Забур
Ба сардори ромишгарон барои наҳилӯт*. Таронаи Довуд.
5 Ба суханонам гӯш деҳ, эй Яҳува,+
Ва оҳи маро бишнав.
2 Ба доди ман бирас,
Эй Подшоҳ ва Худои ман, зеро ба ту дуо мегӯям.
3 Эй Яҳува, саҳарӣ овозамро мешунавӣ,+
Бомдодон диламро ба ту холӣ мекунам+
Ва ҷавобатро интизор мешавам.
5 Ҳеҷ ҳавобаланд пеши назарат нахоҳад истод,
Ту аз ҳамаи бадкирдорон нафрат дорӣ.+
6 Ту дурӯғгӯёнро нест мекунӣ.+
Яҳува хунрезон ва фиребгаронро чашми дидан надорад.+
7 Аммо ман аз сабаби меҳру вафои бузургат+ ба хонаи ту хоҳам омад.+
Бо тарси ту дар дил сӯйи муқаддасгоҳат сари таъзим фуруд меорам.+
8 Эй Яҳува, ба роҳи ростат маро роҳнамоӣ кун,
Зеро душманонам маро иҳота кардаанд.
Роҳатро бароям ҳамвор намо.+
9 Дар даҳонашон ростӣ нест.
10 Худо онҳоро гунаҳкор хоҳад шумурд.
Ба ҳилаҳои худ гирифтор шуда, фурӯ хоҳанд ғалтид.+
Бигзор барои ҷиноятҳои бисёрашон пароканда шаванд,
Зеро бар зидди ту баромадаанд.
11 Аммо паноҳбарони ту хурсанд шуда,+
Ҳамеша нидои шодӣ мебароранд.
Ту онҳоро пуштибонӣ хоҳӣ намуд,
Дӯстдорони номат хушҳолӣ хоҳанд кард.
12 Ту, эй Яҳува, росткоронро баракат медиҳӣ,
Ризогии ту барои онҳо мисли сипари бузург аст.+