ЗАМИМА
Парастиши парчам, овоздиҳӣ ва хизмати ғайриҳарбӣ
Парастиши парчам. Шоҳидони Яҳува чунин меҳисобанд, ки дар назди парчам саҷда кардан ё онро парастиш намудан, ки ин одатан бо суруди миллӣ гузаронда мешавад — расму русуми диниест, ки наҷотро на аз Худо, балки аз давлат ё сарварони он интизор мешаванд (Ишаъё 43:11; 1 Қӯринтиён 10:14; 1 Юҳанно 5:21). Яке аз ин сарварон подшоҳи Бобили қадим, Набукаднесар буд. Ин ҳокими пурқудрат, то ки бо бузургӣ ва диндориаш одамонро ба ҳайрат гузорад, ҳайкали бузургеро сохт ва фармон дод, ки ҳангоми садо додани мусиқӣ, ки онро ба суруди миллӣ монанд кардан мумкин аст, ба ҳайкал саҷда кунанд. Аммо се ҷавони ибрӣ Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ҳатто таҳти хатари ҳукми қатл саҷда карданро рад намуданд (Дониёл, боби 3).
Таърихшинос Карлтон Хейс навишт, ки дар асри мо «парчам — рамзи асосии имон ва ашёи асосии ибодати миллатпарастӣ мебошад. Вақте ки парчамро аз назди мардон мегузаронанд, онҳо сарашонро луч мекунанд; дар васфи парчам шоирон қасида менависанд, кӯдакон бошанд, суруди миллӣ мехонанд». Ӯ боз илова намуд, ки миллатпарастӣ «рӯзҳои муқаддас», ё идҳои худро дорад, масалан 4 июл (Рӯзи истиқлолият) дар Иёлоти Муттаҳида, ҳамчунин «муқаддасон ва қаҳрамонон», «маъбадҳо», ё чизҳои муқаддаси худро доранд. Дар Бразилия ҳангоми маросими оммавӣ як мансабдори бонуфузи ҳарбӣ эътироф намуд: «Дар назди парчам саҷда мекунанд... Чуноне ки Ватанро парастиш мекунанд, парчам низ ҳамин тавр ибодат менамоянд». Бале, чӣ тавре ки дар «Энсиклопедияи амрикоӣ» гуфта мешавад, «парчам мисли салиб муқаддас дониста мешавад».
Ба наздикӣ дар энсиклопедияи мазкур гуфта шуд, ки «сурудҳои миллӣ изҳори ҳисси ватандӯстӣ мебошанд ва онҳо бисёр вақт илтиҷо барои роҳнамоии Худо ва ҳимояи халқу роҳбарони онро дар бар мегиранд». Барои ҳамин, хизматгорони Яҳуваро бемулоҳиза гуфтан мумкин нест, аз сабаби он ки онҳо маросимҳои ватандӯстона, аз он ҷумла парастиши парчам ва суруди миллиро динӣ меҳисобанд. Вақте ки дар китоби «Рӯҳияи Амрико» муҳокима карда шуд, ки дар мактабҳои ИМА фарзандони Шоҳидони Яҳува парастиши парчам ё савганди абадӣ ёд карданро рад намуданд, дар он чунин қайд карда шуд: «Суди олӣ дар як қатор қарорҳои худ оқибат тасдиқ намуд, ки расму русумҳои ҳаррӯза дар ҳақиқат динӣ мебошанд» (The American Character).
Гарчанд Шоҳидони Яҳува дар маросимҳое, ки мувофиқи Китоби Муқаддас нестанд, иштирок намекунанд, онҳо ҳуқуқи иштирок кардани дигаронро ҳурмат мекунанд. Онҳо инчунин парчамҳои давлатиро чун рамз эҳтиром мекунанд ва ҳокимиятҳои қонуниро чун «ҳокимиятҳои боло», ки чун «хизматгори Худо» хизмат мекунанд, эътироф менамоянд (Румиён 13:1–4). Барои ҳамин, Шоҳидони Яҳува ба даъвати дуо гуфтан «барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон» гӯш медиҳанд. Мо чунин амал менамоем, «то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем» (1 Тимотиюс 2:2).
Овоздиҳӣ дар интихоботи сиёсӣ. Масеҳиёни ҳақиқӣ ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардани дигаронро эҳтиром мекунанд. Онҳо бар зидди интихобот намебароянд ва ба ҳукуматдорони интихобшуда итоат мекунанд. Вале онҳо дар корҳои сиёсии халқҳо бетарафии қатъиро нигоҳ медоранд (Матто 22:21; 1 Петрус 3:16). Вале агар масеҳӣ дар мамлакате зиндагӣ кунад, ки овоздиҳӣ ҳатмӣ аст, ё ҷомеа муқобили онҳое мебошад, ки ба маҳалли овоздиҳӣ намеоянд, он вақт чӣ бояд кард? Ба водии Дуро рафтани Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро дар хотир дошта, масеҳие ки бо чунин вазъият рӯ ба рӯ мешавад, агар виҷдонаш иҷозат диҳад, метавонад ба хоначаи овоздиҳӣ дарояд. Вале ӯ бояд эҳтиёт бошад, то ки мавқеи бетарафиашро вайрон насозад. Ба ӯ лозим аст, ки шаш принсипҳои зеринро ба инобат гирад:
Пайравони Исо «аз ҷаҳон» нестанд (Юҳанно 15:19).
Масеҳиён намояндаи Масеҳ ва Салтанати ӯ мебошанд (Юҳанно 18:36; 2 Қӯринтиён 5:20).
Ҷамъомади масеҳӣ дар имон муттаҳид аст ва аъзоёни он бо банди муҳаббате, ки Масеҳ дошт, пайванд мебошанд (1 Қӯринтиён 1:10; Қӯлассиён 3:14).
Шахсоне ки ягон касро ба ин ё он вазифа интихоб мекунанд, барои амалҳои ӯ ҷавобгар мешаванд. (Ба принсипҳое, ки дар 1 Подшоҳон 8:5, 10–18 ва 1 Тимотиюс 5:22 оварда шудаанд, диққат диҳед).
Вақте ки исроилиён хоҳиш карданд, ки подшоҳи инсонӣ дошта бошанд, ин ба Яҳува аломати он гардид, ки онҳо Ӯро рад карданд (1 Подшоҳон 8:7).
Вақте масеҳиён, бо одамони гуногун, ки нуқтаи назари сиёсӣ доранд, дар бораи Салтанати Худо сӯҳбат мекунанд, онҳо бояд озодии сухан дошта бошанд (Матто 24:14; 28:19, 20; Ибриён 10:35).
Хизмати ғайриҳарбӣ. Дар баъзе мамлакатҳо шахсоне, ки хизмати ҳарбиро рад менамоянд, давлат талаб мекунад, ки онҳо дар мӯҳлати муайян хизмати ғайриҳарбиро ба ҷо оранд. Вақте ки бо масъалаҳои ғайриҳарбӣ дучор мешавем, мо бояд дар ин бора дуо гӯем, инчунин, эҳтимол, бо масеҳии баркамол маслиҳат намоем, сипас мувофиқи виҷдони таълимёфтаи худ қарор қабул кунем (Масалҳо 2:1–5; Филиппиён 4:5).
Каломи Худо хизматгорони Худоро даъват мекунад, ки «ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд» ва «барои ҳар амали нек тайёр бошанд,... сокит» ё бомулоҳиза бошанд (Титус 3:1, 2). Инро дар хотир дошта, метавонем аз худ пурсем: «Агар ман ба хизмати ғайриҳарбӣ розӣ шавам, оё мавқеи бетарафиро вайрон намекунам, ё ба дини дурӯғин ҳамроҳ намешавам?» (Мико 4:3, 5; 2 Қӯринтиён 6:16, 17). «Агар ман ин корро иҷро кунам, оё иҷрои вазифаҳои масеҳиам душвор, ё ҳатто номумкин намегардад?» (Матто 28:19, 20; Эфсӯсиён 6:4; Ибриён 10:24, 25). «Аз тарафи дигар, оё реҷаи ин кор ба ман имконият медиҳад, ки фаъолона бо фаъолияти рӯҳонӣ машғул шавам ва шояд ҳатто дар хизмати пурравақт иштирок кунам?» (Ибриён 6:11, 12).
Агар масеҳӣ дар асоси виҷдони таълимёфтааш қарор кунад, ки ба ҷои ҳабс шудан хизмати ғайриҳарбиро ба ҷо меорад, қарори ӯро низ ҳурмат кунанд (Румиён 14:10). Агар ӯ қарор кунад, ки чунин хизматро ба ҷо оварда наметавонад, ҳамимонон бояд ин қарори ӯро низ ҳурмат кунанд (1 Қӯринтиён 10:29; 2 Қӯринтиён 1:24).