Юнус
2 Баъд Юнус аз шиками моҳӣ ба Худои худ Яҳува дуо гуфт:+
2 «Аз ғаму андуҳи худ ба Яҳува дуо гуфтам ва ӯ ба ман ҷавоб дод.+
Аз даруни* гӯр* кумак пурсидам.+
Ту, эй Худо, зории маро шунидӣ.
3 Вақте маро ба қаъри об, ба миёни баҳр, партофтӣ,
Обҳо маро иҳота карданд+
Ва мавҷҳои пуршиддати ту маро гӯр карданд.+
4 Ман гуфтам: “Аз пеши ту ронда шудаам!
Дигар кай ибодатгоҳи муқаддаси туро мебинам?”
Обсабзҳо ба сарам печиданд.
6 То бехи кӯҳҳо ғӯтидам.
Замин дарвозаҳояшро аз пасам баст ва маро то абад асири худ кард.
Аммо ту, эй Худои ман, Яҳува, ҷони маро аз чоҳ раҳондӣ.+
7 Вақте ҳаётам аз даст мерафт, Яҳуваро ба ёд овардам.+
Он гоҳ дуои ман ба даргоҳи ту, ба ибодатгоҳи муқаддаси ту, расид.+
8 Касоне, ки бутҳои бекораро мепарастанд, аз Сарчашмаи меҳру вафо* рӯ мегардонанд.
9 Аммо ман туро шукргузорӣ карда, бароят қурбонӣ меорам.
Ҳар он чӣ назр* кардаам, иҷро мекунам.+
Наҷот аз Яҳува аст».+
10 Пас аз ин Яҳува ба моҳӣ фармон дод ва он Юнусро ба хушкӣ қай кард.