Доварон
15 Чанде пас, дар рӯзҳои гандумдарав, Шимшӯн бузғолаеро гирифта, ба дидани занаш рафт. Ӯ гуфт: «Назди зани худ, ба хонаи хоби* вай, медароям». Аммо хусураш* намонд, ки вай дарояд. 2 Ӯ гуфт: «Ман гумон кардам, ки ту вайро чашми дидан надорӣ,+ барои ҳамин ӯро ба ҷавоне, ки дар базм дӯсти ту буд, додам.+ Биё ба ҷойи ӯ хоҳарашро, ки аз вай зеботар аст, бигир». 3 Аммо Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Ин дафъа фалиштиён барои бадие, ки дар ҳаққашон мекунам, аз ман гила накунанд».
4 Шимшӯн рафта, 300-то рӯбоҳ қапид ва онҳоро ҷуфт-ҷуфт гирифта, думҳояшонро баст ва дар мобайни думҳо як машъалӣ гузошт. 5 Ӯ машъалҳоро даргиронд ва рӯбоҳонро ба ғаллазорҳои фалиштиён сар дод. Ӯ аз дарзаҳо сар карда то ғаллаи нодаравида ва ҳамчунин токзорҳову боғҳои зайтунро оташ зад.
6 Фалиштиён пурсиданд: «Ин кори кист?» Ба онҳо гуфтанд: «Кори Шимшӯн, домоди марди тимноӣ, аст, зеро ӯ зани Шимшӯнро гирифта, ба дӯсти домод дод».+ Он гоҳ фалиштиён рафта, он занро бо падараш оташ заданд.+ 7 Инро фаҳмида Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Модоме ки чунин кардед, то даме ки аз шумо қасд нагирам, ором намешавам».+ 8 Ӯ онҳоро паси ҳам зарба зад ва куштори азиме шуд, пас аз ин ӯ рафт ва дар ғоре, дар кӯҳи Эйтом, бимонд.
9 Фалиштиён омада, дар Яҳудо урду заданд. Онҳо дар Леҳӣ мардумро тороҷ мекарданд+ 10 ва мардони Яҳудо гуфтанд: «Барои чӣ бар зидди мо баромадед?» Фалиштиён ҷавоб доданд: «Мо омадем, ки Шимшӯнро дастгир кунем ва бо ӯ, чи тавре ки бо мо кард, амал кунем». 11 Инро шунида 3000 марди Яҳудо сӯйи ғоре, ки дар кӯҳи Эйтом буд, поён омада, ба Шимшӯн гуфтанд: «Магар намедонӣ, ки фалиштиён бар мо ҳукмронӣ мекунанд?+ Барои чӣ ин балоро ба сари мо овардӣ?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Чи тавре ки онҳо ба ман карданд, ман низ ба онҳо ҳамон тавр кардам». 12 Аммо онҳо ба ӯ гуфтанд: «Мо омадем, ки туро бандубаст кунем ва ба дасти фалиштиён супорем». Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Қасам хӯред, ки худатон ба ман ҳамла намекунед». 13 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Мо туро намекушем, фақат ки бандубаст карда, ба дасти онҳо месупорем».
Онҳо Шимшӯнро бо ду банди нав баста, аз кӯҳ бароварданд. 14 Вақте ки онҳо ба Леҳӣ омаданд, фалиштиён ӯро дида, аз хурсандӣ доду фарёд заданд. Он гоҳ рӯҳи Яҳува ӯро фаро гирифт+ ва бандҳо мисли риштаҳои катони нимсӯхта шуданду танобҳои дасташ афтоданд.+ 15 Шимшӯн ҷоғи хари навмурдаеро ёфт ва дасташро дароз карда, онро гирифту бо он 1000 нафарро зада кушт.+ 16 Ӯ гуфт:
«Бо ҷоғи хар як тӯда, ду тӯда фурӯ ғалтид.
Бо ҷоғи хар 1000 нафарро зада куштам!»+
17 Шимшӯн суханони худро ба охир расонда, устухони ҷоғро як сӯ партофт ва он маконро Ромот-Леҳӣ*+ номид. 18 Баъд аз ин ҳалқи Шимшӯн хушк шуд ва ӯ сӯйи Яҳува фарёд зада гуфт: «Ту ба бандаат наҷоти бузург ато кардӣ. Наход акнун аз ташнагӣ мураму ба дасти бехатнагон афтам?» 19 Он гоҳ Худо чуқуриеро, ки дар Леҳӣ буд, рахна кард ва аз он об ҷорӣ шуд.+ Шимшӯн аз он об нӯшида, ҷон гирифт ва ба худ омад. Аз ин сабаб ӯ он ҷоро Эйн-Ҳақӯре* номид, ки он то ба имрӯз дар Леҳӣ ҳаст.
20 Шимшӯн Исроилро дар замони фалиштиён 20 сол доварӣ кард.+