ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 32
  • 10 бало

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 10 бало
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Мусову Ҳорун ба назди фиръавн меоянд
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Шарҳи мухтасари 2 Мӯсо
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • Убур кардан аз Баҳри Сурх
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 32
The Nile River is turned into blood, the first plague

ҲИКОЯИ 32

10 бало

БА ИН тасвирҳо нигар. Ҳар кадоми онҳо яке аз балоҳоеро, ки Яҳува бар Миср овард, нишон медиҳанд. Дар расми якум ту метавонӣ Ҳорунро бубинӣ, ки ба дарёи Нил бо асояш мезанад ва оби дарё ба хун табдил меёбад. Моҳиҳо мемуранд ва дарё бадбӯй мешавад.

Pharaoh waves his hands to get the frogs off his bed during the second plague

Баъд аз ин Яҳува коре кард, ки қурбоққаҳо аз дарёи Нил берун омаданд. Ба куҷое ки нанигарӣ, онҳо буданд; дар танӯрҳо, дар зарфҳои пухту паз, дар ҷогаҳи одамон,— дар ҳама ҷо! Вақте ки қурбоққаҳо мурданд, мисриён тӯдаҳои бузурги онҳоро ҷамъ карданд ва замин аз онҳо бадбӯй шуд.

Сипас Ҳорун бо асояш ба замин зад ва ғубори замин ба пашшаҳои хокӣ мубаддал шуд. Онҳо ҳашароти болдори хурде ҳастанд, ки неши дардовар мезананд. Ин пашшаҳо сеюмин бало бар Миср буданд.

A woman is bitten by gnats during the third plague

Балоҳои боқимонда фақат бар сари мисриён омаданд, исроилиён бошанд, аз осеби онҳо эмин монданд. Балои чорум магасҳои калоне буданд, ки тӯда–тӯда бар хонаҳои мисриён ҳуҷум мекарданд. Балои панҷум бар ҳайвонот фиристода шуд. Бисёре аз галаҳои гову гӯсфанд ва бузҳои мисриён мурданд.

Пас аз ин, Мусо ва Ҳорун мушти хокистарро бар ҳаво пошиданд. Ғубори он дар пӯсти одамон ва ҳайвонот захмҳо ба вуҷуд овард. Ин балои шашум буд.

Egyptians try to escape flies during the fourth plague
Animals of the Egyptians die during the fifth plague

Баъд Мусо дасти худро ба сӯи осмон бардошт ва Яҳува раъду барқ ва жола фиристод. Ин бадтарин жолае буд, ки дар Миср рӯй додааст.

Балои ҳаштум тӯдаи малахҳо буд. Ҳеҷ гоҳ, на то он вақт ва на баъд аз он, малахҳо ин қадар зиёд набуданд. Онҳо ҳар чиро ки аз жола нобуд нашуда буд, хӯрданд.

Балои нӯҳум торикӣ буд. Торикии ғализе заминро фаро гирифт, лекин макони зисти исроилиён равшан буд.

Билохир, Худо ба қавмаш фармуд, ки ба паҳлӯдарӣ ва болодарии хонаҳояшон хуни барра ё бузичаро бимоланд. Баъд аз ин, фариштаи Худо тамоми Мисрро убур намуд. Дар ҳар хонае, ки вай дар паҳлӯдарияш нишонаи хун медид, касеро аз он хонадон намекушт. Вале дар ҳама хонаҳое, ки дар паҳлӯдарияшон нишонаи хун набуд, фаришта нахустзодаҳои одамон ва ҳайвонотро мекушт. Ин буд балои 10–ум.

Баъд аз ин балои охирин, фиръавн исроилиёнро ҷавоб дод. Халқи Худо ҳамагӣ барои рафтан тайёр буд ва худи ҳамон шаб онҳо ба берун аз Миср равона шуданд.

Хуруҷ бобҳои аз 7 то 12.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан