Ҳизқиёл
36 «Эй фарзанди одам, дар бораи кӯҳҳои Исроил пешгӯйӣ карда бигӯ: “Паёми Яҳуваро бишнавед, эй кӯҳҳои Исроил! 2 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Душманатон дар бораи шумо гуфт: “Хуб шуд! Баландиҳои қадимӣ ҳам аз они мо шуданд!”+
3 Аз ин рӯ пешгӯйӣ карда бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Онҳо шуморо хароб карда, аз ҳар тараф ҳамла намуданд, то ки аз они халқҳои дигар шавед ва вирди забони мардуму таънаи онҳо бошед.+ 4 Бинобар ин паёми Парвардигор Яҳуваро бишнавед, эй кӯҳҳои Исроил! Парвардигор Яҳува ба кӯҳу теппаҳо, ба рӯду водиҳо, ба вайронаҳои бекас+ ва шаҳрҳои беодаме, ки тороҷ гаштаанду хандахариши бақияи халқҳои атрофашон шудаанд,+ чунин мегӯяд, 5 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Бо оташи рашки худ+ зидди бақияи халқҳо ва зидди тамоми Адӯм сухан хоҳам гуфт, зидди онҳое, ки бо шодии бузург ва нафрати сахт+ замини маро мулки худ донистанд, то чарогоҳҳояшро соҳиб шаванд ва онро тороҷ кунанд”.+
6 Дар бораи замини Исроил пешгӯйӣ карда, ба кӯҳу теппаҳо ва ба рӯду водиҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бо рашку хашм сухан хоҳам гуфт, зеро халқҳо шуморо шарманда карданд”.+
7 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман дастамро боло карда қасам мехӯрам, ки халқҳои гирду атроф бори шармандагии худро мебардоранд.+ 8 Шумо бошед, эй кӯҳҳои Исроил, навда зада, барои халқам Исроил мева меоред,+ зеро он ба зудӣ бармегардад. 9 Ман бо шумоям, эй кӯҳҳои Исроил. Ман сӯятон назар мекунам ва шумо киштукор карда мешавед. 10 Ман мардуми шуморо, тамоми хонадони Исроилро, сершумор мекунам. Шаҳрҳо пур аз одам+ ва вайронаҳо обод мегарданд.+ 11 Ман мардуму чорвои шуморо зиёд мекунам+ ва онҳо сершумору пурсамар мешаванд. Ман коре мекунам, ки шумо мисли пештара серодам шавед+ ва беш аз пеш нашъунамо ёбед.+ Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+ 12 Ман чунин мекунам, ки мардум, халқам Исроил, бар шумо қадам занад ва шуморо соҳиб гардад.+ Шумо мероси онҳо мешавед ва дигар ҳеҷ гоҳ онҳоро бефарзанд намегузоред”.+
13 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски онҳо ба ту мегӯянд: “Ту замини одамхӯр ҳастӣ ва халқҳоятро бефарзанд мекунӣ”, 14 ту дигар одамхӯр намешавӣ ва халқҳоятро бефарзанд намесозӣ,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 15 Ман дигар намегузорам, ки халқҳо туро таънаю маломат кунанд+ ва ту халқҳоятро дигар хароб намесозӣ”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
16 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 17 «Эй фарзанди одам, вақте хонадони Исроил дар замини худ мезист, онро бо кору рафтораш нопок мекард.+ Рафтори онҳо бароям мисли нопокии хунравии занон буд.+ 18 Онҳо дар ин замин хун рехтанд ва онро бо бутҳои ҳаромашон* нопок карданд,+ барои ҳамин ман бар онҳо хашмамро фурӯ рехтам,+ 19 барои ҳамин онҳоро дар миёни халқҳо пароканда ва дар кишварҳо титу парешон кардам.+ Ман онҳоро мувофиқи кору рафторашон доварӣ намудам. 20 Аммо, вақте онҳо ба назди халқҳои дигар омаданд, одамон номи поки маро беҳурмат сохта,+ гуфтанд: “Ин аст халқи Яҳува, ки аз замини ӯ ронда шудааст”. 21 Бинобар ин ман ба хотири номи поки худ амал мекунам, ки хонадони Исроил онро дар миёни халқҳое, ки наздашон рафтааст, беҳурмат сохтааст”.+
22 Аз ин рӯ ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “На ба хотири шумо, эй хонадони Исроил, балки ба хотири номи поки худ амал мекунам, ки шумо онро дар миёни халқҳое, ки наздашон рафтаед, беҳурмат сохтед.+ 23 Ман номи бузурги худро, ки дар миёни халқҳо беҳурмат гаштааст, номеро, ки шумо дар миёни онҳо беҳурмат кардаед, ҳатман пок месозам.+ Вақте ки дар пеши назари онҳо дар байни шумо поку муқаддас гардам, халқҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 24 Ман шуморо аз миёни халқҳо гирифта ва аз ҳамаи кишварҳо ҷамъ карда, ба заминатон меорам.+ 25 Ман бар шумо оби пок мепошам ва шумо пок мешавед.+ Ман шуморо аз ҳамаи нопокиятон ва аз ҳамаи бутҳои ҳароматон+ пок месозам.+ 26 Ман ба шумо дили наве медиҳам+ ва андарунатон рӯҳи наве мегузорам.+ Дили сангинатонро+ аз баданатон дур карда, ба шумо дили гӯштин* медиҳам. 27 Ман рӯҳи худро андаруни шумо мегузорам ва шумо мувофиқи дастурҳои ман рафтор мекунеду+ ҳукмҳои маро риоя намуда ба ҷо меоред. 28 Пас аз ин шумо дар замине, ки ба бобоёнатон дода будам, зист хоҳед кард. Он гоҳ шумо халқи ман мешаведу ман Худои шумо.+
29 Ман шуморо аз ҳамаи нопокиятон раҳо мекунам ва ба ғалла мефармоям, ки ҳосили фаровон диҳад. Шуморо ба гушнагӣ гирифтор намекунам,+ 30 балки меваи дарахтону ҳосили киштзорро фаровон месозам ва шумо дигар аз гушнагӣ азоб кашида, таънаи халқҳои дигарро намешунавед.+ 31 Баъд аз ин шумо роҳу рафтори бади худро ба хотир меоред ва аз худатон нафрат мекунед, зеро гуноҳ мекардед ва ба корҳои нафратовар даст мезадед.+ 32 Аммо бидонед: ман инро ба хотири шумо намекунам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Аз корҳои худ шарм дореду хиҷолат кашед, эй хонадони Исроил”.
33 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дар рӯзе ки шуморо аз ҳамаи гуноҳҳоятон пок кунам, шаҳрҳоро аз одам пур месозам+ ва вайронаҳоро обод мекунам.+ 34 Замине, ки пеши назари ҳар раҳгузар харобу бекас буд, кор карда мешавад. 35 Он гоҳ одамон мегӯянд: “Замини хароба мисли боғи Адан+ шудааст ва шаҳрҳое, ки бекас ва вайрону валангор буданд, одамнишин ва ҳисордор шудаанд”.+ 36 Он вақт халқҳое, ки дар гирди шумо боқӣ мондаанд, мефаҳманд, ки ман, Яҳува, вайронаҳоро бино ва ноободиҳоро сабзу хуррам мекунам. Ман, Яҳува, инро гуфтам ва ба амал меорам”.+
37 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман мегузорам, ки хонадони Исроил аз ман хоҳиш кунанд, ки халқи онҳоро мисли рама сершумор гардонам. 38 Он вақт шаҳрҳои вайрона аз рамаи одамон пур мешаванд.+ Мардум мисли ҷамъи покон, мисли рамаи Ерусалим* ҳангоми идҳояш,+ ба шаҳрҳо хоҳад омад. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».