ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • scl саҳ. 50-52
  • Кӯдакон; ҷавонон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Кӯдакон; ҷавонон
  • Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат
Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат
scl саҳ. 50-52

Кӯдакон; ҷавонон

Муносибати Худо ба кӯдакон

Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува кӯдакон ва ҷавононро қадр мекунад?

5Мс 6:6, 7; 14:28, 29; Зб 110:3; 127:3–5; 128:3, 4; Яқ 1:27

Ҳамчунин нигаред ба Аб 29:12; Зб 27:10; Пнм 17:6

Ҳамчунин нигаред ба «Оила»

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 1:27, 28. Яҳува мехост, ки одамон фарзанддор шаванду рӯйи заминро пур кунанд.

    • 1Мс 9:1. Баъди Тӯфон Худо ба Нӯҳу писаронаш гуфт, ки серфарзанд шуда заминро пур кунанд.

    • 1Мс 33:5. Яъқуби худотарс фарзандонашро атои Худо меҳисобид.

    • Мқ 10:13–16. Исо мисли Падараш кӯдаконро дӯст медошт.

Вақте ба кӯдакон зӯроварӣ мекунанд ё аз меҳнаташон суиистифода мекунанд, Яҳува чӣ ҳис мекунад?

2Мс 22:22–24; 5Мс 10:17, 18; Зб 10:14, 15

Кадом оятҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки мо набояд аз кӯдакон интизор шавем, ки мисли калонсолон кору рафтор кунанд?

4Мс 1:3; 1Қр 13:11

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 33:12–14. Яъқуб суръати кӯдаконро ба назар гирифта оҳистатар рафт.

Оё дар азоби кӯдакон Худоро айбдор кардан дуруст аст?

Аб 34:10; Яқ 1:13; 1Юҳ 5:19

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 5:18, 20, 23–25. Исо гуфт, ки мо аз сабаби гунаҳкор буданамон бемор мешавем.

    • Рм 5:12. Павлуси расул фаҳмонд, ки чаро мо мемурем.

Чаро дилпур буда метавонем, ки Яҳува ба азоби ҷавонон ва пиронсолон хотима мебахшад?

Иш 11:6–9; Юҳ 3:16; Крн 24:15; Ошк 21:4

Чаро хатои ҷиддӣ ва муносибати бади волидон маънои онро надорад, ки фарзандонашон беқадранду ҳатман хатои онҳоро такрор мекунанд?

5Мс 24:16; Ҳз 18:1–3, 14–18

Ҳамчунин нигаред ба 5Мс 30:15, 16

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Пш 18:1–7; 2Вқ 28:1–4. Ҳизқиё падари бадкор дошт. Ӯ баъзе фарзандонашро кушта буд, лекин Ҳизқиё ба ӯ монанд нашуду шоҳи бузургу ба Худо содиқ гашт.

    • 4Пш 21:19–26; 22:1, 2. Юшиё новобаста ба бадкории падараш Омӯн шоҳи хеле хуб шуд.

    • 1Қр 10:11, 12. Павлуси расул гуфта буд, ки мо метавонем аз саргузашти дигарон дарс гирем ва хатои онҳоро такрор накунем.

    • Фп 2:12, 13. Павлуси расул ёдрас кард, ки наҷоти ҳар як инсон дар дасти худаш аст.

Вазифаҳои кӯдакон ва ҷавонон

Яҳува ба фарзандоне, ки бо волиди худотарсашон зиндагӣ мекунанд, чӣ назар дорад?

1Қр 7:14

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 19:12, 15. Яке аз сабабҳое, ки фариштагон духтарони Лутро ҳимоя карданд, росткории падарашон буд.

Оё кӯдак танҳо ба хотири худотарс будани волидонаш ризои Худоро соҳиб мешавад?

Пнм 20:11; Ҳз 18:5, 10–13

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Мс 10:1–3, 8, 9. Писарони саркоҳин Ҳорун, шояд, аз сабаби бадмастияшон мурданд.

    • 1Пш 8:1–5. Ҳарчанд пайғамбар Самуил росткор буд, писаронаш ҳаромкор буданд.

Барои писанди Худо гаштан аз фарзандон чӣ талаб карда мешавад?

Пнм 1:8; 27:11; Эф 6:1–3

Чаро муҳим аст, ки кӯдакону ҷавонон ба вохӯриҳо раванд?

5Мс 31:12, 13; Ибр 10:24, 25

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мт 15:32–38. Дар байни шунавандагони Исо кӯдакон ҳам буданд.

Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува мехоҳад кӯдакон ба ӯ хизмат кунанд?

Зб 8:2; 148:12, 13

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 17:4, 8–10, 41, 42, 45–51. Яҳува ба воситаи Довуди ҷавон, ки ба паҳлавони бадҳайбат ғолиб омад, номашро ҳимоя намуд.

    • 4Пш 5:1–15. Яҳува духтараки исроилиро истифода бурд, то сарлашкари шоҳи Арам дар бораи ӯ ҳақиқатро шунавад.

    • Мт 21:15, 16. Исо кӯдаконеро, ки ба ӯ эҳтиром нишон медоданд, қадр мекард.

Яҳува ба кӯдаконе, ки волидонашон ба ӯ хизмат намекунанд, чӣ назар дорад?

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Мс 16:25, 26, 32, 33. Яҳува мардонеро, ки бар зидди пайғамбар Мӯсо ва саркоҳин Ҳорун исён бардоштанд, бо оилаашон, ки онҳоро дастгирӣ менамуданд, несту нобуд кард.

    • 4Мс 26:10, 11. Қӯраҳи исёнгар кушта шуду писаронаш зинда монданд, чунки онҳо ба Яҳува вафодор буданд.

Чаро ҷавонон бояд ёру дӯстонашонро хирадмандона интихоб кунанд?

Пнм 13:20; 1Қр 15:33

Ҳамчунин нигаред ба 2Тм 3:1–5

Масеҳиёни ҷавон бояд чӣ гуна дӯстонро интихоб кунанд?

2Тм 2:22

Ҳамчунин нигаред ба «Дӯстӣ»

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан