Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози «Нобуд насоз». Таронаи Довуд. Миктам*. Вақте Довуд аз Шоул гурехта, дар ғор пинҳон буд.+
57 Ба ман лутф кун, эй Худо, ба ман лутф кун,
Зеро ба ту паноҳ мебарам.+
То даме ки мусибатҳо нагузаранд, дар сояи болҳоят паноҳ мебарам.+
2 Сӯйи Худои Таоло фарёд мекунам,
Сӯйи Худои Ҳақе, ки ба хотири ман душвориҳоро нест мекунад.
3 Ӯ аз осмон мадад мефиристад ва маро наҷот медиҳад.+
Ӯ онеро, ки маро газидан мехоҳад, шикаст медиҳад. (Село)
Худо меҳри пойдору вафояшро мефиристад.+
4 Маро шерон гирд кардаанд,+
Маҷбурам, ки дар байни фурӯбарони худ хоб равам.
Байни онҳое, ки дандонҳояшон найзаву тир
Ва забонашон шамшери тез аст.+
5 Худоё, шукӯҳат аз осмон баланд
Ва ҷалолат бар тамоми замин бодо!+
6 Онҳо барои поям дом тайёр кардаанд.+
Аз бори ғам қоматам хам гаштааст.+
Пеши роҳам чоҳ канданд,
Аммо худашон ба он афтиданд.+ (Село)
7 Дилам қавӣ аст, эй Худо,+
Дилам қавӣ аст.
Ман дар васфи ту суруд хонда, хоҳам навохт.
8 Эй ҷалолам, бархез,
Эй созам, ва ту низ, эй чангам.
Ман субҳро бедор хоҳам кард.+
9 Туро дар миёни халқҳо ситоиш хоҳам кард, эй Яҳува,+
Ва дар байни миллатҳо дар васфи ту хоҳам сароид*,+
10 Зеро меҳри пойдорат бузург аст, то ба осмон мерасад+
Ва вафоят то ба фалак.
11 Худоё, шукӯҳат аз осмон баланд
Ва ҷалолат бар тамоми замин бодо!+