Ишаъё
46 Бил* хам мешавад,+ Набӯ сари таслим фуруд меорад.
Бутҳои онҳо бар пушти ҳайвонҳо, чорпоёни борбардор, гузошта шудаанд,+
Боре ҳастанд, ки ба ҳайвонҳои хаста вазнинӣ мекунад.
3 «Ба ман гӯш диҳед, эй хонадони Яъқуб ва эй тамоми бақияи хонадони Исроил!+
Ман шуморо аз вақти таваллуд дастгирӣ мекардам ва аз вақти зода шуданатон мебардоштам.+
4 То пирии шумо ман дигар намешавам,+
То сафед шудани мӯятон шуморо бардошта мегардам.
Чуноне ки пеш мекардам, аз ин пас ҳам шуморо мебардорам, бар худ бор мекунам ва наҷот медиҳам.+
5 Маро ба кӣ монанд мекунед, ба кӣ баробар медонед ва бо кӣ қиёс менамоед?+
Кист, ки мисли ман бошад?+
6 Онҳо аз ҳамёнашон тилло мерезанд,
Нуқраро бар тарозу бармекашанд,
Заргарро киро мекунанд ва ӯ худое месозад.+
Пас аз ин пеши он саҷда мекунанд ва онро мепарастанд.+
7 Онро ба китфашон мегузоранд,+
Бурда, ба ҷояш мемонанд ва он меистад.
Он аз ҷояш намеҷунбад.+
Онро зорӣ мекунанд, вале ҷавобе намедиҳад,
Касеро аз фалокат наҷот дода наметавонад.+
8 Инро дар хотир доред ва далер бошед.
Ба ин диққат диҳед, эй гунаҳкорон!
9 Чизҳои пешина, чизҳои қадимаро, ба хотир оред,
Ба ёд оред, ки ман Худо ҳастам ва дигаре нест.
Ман Худо ҳастам ва мисли ман касе нест.+
11 Ман аз ҷониби офтоббаро парандаи соҳибчанголеро меорам,+
Аз замини дурдаст касеро мехонам, ки ниятамро ба ҷо меорад.+
Он чиро гуфтам, ба ҷо меорам
Ва он чиро ният кардам, амалӣ месозам.+
12 Ба ман гӯш диҳед, эй касоне, ки дили якрав доред,
Эй онҳое, ки аз росткорӣ дуред!
Ман Сионро наҷот медиҳам
Ва ба Исроил шукӯҳамро мебахшам».+