Доварон
16 Рӯзе Шимшӯн ба Ғазза рафт ва дар он ҷо фоҳишаеро дида, ба хонааш даромад. 2 Ба сокинони Ғазза гуфтанд: «Шимшӯн омадааст». Онҳо ӯро иҳота карданд ва назди дарвозаи шаҳр камин гирифта, тамоми шаб хомӯш нишастанд. Онҳо ба худ мегуфтанд: «Ҳамин ки субҳ дамад, ӯро мекушем».
3 Аммо Шимшӯн то нисфи шаб он ҷо хобид ва баъд хеста, дарҳои дарвозаи шаҳрро бо ду сутун ва ғалақааш канд. Ӯ онҳоро пуштора карда, ба қуллаи кӯҳе, ки дар рӯ ба рӯйи Ҳебрӯн аст, баровард.
4 Чунин шуд, ки Шимшӯн Далило+ ном занеро, ки аз водии Шӯреқ буд, дӯст дошт. 5 Ҳокимони фалиштӣ назди Далило омада, гуфтанд: «Дили ӯро ёб+ ва бифаҳм, ки қуввати бузургаш дар чист ва чӣ кор кунем, ки аз ӯ зӯр бароем ва ӯро бандубаст карда, мағлуб намоем. Барои ин ҳар яки мо ба ту 1100 сиқл нуқра медиҳем».
6 Баъд аз ин Далило ба Шимшӯн гуфт: «Илтимос, ба ман бигӯ, ки қуввати бузурги ту дар чист ва бо чӣ туро баста, мағлуб кардан мумкин аст». 7 Шимшӯн ба ӯ гуфт: «Агар маро бо ҳафт зеҳи* наве, ки хушк нашудааст, бибанданд, мисли одамони дигар мешавам». 8 Ҳокимони фалиштӣ ба Далило ҳафт зеҳи наве оварданд, ки хушк нашуда буд, ва ӯ Шимшӯнро бо онҳо баст. 9 Он вақт дар хонаи дарунии Далило фалиштиён поида менишастанд ва ӯ ба Шимшӯн гуфт: «Шимшӯн, фалиштиён ба сарат омаданд!» Ӯ ҳамон замон зеҳҳоро мисли ресмони катоне, ки ба он оташ расидааст, ба осонӣ канд+ ва дар чӣ будани қуввати ӯ маълум нашуд.
10 Баъди ин Далило ба Шимшӯн гуфт: «Ту ба ман дурӯғ гуфтӣ ва маро аҳмақ кардӣ. Илтимос, ба ман бигӯ, ки туро бо чӣ бастан мумкин аст?» 11 Вай дар ҷавоб гуфт: «Агар маро бо бандҳои наве, ки ягон бор истифода нашудаанд, бибанданд, қувватам кам мешаваду ман мисли одамони дигар мегардам». 12 Он гоҳ Далило бандҳои навро гирифта, ӯро баст ва гуфт: «Шимшӯн, фалиштиён ба сарат омаданд!» (Тамоми ин вақт дар хонаи дарунӣ фалиштиён поида менишастанд.) Инро шунида Шимшӯн бандҳои дасташро мисли риштае канд.+
13 Пас аз ин Далило ба Шимшӯн гуфт: «Ту то ҳол маро фиреб медиҳӣ.+ Охир, бигӯ, ки туро бо чӣ бастан мумкин аст». Шимшӯн гуфт: «Агар ҳафт кокули маро бо ришта бибофӣ». 14 Вай кокулҳои Шимшӯнро бо шонаи дастгоҳи бофандагӣ маҳкам баст ва ба ӯ гуфт: «Шимшӯн, фалиштиён ба сарат омаданд!» Ӯ аз хоб бедор шуда, шонаро бо торҳояш канд.
15 Далило ба вай гуфт: «Чӣ тавр ту маро “дӯст медорам” мегӯиву+ дилатро ба ман намекушоӣ? Се бор аст, ки ту маро фиреб медиҳӣ ва намегӯӣ, ки аз куҷо ин қадар қувваи бузург дорӣ».+ 16 Азбаски вай ҳар рӯз хирагӣ карда ӯро маҷбур мекард, ки сиррашро гӯяд, ӯ аз ҷон безор шуд+ 17 ва охир дилашро ба вай кушода гуфт: «Теғи сартарошӣ ягон бор ба сари ман нарасидааст, чунки ман аз батни модарам назрии* Худо ҳастам.+ Агар сарамро тарошанд, қувватамро гум мекунам ва суст шуда мисли ҳамаи одамони дигар мегардам».
18 Вақте Далило дид, ки Шимшӯн дилашро ба вай кушод, дарҳол ҳокимони фалиштиро хабар карда+ гуфт: «Акнун биёед, чунки ӯ дилашро ба ман кушод». Ҳокимони фалиштӣ омаданд ва бо худ пул оварданд. 19 Далило ӯро бар зонуи худ хобонд ва касеро хонд, ки ҳафт кокули Шимшӯнро тарошид. Пас аз ин ӯ бар Шимшӯн дастболо шудан гирифт, зеро қуввати вай кам мешуд. 20 Далило гуфт: «Шимшӯн, фалиштиён ба сарат омаданд!» Ӯ аз хоб хеста, гуфт: «Мисли пештара баромада,+ худро озод мекунам». Аммо бехабар буд, ки Яҳува аз ӯ дур шудааст. 21 Фалиштиён Шимшӯнро дастгир карданд ва чашмонашро канданд. Онҳо ӯро ба Ғазза бурда, бо ду занҷири мисин бандубаст карданд ва ӯ дар зиндон ғалларо орд мекард. 22 Дар ин миён мӯйи сараш, ки тарошида шуда буд, дароз шудан гирифт.+
23 Ҳокимони фалиштӣ ҷамъ омаданд, то ба худои худ Доҷӯн+ қурбонии зиёде оранд ва ҷашн барпо кунанд, зеро мегуфтанд: «Худои мо душманамон Шимшӯнро ба дасти мо супурд!» 24 Вақте халқ худои худро диданд, онро васфу ситоиш карда гуфтанд: «Худои мо душманамонро, ки замини моро хароб кард+ ва бисёреро аз халқи мо кушт,+ ба дастамон супурд».
25 Фалиштиён ки димоғашон чоқ буд, гуфтанд: «Шимшӯнро биёред, то омада, вақти моро хуш кунад». Шимшӯнро аз зиндон оварданд, то онҳоро дилхуш гардонад ва ӯро байни ду сутун гузоштанд. 26 Шимшӯн ба писаре, ки дасти ӯро медошт, гуфт: «Дастони маро ба шоҳсутунҳои хона бирасон, то ман ба онҳо такя кунам». 27 Он вақт хона пур аз марду зан буд. Ҳамаи ҳокимони фалиштӣ дар он ҷо ҷамъ омада буданд ва 3000 марду зан аз болои бом Шимшӯнро тамошо мекарданд.
28 Шимшӯн+ сӯйи Яҳува хонда гуфт: «Яҳува, Парвардигоро, илтимос, маро ба хотир ор. Худоё, илтимос мекунам, як бори дигар ба ман қувват деҳ,+ то барои яке аз чашмонам аз ин фалиштиён қасд гирам».+
29 Шимшӯн байни ду шоҳсутуни миёнаи хона устувор истода, бо як дасташ ба як сутун ва бо дасти дигараш ба сутуни дуюм такя кард. 30 Шимшӯн гуфт: «Бигзор бо фалиштиён бимирам!» Сипас ӯ бо тамоми қувват сутунҳоро тела дод ва хона ба сари ҳокимон ва тамоми мардуме, ки дар он буд, фурӯ ғалтид.+ Ҳамин тавр шумораи онҳое, ки ҳангоми мурдани Шимшӯн кушта шуданд, аз касоне, ки ӯ дар ҳаёташ кушта буд, зиёдтар буд.+
31 Баъдтар бародарон ва аҳли хонадони падараш омаданд, то ҷасади Шимшӯнро гирифта баранд. Онҳо ӯро бардошта бурданд ва дар байни Соръо+ ва Эштоул, дар қабри падараш Монӯаҳ,+ гӯрониданд. Шимшӯн Исроилро 20 сол доварӣ кард.+