Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав Шарҳи мухтасари Панднома ПАНДНОМА ШАРҲИ МУХТАСАР 1 Фоидаи пандҳо (1–7) Зарари ёрони бад (8–19) Ҳикмат нидо мекунад (20–33) 2 Арзиши хирад (1–22) Хирадро чун ганҷҳои ниҳон биҷӯ (4) Ақл нигаҳбонӣ мекунад (11) Оқибати талхи бадахлоқӣ (16–19) 3 Бохирад бош ва ба Яҳува таваккал намо (1–12) Яҳуваро бо чизҳои пурқиматат иззат намо (9) Хирад хушбахтӣ меорад (13–18) Хирад аз хатар паноҳ медорад (19–26) Муомилаи нек (27–35) Аз некӣ кардан даст накаш (27) 4 Насиҳати падар (1–27) Пеш аз ҳама хирад ба даст ор (7) Аз бадкорон дурӣ ҷӯй (14, 15) Роҳи росткорон равшантар мешавад (18) «Дили худро ҳимоя намо» (23) 5 Аз зани бадахлоқ эҳтиёт шав (1–14) Бо зани худ шод бош (15–23) 6 Огоҳӣ аз кафил шудан (1–5) «Эй танбал, назди мӯрча бирав» (6–11) Шахси нобакору бадкор (12–15) Ҳафт чизе, ки Яҳува бад мебинад (16–19) Огоҳӣ аз зани бадкор (20–35) 7 Амрҳои Худоро нигаҳ дор ва зинда бимон (1–5) Содадил ба дом меафтад (6–27) «Гове, ки ба куштан мебарандаш» (22) 8 Хирад сухан мегӯяд (1–36) Ман аз амалҳои Худо аввалин будам (22) Ман назди Худо устои ҳунарманд будам (30) Ман ба одамизод меҳри бисёр доштам (31) 9 Ҳикмат даъват мекунад (1–12) Бо ман умри дароз мебинӣ (11) Зани аблаҳ даъват мекунад (13–18) «Оби дуздӣ ширин аст» (17) ПАНДҲОИ СУЛАЙМОН (10:1–24:34) 10 Писари боақл — шодии падар (1) Дасти меҳнаткаш сарватманд мекунад (4) Гап ки бисёр шуд, гуноҳ ёр мешавад (19) Баракати Яҳува бой мекунад (22) Тарс аз Яҳува умрро дароз мекунад (27) 11 Хирад бо ҳадшиносон аст (2) Худобехабар касро ба шикаст мерасонад (9) «Бо маслиҳатгарони зиёд кор буд мешавад» (14) Саховатманд обод мегардад (25) Касе ба сарват таваккал кунад, шикаст мехӯрад (28) 12 Касе танбеҳро бад бинад, беандеша аст (1) «Сухани беандеша мисли зарби шамшер аст» (18) Дили сулҳҷӯён пур аз шодист (20) Яҳува забони дурӯғгӯро чашми дидан надорад (22) Ғусса дили одамро хаста мекунад (25) 13 Хирад бо маслиҳатшунавон аст (10) Умедвории дурудароз дилро бемор мекунад (12) Фиристодаи боваринок дармони дард аст (17) Бо хирадмандон гардӣ, хирадманд мешавӣ (20) Тарбияву ҷазо аз меҳру муҳаббат аст (24) 14 Дил аз ғуссаи худ огоҳ аст (10) Роҳе ҳаст, ки дуруст метобад, вале оқибаташ марг аст (12) Сода ба ҳар гап бовар мекунад (15) Пулдор дӯсти бисёр дорад (20) Дили беғам сиҳатии тан аст (30) 15 Ҷавоби нарм хашмро паст мекунад (1) Чашмони Яҳува дар ҳама ҷост (3) Дуои росткор ба Худо хуш меояд (8) Бе маслиҳат нақшаҳо вайрон мегардад (22) Росткор санҷида сухан мегӯяд (28) 16 Яҳува ниятҳоро месанҷад (2) Нақшаҳои худро ба дасти Яҳува супор (3) Тарозуи дуруст аз они Яҳува аст (11) Оқибати ғурур фалокат аст (18) Мӯйи сафед тоҷи зебоист (31) 17 Дар ивази некӣ бадӣ накун (13) Пеш аз сар задани ҷанҷол бирав (14) Дӯст ҳама вақт дӯст медорад (17) «Дили шод давои дард аст» (22) Доно суханашро бозмедорад (27) 18 Одамгурез аз пайи хоҳишҳои худ аст (1) Номи Яҳува қалъаи мустаҳкам аст (10) Боигарӣ фақат дар назар паноҳгоҳ аст (11) Ҳар ду тарафро шунидан аз рӯйи хирад аст (17) Дӯст аз бародар сахттар мечаспад (24) 19 Мулоҳизакорӣ хашмро паст мекунад (11) Зани ҷангара мисли бомест, ки мечакад (13) Зани боандеша аз ҷониби Яҳува аст (14) То умед ҳаст, кӯдакро танбеҳ деҳ (18) Ба маслиҳат гӯш додан бохирадист (20) 20 Аз шароб кас хандахариш мешавад (1) Танбал зимистон шудгор намекунад (4) Андешаҳои одам оби чоҳ аст (5) Сабукфикрона назр кардан хатост (25) Зебоии ҷавонон қуввати онҳост (29) 21 Дили подшоҳ дар дасти Яҳува аст (1) Боинсофӣ аз қурбонӣ хуштар аст (3) Корҳои меҳнаткаш барор меёбанд (5) Касе, ки бечораро нашунавад, фарёдрасе намеёбад (13) Ҳеҷ хирад наметавонад ба Яҳува муқобил барояд (30) 22 Номи нек беҳ аз дороии бузург (1) Таълими кӯдак як умр фоида меорад (6) Танбал мегӯяд: «Шер дар кӯча аст!» (13) Чӯби адаб беақлиро дур мекунад (15) Одами моҳир пеши подшоҳон меистад (29) 23 «Баднафс бошӣ, дар гулӯят корд мон» (2) Аз пайи боигарӣ нашав (4) Боигарӣ метавонад парида равад (5) Дар миёни бадмастон набош (20) Шароб мисли мор мегазад (32) 24 Ба бадон ҳасад набар (1) Хона бо хирад бино мешавад (3) Росткор афтад ҳам, мехезад (16) Қасд нагир (29) Хоб камбағалӣ меорад (33, 34) ПАНДҲОИ СУЛАЙМОН, КИ ОДАМОНИ ШОҲ ҲИЗҚИЁ ҶАМЪ ОВАРДАНД (25:1–29:27) 25 Сирро фош накун (9) Сухани баҷо мисли себҳои тиллоист (11) Ба хонаи ёрат тез-тез нарав (17) Ба душманат некӣ кун (21, 22) Хабари хуш мисли оби хунук аст (25) 26 Инсони танбал (13–16) Ба ҷанҷоли дигарон ҳамроҳ нашав (17) Аз шӯхиҳои ноҷо даргурез бош (18, 19) Ҳезум набошад, оташ хомӯш мегардад (20, 21) Суханони туҳматгар чун луқмаҳои лазиз аст (22) 27 Сарзаниши дӯст фоидабахш аст (5, 6) Эй писарам, дили маро шод гардон (11) Оҳан оҳанро тез мекунад (17) Аз аҳволи рамаат хабардор бош (23) Боигарӣ абадӣ нест (24) 28 Дуои саркаш нафратовар аст (9) Касе ба гуноҳаш иқрор шавад, сазовори раҳм аст (13) Ҳар кӣ барои бой шудан шитоб кунад, бегуноҳ намемонад (20) Ислоҳ беҳ аз хушомадгӯӣ (23) Саховатманд муҳтоҷӣ намекашад (27) 29 Кӯдаки бесаришта шарманда мекунад (15) Рӯъё набошад, мардум худсарӣ мекунанд (18) Зудхашм ҷанҷол мехезонад (22) Хоксор сарбаланд мегардад (23) Одамтарсӣ дом аст (25) 30 СУХАНОНИ ОГУР (1–33) Ба ман на қашшоқӣ бидеҳу на боигарӣ (8) Чизҳое, ки ҳеҷ гоҳ сер намешаванд (15, 16) Чизҳое, ки кас ба он сарфаҳм намеравад (18, 19) Зани зинокор (20) Ҷонвароне, ки хиради табиӣ доранд (24) 31 СУХАНОНИ ШОҲ ЛЕМУИЛ (1–31) Кист, ки зани некукорро биёбад? (10) Зани боғайрату меҳнаткаш (17) Меҳрубонӣ бар забони ӯст (26) Фарзандону шавҳараш ӯро таъриф мекунанд (28) Ҳусну ҷамол фиребанда аст (30)