Забур
Суруди маросими боз кардани хона. Таронаи Довуд.
30 Туро, эй Яҳува, болобардор мекунам, зеро ту маро халос кардӣ,
Нагузоштӣ, ки душманонам аз балои ба сарам омада хурсанд шаванд.+
2 Эй Худоям Яҳува, туро зора задам ва ту маро шифо додӣ.+
3 Эй Яҳува, ҷонамро аз коми гӯр раҳо кардӣ.+
Ту маро зинда нигоҳ доштӣ ва нагузоштӣ, ки ба қабр фурӯ равам.+
4 Дар васфи Яҳува бисароед*, эй ҳама бандаҳои бовафояш,+
Номи покашро ситоиш кунед,+
5 Зеро ғазаби ӯ як лаҳза аст,+
Аммо ризояш якумрист.+
Агарчи шомгоҳон ашк бирезӣ, саҳаргоҳон боз шодӣ хоҳӣ кард.+
6 Вақте осуда будам, гуфтам:
«Ҳеҷ гоҳ фурӯ нахоҳам ғалтид».
7 Эй Яҳува, вақте ризои туро доштам, мисли кӯҳ устуворам кардӣ,+
Аммо чун рӯятро пинҳон намудӣ, ҳаросон шудам.+
8 Сӯйи ту, эй Яҳува, фарёд мезадам+
Ва аз Яҳува лутфу марҳаматашро зорӣ мекардам.
9 Аз марги ман чӣ фоида ва аз фурӯ рафтанам ба қабр чӣ суд?+
11 Мотамамро ба рақсу бозӣ табдил додӣ,
Палосамро* аз танам кашида, либоси шодӣ пӯшондӣ,
12 То дар васфат бисароям ва хомӯш набошам.
Эй Худоям Яҳува, туро то абад ситоиш хоҳам кард.