ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 19
  • Яъқуб соҳиби оилаи калон мешавад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Яъқуб соҳиби оилаи калон мешавад
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Яъқуб ба Ҳоррон меравад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Шарҳи мухтасари 1 Мӯсо
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 19
Jacob and his sons

ҲИКОЯИ 19

Яъқуб соҳиби оилаи калон мешавад

БА ИН оилаи калон нигар. Инҳо 12 писари Яъқуб ҳастанд. Ӯ якчанд духтар низ дошт. Номи онҳоро медонӣ? Биё, бо баъзе аз онҳо шинос шавем.

Леё Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудоро таваллуд кард. Роҳел дид, ки фарзанддор намешавад, хеле ғамгин шуд ва канизи худ Билҳоро ба Яъқуб дод. Билҳо ду писар ба дунё овард: Дон ва Нафтолиро. Леё ҳам канизи худ Зилфоро ба Яъқуб дод ва Зилфо Ҷод ва Ошерро таваллуд кард. Саранҷом Леё ду писари дигар: Иссокор ва Забулунро зоид.

Билохир Роҳел ҳам тавонист, ки фарзанд таваллуд кунад. Ӯро Юсуф номид. Баъдтар мо дар бораи Юсуф зиёдтар хоҳем омӯхт, зеро ки вай шахси бисёр бонуфузе хоҳад шуд. Инак, инҳо буданд 11 писаре, ки дар вақти зиндагии якҷояи Яъқуб бо Лобон — падари Роҳел, таваллуд шуданд.

Ҳамчунин Яъқуб якчанд духтар ҳам дошт, лекин дар Китоби Муқаддас танҳо номи яке аз онҳо ёдовар мешавад: Дино.

Замоне расид, ки Яъқуб қарори бозгашт ба Канъонро кард. Ӯ оилаи калони худ, рамаҳои бузурги гӯсфандон ва чорвои дигарашро гирифта, ба сафари дур роҳакӣ шуд.

Аз бозгашти Яъқуб ба Канъон дере нагузашта, Роҳел писари дигаре зоид. Дар ин вақт онҳо дар роҳ буданд. Роҳел хеле азоб кашид ва билохир дар вақти зоидан мурд. Кӯдак бошад, зинда монд. Яъқуб вайро Бинёмин номид.

Хуб мешуд, ки номҳои 12 писари Яъқубро ба хотир гирем, чунки аз онҳо тамоми халқи Исроил пайдо шуд. Дарвоқеъ, 12 сибти Исроил номи 10 писари Яъқуб ва ду писари Юсуфро гирифтаанд. Исҳоқ пас аз таваллуд шудани ин писарҳо солҳои зиёди дигаре зиндагӣ кард ва шояд аз соҳиби набераҳои бисёр шуданаш хурсанд буд. Хуб, биё бубинем, ки бо набераи ӯ — Дино чӣ ҳодиса рӯй дод.

Ҳастӣ 29:32–35; 30:1–26; 35:16–19; 37:35.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан