Оё аз умед ягон фоида ҳаст?
ДЕНИЭЛИ ДАҲСОЛА тӯли як сол бо бемории саратон мубориза мебурд. Духтурон ва наздиконаш умед надоштанд, ки ӯ сиҳат мешавад. Вале худи Дениэл ноумед намешуд. Ӯ боварӣ дошт, ки рӯзе калон шуда, давои бемории худро меёбад. Ӯ пеш аз ҳама бо умед мутахассисеро интизор буд, ки омада ӯро табобат мекунад. Аммо аз сабаби бад будани обу ҳаво духтур ба хабаргирии Дениэл омада наметавонад. Аз ҳамон рӯз сар карда Дениэл ноумед мешаваду аввалин бор дилаш аз ҳама чиз мемонад. Баъди якчанд рӯз ӯ вафот мекунад.
Ин воқеаро мутахассисе нақл мекунад, ки мавзӯи таъсири умедро ба саломатии инсон таҳқиқ кардааст. Шояд шумо низ воқеаҳои ба ин монандро шунидаед. Масалан, марди пиронсоле дар дами марг асту орзуи дидани наздиконашро дорад ё ягон рӯзи махсусро интизор аст. Баъди ба умеду орзуяш расидан, мефаҳмед, ки ӯ аз олам гузаштааст. Чаро ин тавр шуд? Оё умед, чи хеле бисёриҳо бовар доранд, қувваи ҳаётбахш дорад?
Дар натиҷаи таҳқиқоти зиёде маълум шудааст, ки некбинӣ, умед ва дигар эҳсосоти мусбат ба ҳаёт ва саломатии инсон таъсир мерасонанд. Вале на ҳама бо ин ақида розӣ ҳастанд. Баъзе мутахассисон мегӯянд, ки чунин ақида бо илм рост намеояд ва афсона асту халос. Онҳо боварӣ доранд, ки эҳсосоти инсон ба саломатиаш ягон таъсир намерасонад, одам танҳо ҷисман зарар дида метавонад.
Бояд гуфт, ки чунин ақида аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Ҳазорҳо сол пеш, вақте аз файласуфи юнонӣ Арасту хоҳиш карданд, ки калимаи «умед»-ро шарҳ диҳад, ӯ қайд кард: «Умед ин хоб дар бедорист». Дар замони мо бошад, сиёсатмадори амрикоӣ Бенҷамин Франклин писханд зада гуфтааст: «Касе бо умед зиндагӣ кунад, аз гуруснагӣ мемирад».
Пас, умед чист? Оё ин танҳо хаёли хом аст? Оё далеле ҳаст, ки умед барои саломатӣ ва хушбахтии инсон муҳим мебошад?