Румиён
4 Агар ин тавр бошад, пас, бобоямон Иброҳим чиро ба даст овард? 2 Масалан, агар Иброҳим дар асоси амалҳояш росткор дониста мешуд, ӯ барои фахр кардан сабаб медошт, лекин на дар пеши Худо. 3 Дар Навиштаҳо чӣ гуфта шудааст? «Иброҳим ба Яҳува имон овард ва барои ин кораш росткор шумурда шуд».+ 4 Вақте музди коргарро медиҳанд, он туҳфа* ҳисоб намеёбад, балки ҳаққи хизмати ӯст*. 5 Вале росткор ҳамоне шумурда мешавад, ки ба корҳояш такя накарда, ба Худо, ки гуноҳкоронро росткор мешуморад, имон меорад.+ 6 Довуд низ шахсеро, ки Худо ӯро новобаста ба корҳояш росткор меҳисобад, хушбахт номида, гуфт: 7 «Хушбахтанд касоне, ки ҷиноятҳояшон бахшида ва гуноҳҳояшон рӯпӯш шудаанд, 8 хушбахт аст касе, ки Яҳува аз гуноҳаш мегузарад».+
9 Оё танҳо хатнашудагон аз чунин хушбахтӣ баҳраманд буда метавонанд ё бехатнагон низ?+ Мо мегӯем: «Иброҳим барои имонаш росткор шумурда шуд».+ 10 Кай ӯ росткор шумурда шуд? Баъд аз хатна шуданаш ё пеш аз он? Пеш аз хатна шуданаш. 11 Ба воситаи имонаш ӯ, ҳангоме ки бехатна буд, чун муҳри* росткорӣ аломате гирифт,+ ки хатна мебошад. Ҳамин тавр ӯ падари ҳамаи имондорони+ бехатна гашт ва онҳо росткор шумурда шуданд. 12 Илова бар ин, ӯ падари хатнашудагоне гашт, ки на танҳо хатна мекунанд, балки ҳамчунин ба имоне, ки падарамон Иброҳим+ пеш аз хатна шуданаш дошт, пайравӣ мекунанд.
13 Ба Иброҳим ва ба насли ӯ на аз рӯйи шариат, балки аз рӯйи росткорӣ, ки натиҷаи имон овардан аст,+ ваъда дода шуд, ки ӯ ҷаҳонро мерос мегирад.+ 14 Вале, агар мерос танҳо аз рӯйи риоя кардани шариат дода мешуд, имон нодаркор мебуд ва ваъда аҳамияташро гум мекард. 15 Дар асл, вақте кас Шариатро вайрон кунад, гирифтори ҷазо мешавад,+ лекин, агар шариат набошад, ҳеҷ кас дар вайрон кардани он айбдор намешавад.+
16 Бинобар ин ваъда ба Иброҳим барои имон доштанаш аз рӯйи лутфу марҳамат дода шуд,+ то тамоми наслаш онро соҳиб шавад+ ва ин насл на фақат онҳоеро дар бар мегирад, ки Шариатро риоя мекунанд, балки ҳамчунин онҳоеро, ки чун падари ҳамаи мо — Иброҳим, имон доранд.+ 17 (Дар ин бора навишта шудааст: «Ман туро падари халқҳои бисёре мегардонам».)+ Иброҳим имонашро дар пеши Худо нишон дод, дар пеши Худое, ки мурдаҳоро зинда мекунад ва он чиро, ки вуҷуд надорад, мавҷуд меномад*. 18 Ҳарчанд бӯйи умеде набуд, Иброҳим умед баст ва барои ҳамин имон овард, ки падари халқҳои бисёр мешавад, чуноне ки Худо гуфта буд: «Насли ту чунин мешавад».+ 19 Имони ӯ суст нашуда буд, вале ӯ ҷисми худро мурда меҳисобид, чунки қариб 100-сола буд.+ Ӯ ҳамчунин медонист, ки Соро+ низ барои фарзанддор шудан аз ҳад пир шудааст. 20 Вале, азбаски Худо ба ӯ ваъда дода буд, ӯ ба шубҳа наафтод ва имонашро гум накард, балки дар имонаш устувор гашта, Худоро ҷалол дод. 21 Ӯ боварии комил дошт, ки Худо ваъдаашро ҳатман ба ҷо меорад,+ 22 барои ҳамин ӯ «росткор шумурда шуд».+
23 Лекин суханони «росткор шумурда шуд» на танҳо дар бораи ӯ,+ 24 балки дар бораи мо низ, ки росткор шумурда хоҳем шуд, навишта шудаанд, чунки мо ба Оне, ки Ҳазратамон Исоро зинда кардааст, имон овардем.+ 25 Исо барои гуноҳҳои мо мурд+ ва барои росткор дониста шуданамон зинда шуд.+