Луқо
16 Пас аз ин ӯ ба шогирдонаш муроҷиат карда гуфт: «Як марди бой ходими назоратгаре дошт, ки ӯро дар исроф кардани молу мулки хӯҷаинаш айбдор карданд. 2 Он мард назоратгарашро ба наздаш фарёд карда, гуфт: “Ин чист, ки дар бораат мешунавам? Аз корҳои худ ҳисобот деҳ, чунки ту дигар хонаро назорат намекунӣ”. 3 Он гоҳ назоратгар дар дил гуфт: “Хӯҷаинам маро аз вазифаам гирифтанӣ аст. Акнун чӣ кор кунам? Ба каланд задан қувватам намерасад, аз гадоӣ шарм медорам. 4 Ёфтам! Коре мекунам, ки одамон баъди аз вазифа рафтанам маро дар хонаҳояшон қабул кунанд”. 5 Сипас ӯ қарздорони хӯҷаинашро як-як ҷеғ зада, аз аввалин пурсид: “Ту аз хӯҷаинам чӣ қадар қарздорӣ?” 6 Он мард ҷавоб дод: “Сад хум* равғани зайтун”. Ӯ гуфт: “Забонхататро бигиру зудтар нишаста, 50 бинавис”. 7 Сипас аз дигаре пурсид: “Ту чӣ қадар қарздорӣ?” Ӯ гуфт: “Сад халта гандум*”. Назоратгар ба вай гуфт: “Забонхататро бигиру 80 бинавис”. 8 Инро фаҳмида хӯҷаин он назоратгарро, ҳарчанд ӯ беинсоф буд, барои зиракияш таъриф кард. Бале, писарони ин замона* дар муомила бо одамони насли худ аз писарони нур+ бохирадтаранд.
9 Ман ҳам ба шумо мегӯям: бо молу мулке, ки дар ин дунё доред, барои худ дӯст пайдо кунед,+ то, вақте он тамом шавад, онҳо шуморо ба ҷойҳои зисти ҷовидонӣ қабул кунанд.+ 10 Касе дар чизи хурд боваринок бошад, дар чизи бисёр низ сазовори боварист, вале касе, ки дар чизи хурд беинсофӣ кунад, дар чизи бисёр низ беинсофӣ мекунад. 11 Бинобар ин, агар шумо дар истифодаи моли ин дунё ба боварӣ наарзед, кӣ ба шумо бо дили пур сарвати ҳақиқиро месупорад? 12 Агар шумо дар истифодаи моли дигарон ба боварӣ наарзед, кӣ ба шумо чизеро медиҳад, ки бароятон тайёр шудааст?+ 13 Ҳеҷ як хизматгор ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад, чунки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст медорад, ё ба яке часпида, дигареро хор медорад. Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи Боигарӣ бошед».+
14 Фарисиёни пулпараст инро шунида Исоро масхара карданд.+ 15 Бинобар ин ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо дар назди одамон худро росткор метарошед,+ вале Худо аз дилатон бохабар аст.+ Бидонед, ки он чӣ одамон болобардор мекунанд, дар назари Худо нафратангез аст.+
16 Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳё эълон мешуданд. Аммо аз он вақт инҷониб хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо паҳн мешавад ва ҳар гуна одамон ҷон канда сӯйи он мешитобанд.+ 17 Замину осмон нест шавад ҳам, ҳеҷ як ҳарф ё нуқтае аз Таврот иҷро нашуда намемонад.+
18 Ҳар касе, ки аз зани худ ҷудо шуда, бо дигаре оиладор шавад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад ва ҳар касе, ки бо зани ҷудошуда оиладор шавад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад.+
19 Як марди бое буд. Ӯ либосҳои қиматбаҳо* мепӯшиду кайфу сафо карда рӯз мегузаронд. 20 Ба назди дарвозаи он бой Лаъзор ном гадоеро оварда мемонданд, ки баданаш пур аз захм буду 21 сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Лаъзор орзу дошт, ки бо он чӣ аз дастархони марди сарватдор меафтад, шикамашро сер кунад. 22 Пас аз чанде он гадо мурд ва фариштагон ӯро ба паҳлуи* Иброҳим бурданд.
Марди бой низ мурд ва гӯронида шуд. 23 Вақте ӯ дар гӯр* азоб мекашид, чашмонашро боло карда, аз дур Иброҳимро дид ва Лаъзор низ дар паҳлуяш буд. 24 Он гоҳ марди бой фарёд зада гуфт: “Эй падарам Иброҳим, ба ман раҳм кун ва Лаъзорро бифирист, то нӯги ангушташро тар карда, ба забонам об чаконад, зеро ман дар ин оташи сӯзон азоб мекашам”. 25 Аммо Иброҳим ба ӯ гуфт: “Писарам, ба хотир ор, ки зиндагии ту бо кайфу сафо гузаштааст, зиндагии Лаъзор бошад, ба талхӣ. Акнун ӯ дар ин ҷо осоиш меёбаду ту азоб мекашӣ. 26 Ғайр аз ин, дар миёни мову шумо ҷарии чуқуре аст ва касе аз ин ҷо назди шумо гузаштанӣ шавад ҳам, ин корро карда наметавонад, аз он ҷо низ касе назди мо гузашта наметавонад”. 27 Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Эй падар, ин тавр бошад, аз ту илтимос мекунам, ки Лаъзорро ба хонаи падарам бифирист, 28 зеро ман панҷ бародар дорам. Бигзор вай бародаронамро хабардор кунад, то онҳо низ ба ин ҷойи азоб наафтанд”. 29 Вале Иброҳим гуфт: “Онҳо китобҳои Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбаронро доранд, бигзор ба он суханон гӯш диҳанд”.+ 30 Марди бой гуфт: “Эй падарам Иброҳим, онҳо он суханонро гӯш намекунанд, вале, агар касе аз мурдагон ба наздашон равад, тавба мекунанд”. 31 Он гоҳ Иброҳим гуфт: “Модоме ки онҳо ба суханони Мӯсову Навиштаҳои пайғамбарон гӯш намедиҳанд,+ касе аз мурдагон зинда шавад ҳам, бовар намекунанд”».