Ишаъё
2 Ҳар яке мисли ниҳонгоҳе аз бод,
Мисли паноҳгоҳе аз тӯфон,
Мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои ташналаб+
Ва мисли сояи кӯҳпораи азим дар замини хушк хоҳад буд.
3 Он гоҳ чашмони биноён дигар пӯшида намешаванд
Ва гӯшҳои шунавоён диққат хоҳанд дод,
4 Дили шитобкорон дар бораи дониш андеша мекунад
Ва забоне, ки мегирад, буррову равшан гап мезанад.+
5 Беақлро дигар саховатманд наменоманд
Ва беинсофро баобрӯ намехонанд.
6 Охир, беақл сафсата мегӯяд
Ва дар дил қасди бад меандешад,+
То одамонро аз Худо дур кунад ва дар ҳаққи Яҳува дурӯғҳо бофад,
Гуруснаро бе як даҳон нон монад
Ва ташнаро бе як қулт об гузорад.
7 Беинсоф ҳилаву найрангро ба кор мебарад
Ва ба бадкорӣ*+ ташвиқ мекунад,
То, ҳатто вақте ҳақ бар ҷониби бечора аст,
Бо фиреб ҷабрдидаро нобуд созад.+
8 Вале саховатманд дар фикри саховатмандӣ аст
Ва дасташ доимо кушода аст.
9 «Эй занони худписанд, бархезед ва ба овози ман гӯш диҳед!
Эй духтарони бепарво,+ ба суханонам диққат диҳед!
10 Пас аз як солу чанд рӯз, шумо, эй бепарвоён, ба ларза меоед,
Зеро мавсими ангурчинӣ ба охир мерасаду хӯшае чида намешавад.+
11 Биларзед, эй занони худписанд!
Ба ларза оед, эй бепарвоён!
Либоси худро кашида, ба миёнатон палос* бандед.+
12 Барои киштзорҳои дилписанд ва токҳои серҳосил
Ба синаи худ зада гиряву нола кунед,
13 Зеро замини халқи ман аз хору хорбуттаҳо пур мешавад.
Хорҳо хонаҳои пур аз шодӣ
Ва шаҳри шодмониро зер мекунанд.+
Ӯфал+ ва бурҷи дидбонӣ харобазори доимӣ,
Макони шодӣ барои харони ёбоӣ
Ва чарогоҳ барои рамаҳо мешавад,+
15 То даме ки бар мо аз боло рӯҳ фурӯ рехта шавад,+
Биёбон ба боғ табдил ёбад
Ва боғ ҷангал ҳисоб ёбад.+
16 Он вақт дар биёбон адлу инсоф
Ва дар боғистон росткорӣ сокин мешавад.+
18 Халқи ман дар макони ором,
Дар манзилҳои бехатар ва ҷойҳои тинҷ, зиндагӣ хоҳад кард.+
19 Аммо ҷангал аз бориши жола ҳамвор мешавад
Ва шаҳр ба хок яксон мегардад.
20 Хушбахтед шумо, эй касоне, ки назди ҳамаи обҳо кишт мекунед
Ва буққаву хари худро сар медиҳед».+