 13 Ӯ туро дӯст дошта, баракат медиҳад ва сершумор мегардонад. Туро баракат дода, соҳиби фарзандони зиёд мегардонад.+ Ӯ ҳосили заминат, ғаллаат, шароби нават, равғанат, гӯсолаҳои пода ва барраҳои рамаатро дар замине, ки ба бобоёнат ваъда додааст,+ баракат медиҳад.+ 14 Ту дар миёни халқҳо аз ҳама бобаракат мешавӣ.+ Дар миёни ту мард ё зани бефарзанде ва дар байни чорвоят ҳайвони бебачае намешавад.+ 15 Яҳува ҳар гуна бемориҳоро аз ту дур месозад. Ӯ ба сарат ҳеҷ яке аз балоҳои даҳшатангезеро, ки дар Миср дида будӣ, намеорад,+ балки онҳоро ба сари бадбинонатон меорад. 16 Ҳама халқҳоеро, ки Худоят Яҳува ба дасти ту медиҳад, несту нобуд соз,+ дилат ба онҳо насӯзад*.+ Худоёни онҳоро парастиш накун,+ то ин бароят дом нашавад.+
17 Агар дар дили худ бигӯӣ: “Ин халқҳо аз мо сершуморанд. Чӣ тавр онҳоро бадар меронам?”,+ 18 аз онҳо натарс.+ Дар хотир дор, ки Худоят Яҳува бо фиръавн ва тамоми Миср чӣ кор карда буд.+ 19 Ӯ дар пеши чашмонат ҷазои азим ва аломату муъҷизаҳо кардааст+ ва бо дасти пурзӯру бозуи пурқувват Худоят Яҳува туро берун овардааст.+ Худоят Яҳува бо тамоми халқҳое, ки ту аз онҳо метарсӣ, чунин хоҳад кард.+ 20 Худоят Яҳува бар онҳо рӯҳафтодагиро* мефиристад,+ то даме ки зиндамондагон ва пинҳоншудагон нест нашаванд. 21 Аз онҳо тарсон набош, зеро Худоят Яҳува — Худои бузург ва пурҳашамат,+ бо туст.+
22 Худоят Яҳува ин халқҳоро аз миёни ту оҳиста-оҳиста бадар меронад.+ Ту набояд онҳоро дарҳол нест кунӣ, то ҳайвоноти саҳро бар зарари ту зиёд нашавад. 23 Худоят Яҳува онҳоро бар дасти ту месупорад ва онҳоро зеру забар мекунад, то даме ки онҳо несту нобуд шаванд.+ 24 Ӯ подшоҳони онҳоро ба дасти ту месупорад+ ва ту номи онҳоро аз зери осмон нест хоҳӣ кард.+ Ҳеҷ кас бар зидди ту истода наметавонад+ ва ту ҳамаи онҳоро несту нобуд месозӣ.+ 25 Бутҳои онҳо, худоёни онҳоро, дар оташ бисӯзон.+ Нуқра ва тиллоеро, ки бар онҳост, ҳавас накун ва онро барои худ нагир,+ то фирефта нашавӣ, зеро ин дар назари Худоят Яҳува як чизи нафратоварест.+ 26 Ба хонаат ҳеҷ чизи нафратовар набиёр, то худат ҳам мисли он чизе нашавӣ, ки бояд ба нестӣ супурда шавад. Аз он сахт нафрат кун ва бигзор он дар назарат шум бошад, зеро он чизест, ки бояд ба нестӣ супурда шавад.