3 Мӯсо
8 Яҳува бо Мӯсо сухан ронда гуфт: 2 «Ҳоруну писаронашро+ бо либосҳояшон,+ равғани тадҳин*,+ буққаи қурбонии гуноҳ, ду қӯчқор ва сабади нонҳои бехамиртуруш бигир+ 3 ва тамоми мардумро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ овар».
4 Мӯсо, ҳамон тавре ки Яҳува фармуд, амал кард ва мардум назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ омад. 5 Мӯсо ба мардум гуфт: «Ин аст он чӣ Яҳува ба мо фармудааст». 6 Сипас ӯ Ҳоруну писаронашро овард ва ба онҳо фармуд, ки дар об шустушӯ кунанд.+ 7 Баъд аз ин ӯ ба Ҳорун куртаи катакчадорро+ пӯшонд ва миёнбандро+ басту куртаи беостинро+ ба ӯ пӯшонд. Пас аз ин ӯ пешбандро+ гузошт ва онро бо камарбанди+ пешбанд баста, бар он мустаҳкам намуд. 8 Сипас ӯ пешовезро+ гузошт ва ба даруни пешовез уриму туммимро*+ монд. 9 Баъд ӯ салларо+ бар сари ӯ гузошт ва бар салла лавҳаи тиллои ялаққосӣ, яъне аломати муқаддасро*,+ баст, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд.
10 Сипас Мӯсо равғани тадҳинро гирифта, хаймаи ҷомеъ ва ҳар он чиро, ки дар он буд, тадҳин кард+ ва онҳоро муқаддас гардонд. 11 Баъд аз ин ӯ каме аз он гирифта, ҳафт бор бар қурбонгоҳ пошид ва қурбонгоҳу тамоми ашёи он, тоси шустушӯй ва пояи онро тадҳин намуда, онҳоро муқаддас гардонд. 12 Сипас ӯ бар сари Ҳорун каме равғани тадҳин рехта, ӯро тадҳин намуд, то муқаддас гардонад.+
13 Баъд Мӯсо писарони Ҳорунро наздик оварда, куртаҳо бар онҳо пӯшонд ва миёнашонро бо миёнбанд баст ва бар сарашон кулоҳ гузошт,+ чи тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд.
14 Сипас ӯ буққаи қурбонии гуноҳро овард ва Ҳоруну писаронаш дастони худро бар сари он гузоштанд.+ 15 Мӯсо онро сар бурид ва ангушташро ба хуни он+ тар карда, бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд молид, боқимондаашро бошад, ба бехи қурбонгоҳ рехт ва қурбонгоҳро аз гуноҳ тоза кард, то бар он қурбониҳо барои рӯпӯш кардани гуноҳҳо оварда шавад. 16 Баъд аз ин Мӯсо тамоми чарбуеро, ки бар рӯдаҳо буд, пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар буд ва ду гурдаро бо чарбуи онҳо гирифта, онҳоро бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд кард.+ 17 Аммо он чиро, ки аз буққа боқӣ монд, пӯсту гӯшт ва ахлоти онро, аз хаймагоҳ берун бароварда, дар оташ сӯзонд,+ чи тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд.
18 Баъд ӯ қӯчқори қурбонии сӯхтаниро назди Ҳорун ва писаронаш овард ва онҳо дастони худро бар сари қӯчқор гузоштанд.+ 19 Мӯсо онро сар бурида, хуни онро гирдогирди қурбонгоҳ пошид. 20 Сипас қӯчқорро пора карданду Мӯсо сари онро бо қисмҳои поракарда ва чарбуи гирду атрофи гурдаҳо сӯзонда, дуд кард. 21 Баъд аз он ки рӯдаҳо ва почаҳоро бо об шустанд, Мӯсо қӯчқорро пурра бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд кард. Ин қурбонии хушбӯй* қурбонии сӯхтанӣ буд. Он бар оташ барои Яҳува сӯзонда шуд, чи тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд.
22 Сипас ӯ қӯчқори дуюм, яъне қӯчқори маросими таъйинсозиро,+ овард ва Ҳоруну писаронаш бар сари он дастҳои худро гузоштанд.+ 23 Мӯсо онро сар бурид ва аз хуни он каме гирифта, ба нармаи гӯши рости Ҳорун ва ҳамчунин бар нарангушти дасти рост ва нарангушти пойи рости ӯ молид. 24 Сипас Мӯсо писарони Ҳорунро наздик оварда, каме аз хунро ба нармаи гӯши рости онҳо, ба нарангушти дасти рост ва нарангушти пойи рости онҳо молид. Боқимондаи хунро бошад, Мӯсо гирдогирди қурбонгоҳ пошид.+
25 Сипас ӯ чарбу, дунба, тамоми чарбуеро, ки бар рӯдаҳо аст, пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст, ду гурда ва чарбуеро, ки бар онҳост, ҳамроҳи пойи рости он гирифт.+ 26 Аз сабади нонҳои бехамиртуруш, ки дар ҳузури Яҳува буд, ӯ як ҳалқакулчаи бехамиртуруш,+ як ҳалқакулчаи бо равған омехта+ ва як нони тунукро гирифт ва онҳоро бар чарбу ва пойи рост гузошт. 27 Ӯ ҳамаи инро ба кафи дасти Ҳорун ва писаронаш гузошт ва онҳоро чун ҳадияи ҷунбониданӣ ба ҳузури Яҳува ин тарафу он тараф ҷунбонд. 28 Сипас ин чизҳоро аз дасти онҳо гирифт ва бар қурбонгоҳ, бар болои қурбонии сӯхтанӣ, сӯзонда, дуд кард. Ин қурбонии хушбӯй* қурбонии маросими таъйинсозӣ буд. Ин қурбонӣ бар оташ барои Яҳува сӯзонида шуд.
29 Баъд Мӯсо синаи онро дар даст гирифта, ин сӯву он сӯ чун ҳадияи ҷунбониданӣ ба ҳузури Яҳува ҷунбонд.+ Ин буд ҳиссаи Мӯсо аз қӯчқори маросими таъйинсозӣ, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд.+
30 Мӯсо аз равғани тадҳин+ ва аз хуне, ки бар қурбонгоҳ буд, каме гирифта, бар Ҳоруну либосаш ва бар писарони ӯву либосашон пошид. Ҳамин тавр ӯ Ҳоруну писаронаш+ ва либосҳои онҳоро поку муқаддас гардонд.+
31 Сипас Мӯсо ба Ҳорун ва писаронаш гуфт: «Назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ гӯштро биҷӯшонед+ ва нонеро, ки дар сабади таъйинсозӣ аст, бихӯред, зеро ба ман фармуда шудааст: “Ҳорун ва писаронаш аз он бихӯранд”.+ 32 Он чӣ аз гӯшт ва нон боқӣ монад, дар оташ сӯзонед.+ 33 Аз даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ба муддати ҳафт рӯз дур наравед, то даме ки рӯзҳои таъйинсозиатон ба охир расад, зеро ҳафт рӯз бояд гузарад, то шумо коҳин таъйин шавед*.+ 34 Яҳува фармуда буд, ки он чиро мо имрӯз кардем, ба амал орем, то гуноҳҳоятон рӯпӯш шавад.+ 35 Дар давоми ҳафт рӯз шумо рӯзу шаб назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ бимонед+ ва вазифаҳои худро дар пеши Яҳува ба ҷо оред,+ то намиред, зеро ба ман чунин фармуда шудааст».
36 Ҳоруну писаронаш ҳар он чиро, ки Яҳува ба воситаи Мӯсо фармуда буд, ба ҷо оварданд.