Юшаъ
21 Сарварони хонаводаҳои Левӣ назди Элъозори+ коҳин, Юшаи писари Нун ва сарварони хонаводаҳои қабилаҳои Исроил омаданд 2 ва бо онҳо дар Шилӯ,+ дар замини Канъон, гап заданд. Онҳо гуфтанд: «Яҳува ба воситаи Мӯсо фармуд, ки шаҳрҳо барои зистамон ва чарогоҳҳои онҳо барои чорвоямон дода шаванд».+ 3 Аз ин рӯ исроилиён бо амри Яҳува аз замини меросии худ+ ба левизодагон шаҳрҳо ва чарогоҳҳои онҳоро доданд.+
4 Қуръа ба хонадони қаҳотиён+ афтод ва ба левизодагоне, ки аз насли Ҳоруни коҳин буданд, аз қабилаи Яҳудо,+ аз қабилаи Шимъӯн+ ва аз қабилаи Бинёмин аз рӯйи қуръа 13 шаҳр расид.+
5 Ба бақияи қаҳотиён аз қабилаи Эфроим,+ аз хонаводаҳои қабилаи Дон ва аз нисфи қабилаи Менашше аз рӯйи қуръа даҳ шаҳр расид.+
6 Ба ҷершӯниён+ аз қабилаи Иссокор, аз қабилаи Ошер, аз қабилаи Нафтолӣ ва аз нисфи қабилаи Менашше, ки дар Бошон аст, аз рӯйи қуръа 13 шаҳр расид.+
7 Ба марориён+ мувофиқи хонаводаҳояшон аз қабилаҳои Реубен, Ҷод ва Забулун 12 шаҳр расид.+
8 Исроилиён ба левизодагон ин шаҳрҳоро бо чарогоҳҳояшон аз рӯйи қуръа доданд, ҳамон тавре ки Яҳува ба воситаи Мӯсо фармуда буд.+
9 Аз қабилаи Яҳудо ва аз қабилаи Шимъӯн онҳо шаҳрҳоеро, ки ин ҷо номбар шудаанд, доданд.+ 10 Ин шаҳрҳо ба писарони Ҳорун, ки левизодагони хонадони қаҳотиён буданд, дода шуданд, зеро қуръаи аввалин ба номи онҳо афтода буд. 11 Ба онҳо дар кӯҳистони Яҳудо Қирят-Арбаъ+ (Арбаъ падари Аноқ буд), яъне Ҳебрӯнро,+ бо чарогоҳҳои гирду атрофаш доданд. 12 Лекин саҳрои гирди шаҳрро бо маҳалҳои тобеяш ба Колеби писари Ефунне мерос доданд.+
13 Ба писарони Ҳоруни коҳин Ҳебрӯнро,+ ки шаҳри гурезгоҳ барои одамкуш аст,+ бо чарогоҳҳояш доданд, ҳамчунин Либноро+ бо чарогоҳҳояш, 14 Яттирро+ бо чарогоҳҳояш, Эштемӯаро+ бо чарогоҳҳояш, 15 Ҳулӯнро+ бо чарогоҳҳояш, Дабирро+ бо чарогоҳҳояш, 16 Ойинро+ бо чарогоҳҳояш, Ютторо+ бо чарогоҳҳояш ва Байт-Шемешро бо чарогоҳҳояш — нуҳ шаҳрро аз ин ду қабила.
17 Аз қабилаи Бинёмин бошад, Ҷибъӯнро+ бо чарогоҳҳояш, Ҷабъаро бо чарогоҳҳояш,+ 18 Анотӯтро+ бо чарогоҳҳояш ва Алмӯнро бо чарогоҳҳояш — чор шаҳрро доданд.
19 Ҳамагӣ ба насли Ҳорун, ба коҳинон, 13 шаҳр бо чарогоҳҳояш дода шуд.+
20 Ба боқимондаи хонаводаҳои қаҳотиён дар миёни левизодагон аз рӯйи қуръа шаҳрҳо аз қабилаи Эфроим расиданд. 21 Ба онҳо шаҳри гурезгоҳ барои одамкуш+ — Шакем+ бо чарогоҳҳояш дар кӯҳистони Эфроим, Ҷозар+ бо чарогоҳҳояш, 22 Қибсаим бо чарогоҳҳояш ва Байт-Ҳорӯн+ бо чарогоҳҳояш дода шуд — ҳамагӣ чор шаҳр.
23 Аз қабилаи Дон: Элтақе бо чарогоҳҳояш, Ҷибтӯн бо чарогоҳҳояш, 24 Аёлӯн+ бо чарогоҳҳояш ва Ҷат-Риммӯн бо чарогоҳҳояш — чор шаҳр.
25 Аз нисфи қабилаи Менашше: Таънок+ бо чарогоҳҳояш ва Ҷат-Риммӯн бо чарогоҳҳояш — ду шаҳр.
26 Ҳамагӣ ба боқимондаи хонаводаи қаҳотиён даҳ шаҳр бо чарогоҳҳояш дода шуд.
27 Ба ҷершӯниён,+ ки аз хонаводаҳои левизодагон буданд, аз нисфи қабилаи Менашше шаҳри гурезгоҳ барои одамкуш — Ҷӯлон,+ ки дар Бошон аст, бо чарогоҳҳояш ва Баиштаро бо чарогоҳҳояш дода шуд — ду шаҳр.
28 Аз қабилаи Иссокор:+ Қишюн бо чарогоҳҳояш, Добрат+ бо чарогоҳҳояш, 29 Ярмут бо чарогоҳҳояш ва Эйн-Ҷанним бо чарогоҳҳояш — чор шаҳр.
30 Аз қабилаи Ошер:+ Мишъол бо чарогоҳҳояш, Абдӯн бо чарогоҳҳояш, 31 Ҳелқат+ бо чарогоҳҳояш ва Раҳӯб+ бо чарогоҳҳояш — чор шаҳр.
32 Аз қабилаи Нафтолӣ: шаҳри гурезгоҳ+ барои одамкуш — Қедеш+ бо чарогоҳҳояш дар Ҷалил, Ҳаммӯт-Дӯр бо чарогоҳҳояш ва Қартон бо чарогоҳҳояш — се шаҳр.
33 Ҳамагӣ ба ҷершӯниён мувофиқи хонаводаҳояшон 13 шаҳр бо чарогоҳҳояш дода шуд.
34 Ба левизодагони боқимонда, яъне хонаводаҳои марориён,+ аз қабилаи Забулун+ Ёқенъом+ бо чарогоҳҳояш, Қарто бо чарогоҳҳояш, 35 Димно бо чарогоҳҳояш ва Наҳалол+ бо чарогоҳҳояш дода шуд — чор шаҳр.
36 Аз қабилаи Реубен: Босар+ бо чарогоҳҳояш, Ёҳас бо чарогоҳҳояш,+ 37 Қадимӯт бо чарогоҳҳояш ва Мифоат бо чарогоҳҳояш — чор шаҳр.
38 Аз қабилаи Ҷод:+ шаҳри гурезгоҳ барои одамкуш — Ромӯт бо чарогоҳҳояш дар Ҷилъод,+ Маҳаноим+ бо чарогоҳҳояш, 39 Ҳешбӯн+ бо чарогоҳҳояш ва Яъзир+ бо чарогоҳҳояш — ҳамагӣ чор шаҳр.
40 Ҳамагӣ ба левизодагони боқимонда, яъне марориён, мувофиқи хонаводаҳояшон аз рӯйи қуръа 12 шаҳр дода шуд.
41 Ҳамагӣ ба левизодагон дар замини исроилиён 48 шаҳр бо чарогоҳҳояшон дода шуд.+ 42 Дар гирди ҳамаи ин шаҳрҳо чарогоҳҳо буданд, ҳар як шаҳр чарогоҳҳо дошт.
43 Яҳува ба исроилиён тамоми заминеро, ки ба бобоёнашон ваъда дода буд, дод+ ва онҳо он заминро соҳиб гардида, дар он сокин шуданд.+ 44 Ғайр аз ин, Яҳува, чуноне ки ба бобоёнашон ваъда дода буд, ба онҳо аз ҳама тараф оромӣ бахшид+ ва ҳеҷ яке аз душманонашон бар зидди онҳо истодагарӣ карда наметавонистанд.+ Яҳува ҳама душманонашонро ба дасти онҳо супурд.+ 45 Ҳеҷ як сухан аз ҳама ваъдаҳои Яҳува, ки ба хонадони Исроил дода буд, барбод нарафт — ҳамаашон як ба як иҷро шуданд.+