ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bm қисми 20 саҳ. 23
  • Исои Масеҳ кушта мешавад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исои Масеҳ кушта мешавад
  • Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Маводи монанд
  • Хӯроки шоми Ҳазрат
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Яҳудо Исоро ба дасти душманон месупорад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исо зинда аст!
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Шоми ёдбуди марги Масеҳ — маросимест, ки Худоро ҳамд мекунад
    Таълимоти Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
bm қисми 20 саҳ. 23
Исо

ҚИСМИ 20

Исои Масеҳ кушта мешавад

Исо иди навро ҷорӣ мекунад; ӯро мефурӯшанд ва ба қатл мерасонанд

ИСО медонист, ки баъд аз сеюним соли мавъиза кардан ва таълим доданаш, ҳаёти заминии ӯ ба охир мерасад. Сарварони дин барои куштани Исо забон як карда буданд, аммо аз ғавғои мардум метарсиданд, чунки одамон боварӣ доштанд, ки ӯ пайғамбар аст. Дар он вақт яке аз 12 расулон, Яҳудои Исқарют ба таъсири Шайтон дода шуд ва хоин гардид. Саркоҳинон ба Яҳудо ваъда доданд, ки агар Исоро фурӯшад ба ӯ 30 тангаи нуқра хоҳанд дод.

Дар шаби охирини ҳаёташ Исо бо расулони худ иди Фисҳро ҷашн гирифт. Баъд аз он ки Яҳудо меравад, Исо иди навро ҷорӣ мекунад, яъне ҷашн гирифтани Шоми ёдбуди марги Масеҳ. Ӯ нонро гирифта Худоро дар дуо шукргузорӣ кард ва онро ба 11 расулони боқимонда дод. «Ин Бадани Ман аст,— гуфт Исо — ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред». Ҳамчунин косаи шаробро гирифта, ба онҳо дароз карду чунин гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад» (Луқо 22:19, 20).

Дар он шом Исо ба расулонаш бояд бисёр чизҳоро мегуфт. Ӯ ба онҳо аҳкоми навро дод, яъне ба якдигар зоҳир намудани муҳаббати бериё ва чунин гуфт: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳанно 13:34, 35). Ӯ ба онҳо гуфт, ки аз фоҷиаҳое, ки бояд ба вуқӯъ оянд наҳаросанд ва дар ҳаққашон самимона дуо гуфт. Дар охир онҳо ба Худо суруди ҳамд хонданд ва ба боғи Ҷатсамонӣ рафтанд.

Дар боғи Ҷатсамонӣ Исо зону зада ба Худо самимона дуо гуфт. Дере нагузашта ба назди Исо тӯдаи сарбозони яроқбадаст, коҳинон ва дигарон наздик омаданд, то ки ӯро дастгир кунанд. Яҳудо назди Исо омад ва ӯро бӯсида ба онҳо ишорате дод. Сипас сарбозон Исоро дастгир карданд, расулон бошанд гурехтанд.

Дар назди суди олии Яҳудия истода, Исо Писари Худо буданашро рад накард. Суд ӯро ба куфргӯӣ айбдор карда, сазовори марг донист. Баъд аз ин Исоро ба назди ҳокими Рум Понтий Пилат бурданд. Гарчанд Пилат дар Исо ягон айбе наёфт, лекин мардум талаб мекарданд, ки Исо ба қатл расонда шавад ва ӯ ин талаби мардумро иҷро кард.

Дар Ҷолҷолто сарбозони Рум Исоро дар ғӯлачӯб мехкӯб карда куштанд. Дар нисфирӯзӣ ногаҳон заминро торикӣ фаро гирифт. Баъдтар, вақте ки Исо мурд заминларзаи сахт ба амал омад. Ҷасади Исоро дар қабре, ки дар кӯҳ тарошида шуда буд, монданд. Рӯзи дигар коҳинон дар назди қабр посбононро гузоштанд ва дари қабрро ки аз санг буд, мӯҳр заданд. Оё Исо дар қабр абадан монд? Не, чунки мӯъҷизаи бузурге ба амал омад.

Бар Матто боби 26 ва 27, Марқӯс боби 14 ва 15, Луқо боби 22 ва 23, Юҳанно аз боби 12 то 19 асос ёфтааст.

  • Исо кадом иди навро ҷорӣ кард?

  • Пеш аз марги Исо кадом воқеаҳо рӯй доданд?

НАҚШИ МУҲИМИ ИСО

Марги Исо дар иҷрошавии иродаи Худо нақши асосиро бозид. Азбаски Исо тавассути рӯҳи муқаддаси Худо дар батн пайдо шуд, ӯ комил таваллуд ёфт ва маргро мерос нагирифт. Одам беитоатӣ карда, насли худро аз имконияти абадан зиндагӣ кардан маҳрум сохт. Аммо Исо ҳаёти худро қурбон кард, то ки одамон имконияти абадан зистанро пайдо кунандa (Матто 20:28; Луқо 1:34, 35; Юҳанно 3:16, 36; 2 Петрус 3:13).

a Маълумоти бештарро дар бораи қурбонии фидияи Исо аз китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», боби 5 ёфта метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан