ДАРСИ 17
Фаҳмо гап занед
1 Қӯринтиён 14:9
МАҚСАДИ ДАРС: Кӯшиш кунед, ки шунавандагон маънои суханонатонро фаҳманд.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
Маводро пурра омӯзед. Бо мавзӯатон нағз шинос шавед, то онро бо суханони худ ва осон фаҳмонед.
Ибора ва ҷумлаҳои осону кӯтоҳро истифода баред. Истифодаи ҷумлаҳои дароз нодуруст нест, аммо фикрҳои асосиро беҳтараш бо ибора ва ҷумлаҳои кӯтоҳ қайд кунед.
Калима ва ибораҳои ношиносро фаҳмонед. Калима ва ибораҳои ба шунавандагон ношиносро камтар истифода баред. Агар оид ба ченакҳои андоза, урфу одатҳои қадим ё дар бораи шахсе аз Китоби Муқаддас, ки ба одамон на он қадар шинос аст, сухан ронед ё истифода бурдани калима ва ибораҳои ношиносро лозим донед, онҳоро каме шарҳ диҳед.