Забур
Таронаи Довуд.
29 Яҳуваро васф намоед, эй паҳлавонзодагон,
Яҳуваро барои ҷалолу қувваташ васф кунед.+
2 Яҳуваро, он тавре ки шоистаи номаш бошад, ҷалол диҳед.
Бо либоси поку муқаддас* ба Яҳува саҷда кунед.
3 Овози Яҳува бар обҳо шунида мешавад.
4 Овози Яҳува пурқувват аст,+
Овози Яҳува пуршукӯҳ аст.
5 Овози Яҳува сидраҳоро мешиканад,
Яҳува сидраҳои Лубнонро пора месозад.+
7 Овози Яҳува мисли забонаҳои оташ аланга мезанад.+
9 Овози Яҳува гавазнро ба ларза меорад, ба тавре ки он бача мезояд.
Овози Худо ҷангалҳоро лесида бараҳна месозад.+
Ҳама дар ибодатгоҳи ӯ мегӯянд: «Ӯро ҷалол бод!»