4 Мӯсо
14 Он гоҳ мардуми Исроил овози худро баланд намуда, тамоми он шаб+ гиряву фиғон карданд. 2 Ҳама исроилиён аз Мӯсову Ҳорун шикоят мекарданду мегуфтанд:+ «Кошки дар замини Миср мемурдем ё дар ҳамин биёбон ҷон медодем! 3 Оё Яҳува моро барои он ба ин замин овард, ки аз дами шамшер бимирем+ ва душманон занону кӯдаконамонро соҳиб шаванд?+ Магар беҳтар нест, ки ба замини Миср баргардем?»+ 4 Онҳо ҳатто ба якдигар мегуфтанд: «Биёед барои худ сардор таъйин карда, ба замини Миср баргардем».+
5 Он гоҳ Мӯсову Ҳорун назди тамоми ҷамоати исроилиён рӯ ба замин афтоданд. 6 Юшаи+ писари Нун ва Колеб+ писари Ефунне, ки бо дигарон барои ҷосусӣ кардани он замин рафта буданд, либосҳои худро чок зада, 7 ба тамоми мардуми Исроил гуфтанд: «Замине, ки мо онро бо мақсади ҷосусӣ кардан тай намудем, замини хеле ва хеле хуб аст.+ 8 Агар Яҳува аз мо розӣ бошад, ӯ ҳатман моро ба он замин меорад, ба замине, ки дар он ширу асал ҷорист,+ ва онро ба мо медиҳад. 9 Фақат ки ба Яҳува зид набароед ва аз мардуми он замин натарсед,+ зеро онҳо бароямон луқмаи осонанд. Яҳува бо мост ва пуштибонашон аз онҳо дур шудааст.+ Аз онҳо натарсед».
10 Тамоми мардум бошад, мегуфт, ки онҳоро сангсор кунанд,+ вале ҷалоли Яҳува бар хаймаи ҷомеъ ба тамоми халқи Исроил намудор шуд.+
11 Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: «То ба кай ин мардум ба ман беҳурматӣ мекунанд+ ва то ба кай бо вуҷуди ҳамаи аломатҳое, ки дар миёни онҳо нишон додам, ба ман имон намеоранд?+ 12 Онҳоро бо вабо зарба мезанам ва несту нобуд месозам ва ба ҷойи онҳо аз ту халқи бузургтаре ва пурзӯртаре ба вуҷуд меорам».+
13 Аммо Мӯсо ба Яҳува гуфт: «Он гоҳ мисриён, ки ту бо қувваи худ ин халқро аз байнашон берун овардӣ, инро мешунаванд+ 14 ва ба мардуми ин замин дар ин бора мегӯянд. Мардуми ин замин низ шунидаанд, ки ту, эй Яҳува, дар байни ин халқ ҳастӣ+ ва ба онҳо рӯ ба рӯ намудор шудаӣ.+ Абри ту, эй Яҳува, бар онҳо қарор дорад. Ту рӯзона дар сутуни абр ва шабона дар сутуни оташ пешопеши онҳо меравӣ.+ 15 Агар ту ин халқро якбора бикушӣ, халқҳое, ки дар бораи шуҳрати ту шунидаанд, чунин мегӯянд: 16 “Яҳува натавонист ин халқро ба замине, ки қасам хӯрда ба онҳо ваъда дод, биёрад, аз ин рӯ онҳоро дар биёбон кушт”.+ 17 Акнун, эй Яҳува, илтимос, бигзор бузургии қувватат аён гардад, чунон ки ту гуфтаӣ: 18 “Яҳува пурсабр ва пур аз меҳру вафо+ аст ва хатову айбро мебахшад, аммо ҳаргиз гунаҳкорро бе ҷазо намемонад, балки барои гуноҳи падарон писаронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад”.+ 19 Пас, илтимос, гуноҳи ин халқро аз рӯйи бузургии меҳру вафоят бубахш, чуноне ки онҳоро аз вақти аз Миср баромаданашон то ин дам мебахшидӣ».+
20 Он гоҳ Яҳува гуфт: «Ман онҳоро аз рӯйи гуфти ту мебахшам.+ 21 Ба ҳаётам қасам ки, тамоми замин аз ҷалоли Яҳува пур мешавад.+ 22 Лекин ҳеҷ яке аз онҳое, ки ҷалоли ман ва аломатҳоеро,+ ки дар Миср ва дар биёбон ба амал овардам, диданду даҳ бор маро озмуданд+ ва ба овозам гӯш надоданд,+ 23 заминеро, ки ман ба падаронашон қасам хӯрда ваъда додам, нахоҳанд дид. Ягон нафаре, ки нисбати ман беҳурматӣ мекунад, онро нахоҳад дид.+ 24 Аммо бандаи худ Колебро,+ ки рӯҳияи дигар дошту маро бо тамоми дил пайравӣ мекард, ҳатман ба замине, ки ӯ рафта буд, меорам ва насли ӯ онро соҳиб мешавад.+ 25 Азбаски дар водӣ амолеқиён ва канъониён+ зиндагӣ мекунанд, шумо бояд фардо баргардед ва бо роҳи баҳри Сурх ба биёбон равона шавед».+
26 Пас аз ин Яҳува ба Мӯсову Ҳорун гуфт: 27 «То ба кай ин мардуми бадкирдор аз ман шикваю шикоят мекунад?+ Ман шунидам, ки исроилиён аз ман шикоят карда чӣ мегӯянд.+ 28 Ба онҳо бигӯ: “Ба ҳаётам қасам ки,— мегӯяд Яҳува,— ман бо шумо мувофиқи суханонатон, ки ба гӯшам расидааст, амал мекунам!+ 29 Ҷасадҳои шумо дар ин биёбон мемонанд, ҳамаи онҳое, ки саршуморӣ шудаанд, аз 20-сола ва калонтар, ҳамаи онҳое, ки аз ман шикоят кардаанд, дар ин биёбон мемиранд.+ 30 Ҳеҷ кадоми шумо, ғайр аз Колеб, писари Ефунне, ва Юшаъ, писари Нун,+ ба замине, ки ман қасам хӯрдам, ки шуморо дар он сокин мекунам,+ намедароед.
31 Ман фарзандони шуморо, ки, аз рӯйи гуфти шумо, душманонатон онҳоро соҳиб мешаванд, ба он замин медарорам+ ва онҳо дар замине, ки шумо онро нахостед,+ зиндагӣ мекунанд, 32 аммо ҷасадҳои шумо дар ин биёбон мемонанд. 33 Писаронатон чӯпон шуда 40 сол дар биёбон зиндагӣ мекунанд+ ва ҷазои хиёнати* шуморо мекашанд, то даме ки ҷасади охирин нафари шумо дар биёбон бимонад.+ 34 Мувофиқи рӯзҳое, ки шумо он заминро ҷосусӣ кардед, яъне 40 рӯз,+ сол дар ивази рӯз, сол дар ивази рӯз, 40 сол+ шумо ҷазои гуноҳҳои худро мекашед ва он вақт мефаҳмед, ки душманӣ бо ман чӣ оқибат дорад.
35 Ман, Яҳува, инро гуфтам. Ман бо тамоми ин мардуми бадкирдор, бо ҳамаи онҳое, ки ба ман зид баромаданд, чунин мекунам: дар биёбон кори онҳо тамом мешавад ва дар биёбон онҳо мемиранд.+ 36 Касоне, ки Мӯсо онҳоро барои ҷосусӣ кардани замин фиристод, яъне онҳое, ки дар бораи он замин хабари бад оварданду тамоми мардумро ба муқобили ӯ ба шӯр оварданд,+ 37 ҳамон касоне, ки дар бораи он замин хабари бад оварданд, ҷазо мегиранд ва дар ҳузури Яҳува мемиранд.+ 38 Аммо Юшаи писари Нун ва Колеб писари Ефунне, ки бо онҳо барои ҷосусӣ кардани замин рафта буданд, зинда мемонанд”».+
39 Вақте Мӯсо ин суханонро ба исроилиён гуфт, халқ мотами азиме гирифт. 40 Онҳо саҳари барвақт бархостанд ва ба қуллаи кӯҳ баромаданӣ шуда гуфтанд: «Мо тайёрем ба ҷое ки Яҳува дар борааш гуфт, бароем, зеро гуноҳ кардаем».+ 41 Аммо Мӯсо гуфт: «Чаро амри Яҳуваро поймол мекунед? Ин коратон барор намегирад. 42 Ба он ҷо набароед, зеро Яҳува бо шумо нест ва душманонатон бар шумо дастболо мешаванд.+ 43 Охир, амолеқиён ва канъониён бо шумо меҷанганд+ ва шуморо бо шамшер мекушанд. Азбаски пайравӣ намудани Яҳуваро бас кардед, Яҳува бо шумо нахоҳад буд».+
44 Аммо онҳо худсарона ба қуллаи кӯҳ баромадан гирифтанд,+ сандуқи аҳди Яҳува ва Мӯсо бошад, аз миёни хаймагоҳ наҷунбиданд.+ 45 Он вақт амолеқиён ва канъониён, ки дар он кӯҳ зиндагӣ мекарданд, фаромаданд ва онҳоро зарба зада, то ба худи Ҳормо+ пароканда сохтанд.