Забур
Таронаи писарони Қӯраҳ.+ Ба сардори ромишгарон. Бар сози маҳалат*, барои хониши бонавбат. Маскили* Ҳеймони+ эзроҳӣ.
2 Бигзор дуоям ба даргоҳат бирасад,+
Гӯшатро сӯйи фиғони ман хам намо,+
3 Зеро аз бадбахтиҳо ҷонам сер шудааст+
Ва поям ба лаби гӯр расидааст.+
5 Дар миёни мурдагон партофта шудаам,
Мисли куштае, ки дар қабр хоб аст,
Касе, ки дигар ёдаш намекунӣ
Ва аз ғамхории ту маҳрум гаштааст.
6 Маро ба ғори бетаг андохтаӣ,
Дар ҷойҳои торик, дар чоҳи бузургу бепоёне.
7 Хашми ту бар ман гаронӣ мекунад+
Ва зарбаи мавҷҳоят маро пахш кардааст. (Село)
8 Наздиконамро аз ман дур кардаӣ,+
Маро дар назари онҳо нафратангез намудаӣ.
Ба дом афтодаам ва бароям роҳи гурезе нест.
9 Чашмам аз бори мусибатҳо камнур гаштааст.+
Сӯйи ту, эй Яҳува, рӯзи дароз мехонам,+
Сӯйи ту дасти дуо мебардорам.
10 Оё ту барои мурдагон муъҷизаҳо ба амал меорӣ?
Оё мурдагони беҷон метавонанд бархеста, туро ҳамду сано гӯянд?+ (Село)
11 Оё меҳри пойдорат дар қабр эълон карда мешавад?
Оё аз вафоят дар ҷойи нобудӣ касе ҳикоят мекунад?
12 Магар корҳои аҷоибат дар торикии зулмот маълум мешавад?
Магар росткорият дар кишвари фаромӯшӣ аён мегардад?+
14 Чаро, эй Яҳува, маро рад мекунӣ?+
Чаро аз ман рӯ мегардонӣ?+
15 Аз ҷавонӣ ғамзада ва ба марг наздик будам.+
Аз даҳшатҳое, ки ту мегузорӣ бар сарам биёянд,
Ҷонам ба лаб омадааст.
16 Оташи ғазабат маро фаро гирифтааст,+
Даҳшатҳоят маро нобуд месозанд,
17 Маро мисли обҳо рӯзи дароз гирд мекунанд,
Аз ҳар тараф* маро пахш менамоянд.
18 Ёру дӯстонамро аз ман дур кардаӣ,+
Торикӣ ҳамнишини ман аст.