Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торӣ. Таронаи Довуд.
4 Вақте сӯят фарёд кунам, ба фарёдам бирас, Худоям, эй Худои одил.+
Дар тангиҳо роҳи наҷотро бароям бикшо.
Ба ман лутф намо ва дуоямро бишнав.
2 Эй фарзандони одам, то ба кай маро беҳурмат месозед?
То ба кай чизи беҳударо дӯст дошта, аз пайи дурӯғ медавед? (Село)
3 Бидонед, ки Яҳува бандаи бовафояшро сарбаланд мегардонад*,
Вақте сӯяш бихонам, Яҳува дуоямро мешунавад.
4 Ба ғазаб биёӣ, гуноҳ накун.+
Гапатро дар дилат, бар бистарат, бигӯ
Ва хомӯш бимон. (Село)
6 Бисёр касон мегӯянд: «Кист, ки ба мо некие нишон диҳад?»
Бигзор нури рӯйи ту бар мо бидурахшад, эй Яҳува.+
7 Ҳосили фаровони ғалла ва шароби нави бисёр касро шод мегардонад,
Аммо ту дили маро аз шодии бештаре лабрез гардондаӣ.