ҚИСМИ 15
Пайғамбари асир ояндаро мебинад
Дониёл–пайғамбар дар бораи Салтанати Худо ва омадани Масеҳ пешгӯӣ мекунад. Фурӯ ғалтидани Бобил
ДОНИЁЛИ ҷавон, ки ба Худо хеле содиқ буд, пеш аз нобудшавии Ерусалим ба Бобил ба асирӣ бурда шуд. Бобилиён ба Дониёл–пайғамбар ва дигар яҳудиён — асироне, ки аз Яҳудо буданд — каму беш озодӣ медоданд. Худо умри дарози Дониёлро хеле баракат дод ва ҳатто ӯро дар чоҳи шерон аз марг наҷот дод. Пайғамбар аз тарафи Худо рӯъё гирифта, ояндаи дурро дида тавонист. Пешгӯиҳои асосии Дониёл ба Масеҳ ва ҳукмронии ӯ равона карда шуда буданд.
Дониёл мефаҳмад, ки Масеҳ кай меояд. Ба Дониёл–пайғамбар гуфта шуд, ки «Масеҳи Раис» баъд аз 69 ҳафтсола пас аз баромадани фармон оиди барқароршавии Ерусалим хоҳад омад. Ин фармон баъд аз сипарӣ гаштани солҳои зиёд пас аз марги Дониёл, соли 455-и то эраи мо баромад. Ҳамин тавр 69 «ҳафтсола», ки аз соли 455-и то эраи мо сар мешавад, 483 сол давом ёфт ва соли 29-уми эраи мо ба анҷом расид. Мо аз қисмҳои оянда фаҳмида метавонем, ки дар ин сол чӣ рӯй дода буд. Ғайр аз ин Дониёл пешгӯӣ карда буд, ки Масеҳ барои кафорати гуноҳҳо кушта мешавад (Дониёл 9:24–26).
Масеҳ дар осмон Подшоҳ мешавад. Ба Дониёл дар бораи Масеҳ рӯъёи ғайриоддие дода шуд: дар осмон касе «мисли Писари одам» меомад ва ба вай иҷозат дода шуда буд, ки ба ҳузури тахти худи Яҳува ҳозир шавад. Худо ба ӯ «салтанат ва ҷалол ва малакут» дод. Ин Салтанат ҷовидонӣ хоҳад буд. Дониёл дар бораи Салтанати Масеҳоӣ боз як муфассалии аҷиберо фаҳмид: Подшоҳи он, ҳокимияти худро бо дигарон тақсим мекунад, ки онҳо «муқаддасон»-и «Ҳаққи Таоло» номида шудаанд (Дониёл. 7:13, 14, 27).
Салтанат бар ҳокимиятҳои ҷаҳон хотима хоҳад бахшид. Худо ба Дониёл кӯмак намуд, ки таъбири хобе, ки аз он Набукаднесар ба ташвиш омада буд, маънидод кунад. Шоҳ ҳайкали бузургеро хоб дид. Сари ин ҳайкал аз тиллои холис, сина ва бозуҳояш аз нуқра, шикам ва ронҳояш аз мис буд, соқҳояш аз оҳан, пойҳояш қисман аз оҳан ва қисман аз гил буд. Санге аз кӯҳ канда шуд ва пойҳои оҳанин ва гилини ҳайкалро зад ва онҳоро гард–гард кард. Дониёл фаҳмонд, ки қисмҳои ҳайкал ин рамзи давлатҳои ҷаҳонӣ аст. Ин давлатҳо ҷои якдигарро иваз мекунанд, ки аз Бобил, яъне сари тиллоии ҳайкал сар мешаванд. Пайғамбар пешгӯӣ кард, ки дар айёми ҳукмронии охирин давлати абарқудрати ҷаҳонии ин дунёи шарир, Салтанати Худо ба амал намудан шурӯъ хоҳад кард. Он ҳамаи ҳокимиятҳои ин ҷаҳонро несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод (Дониёл боби 2).
Чӣ тавре ки пайғамбарон пешгӯӣ карда буданд, шоҳ Куруш шаҳри бузургро забт намуд. Дере нагузашта яҳудиён аз асирӣ озод шуданд ва расо баъд аз 70 сол ба зодгоҳи харобазори худ баргаштанд. Бо сардории ҳокимон, коҳинон ва пайғамбарони содиқи Худо, онҳо Ерусалимро барқарор карданд ва маъбади Худоро аз нав сохтанд. Биёед дида бароем, ки ҳангоми пур шудани 483 соли дар боло гуфташуда чӣ рӯй дод.
Бар китоби Дониёл асос ёфтааст.