Нолаҳо
א [Алиф]
3 Ман марде ҳастам, ки аз чӯби ғазабаш азоб кашидаам.
2 Ӯ маро ронда, дар торикӣ қадамгузор кардааст, на дар рӯшноӣ.+
3 Ӯ тамоми рӯз такрору батакрор бар ман даст мебардорад.+
ב [Бет]
4 Гӯшту пӯстамро лах-лах карда,
Устухонҳоямро шикастааст.
5 Маро муҳосира намудааст, бо заҳри талху бало гирд кардааст.+
6 Маро мисли касе, ки кайҳо боз мурдааст, дар зулмот сокин гардондааст.
ג [Гимел]
7 Гирдогирдам девор сохтааст, то гурехта натавонам.
Маро бо завлонаҳои вазнини мисин бандубаст кардааст.+
8 Вақте доду фиғон карда кумак пурсам, дуоямро рад мекунад.+
9 Пеши роҳамро бо сангҳои тарошида гирифтааст,
Пайраҳаҳоямро каҷ кардааст.+
ד [Далет]
10 Мисли хирс барои ман камин мегирад ва мисли шер пинҳон мешавад.+
11 Маро аз роҳ берун бурда, пора-пора кардааст,
Маро хору зор намудааст.+
12 Камонашро зеҳ карда, маро ба нишон гирифтааст.
ה [Ҳе]
13 Гурдаҳоямро бо тирҳои тирдонаш сӯрох кардааст.
14 Хандахариши тамоми халқҳо шудаам,
Дар сурудҳояшон маро рӯзи дароз масхара мекунанд.
15 Маро аз талхиҳо пур ва аз тахач сер кардааст.+
ו [Вов]
16 Дандонҳоямро бо сангреза шикастааст,
Маро дар хокистар поймол намудааст.+
17 Ту маро аз осоиштагӣ маҳрум намудаӣ,
Некрӯзиро фаромӯш кардаам.
18 Ба худ мегӯям: «Ҷалолам ва умедам аз Яҳува барбод рафтааст».
ז [Зайин]
20 Ту ҳатман инро ба ёд оварда, бар ман хам мешавӣ.+
21 Инро ба хотир меораму туро пурсаброна интизор мешавам.+
ח [Хет]
23 Ӯ ҳар саҳар бар мо раҳматашро меборонад.+
Вафои ту фаровон аст.+
24 «Яҳува насибаи ман аст,+— мегӯям ман,— аз ин рӯ ӯро пурсаброна интизор мешавам».+
ט [Тет]
25 Яҳува ба касе, ки ба ӯ умед мебандад+ ва ӯро ҷустуҷӯ мекунад,+ некуст.
26 Наҷоти Яҳуваро+ оромона интизор шудан некуст.+
27 Барои инсон юғро* дар ҷавонии худ бардоштан некуст.+
י [Йод]
28 Бигзор танҳо нишаста, хомӯш бимонад, вақте Худо он юғро бар гардани ӯ гузорад.+
29 Бигзор ӯ даҳонашро бар хок гузорад,+ шояд ки, ҳанӯз умеде бошад.+
30 Бигзор рухсораашро ба касе, ки ӯро мезанад, гардонад,
Бигзор аз таҳқир сер шавад.
כ [Каф]
31 Яҳува моро ба таври доимӣ намепартояд.+
32 Ӯ ғамгин ҳам кунад, аз рӯйи меҳру вафои фаровонаш раҳм мекунад,+
33 Зеро ҷазо додан ва ғамгин кардани одамизод ба ӯ шодӣ намебахшад.+
ל [Ламед]
34 Бандиёни заминро поймол кардан,+
35 Дар ҳузури Худои Таоло одамро ноҳақ доварӣ кардан,+
36 Дар муҳокимаи даъво касро фиреб додан
— Яҳува ин чизҳоро чашми дидан надорад.
מ [Мим]
37 Пас, агар Яҳува нафармояд, кӣ метавонад сухан гӯяду онро ба амал орад?
38 Аз даҳони Худои Таоло ҳам некӣ ва ҳам бадӣ намебарояд.
39 Чаро одами зинда аз оқибати гуноҳаш гила кунад?+
נ [Нун]
40 Биёед роҳҳоямонро як ба як бубинему тафтиш кунем+ ва сӯйи Яҳува баргардем.+
41 Биёед дасту диламонро сӯйи Худоямон, ки дар осмон аст, боло бардорему бигӯем:+
42 «Мо гуноҳ кардаему саркашӣ намудаем+ ва ту моро набахшидӣ.+
ס [Самех]
44 Ту роҳро сӯйи худ бо абр пӯшондӣ, то дуои мо пешат наояд.+
45 Ту моро дар миёни халқҳо ба партову ахлот табдил додӣ».
פ [Пе]
46 Ҳама душманон барои таҳқири мо даҳон мекушоянд.+
47 Даҳшату домҳо ва харобиву шикаст насиби мо шудааст.+
48 Аз шикасти духтарам — халқам, аз дидагонам дарёи ашк мерезад.+
ע [Айин]
51 Азоби тамоми духтарони шаҳрамро дида ба ғаму андуҳ гирифтор шудаам.+
צ [Тсаде]
52 Душманонам маро бесабаб мисли парандае шикор мекунанд.
53 Ҳаётамро дар чоҳ нобуд сохта, бар ман санг меандозанд.
54 Об аз сарам гузашту гуфтам: «Корам тамом шуд!»
ק [Коф]
55 Аз даруни чоҳи чуқур номи туро хондам, эй Яҳува!+
56 Овозамро бишнав, фарёду илтиҷои маро ношунида нагир.
57 Дар рӯзе ки туро хондам, наздик шуда гуфтӣ: «Натарс!»
ר [Реш]
58 Ту ба додам расидӣ, эй Яҳува, ва ҷонамро халос кардӣ*.+
59 Ту дидӣ, ки дар ҳаққи ман ноинсофӣ карданд, эй Яҳува, ба додам бирас!+
60 Интиқоми онҳо, тамоми ҳилаҳояшонро дидӣ.
ש [Син] ё [Шин]
61 Ту, эй Яҳува, ҳама таънаҳои онҳо ва ҳилаҳояшонро бар зидди ман шунидӣ.+
62 Ту шунидӣ, ки душманонам рӯзи дароз бар зидди ман чӣ мегӯянд ва чӣ пичиррос мезананд.
63 Ба онҳо бингар — хоҳ нишаста бошанд, хоҳ истода, маро дар сурудҳояшон масхара мекунанд.
ת [Тав]
64 Ту, эй Яҳува, сазояшонро мувофиқи корҳояшон медиҳӣ.
65 Ту онҳоро ба лаънат гирифтор карда беҳаё мегардонӣ.
66 Ту, эй Яҳува, ба ғазаб омада, онҳоро сур мекунӣ ва аз зери осмони худ нобуд месозӣ.