СУРУДИ 21
Пеш аз ҳама аз пайи Подшоҳии Худо бошед
1. Яҳува ҳаст шод, аз он ки
Подшоҳияш гашт барпо.
Монд бар он Сарвар Масеҳро,
ӯ обод кунад дунё.
(Нақарот)
Подшоҳиву адолати
Яҳуваро ҷӯ аввал.
Саро васфаш байни ҳама,
Бикун дар хизмат ҷадал.
2. Чаро хӯрем ғами фардо,
Ба ташвиш оем беҳад?
Яҳува ғамхори мо аст,
Пас, ба ӯ бикун хизмат.
(Нақарот)
Подшоҳиву адолати
Яҳуваро ҷӯ аввал.
Саро васфаш байни ҳама,
Бикун дар хизмат ҷадал.
3. Мо эълон кунем паёмро,
Бигзор фаҳманд одамон,
Ки умеду бовариро
Ҳаст фақат Худо шоён.
(Нақарот)
Подшоҳиву адолати
Яҳуваро ҷӯ аввал.
Саро васфаш байни ҳама,
Бикун дар хизмат ҷадал.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 27:14; Мат. 6:34; 10:11, 13; 1 Пет. 1:21.)