Волидон
Баъзе сабабҳое, ки Яҳува оиларо барпо кард, кадоманд?
Волидон бояд ба фарзандонашон чӣ гуна назар кунанд?
Ҳамчунин нигаред ба «Кӯдакон; ҷавонон»
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Мс 33:4, 5. Яъқуб фарзандонашро ато аз ҷониби Худо номид.
2Мс 1:15, 16, 22; 2:1–4; 6:20. Амрому Юкобад Мӯсоро ба дунё оварданд ва зери хатари марг ӯро ҳимоя карданд.
Волидон ба чӣ уҳдадоранд?
5Мс 6:6, 7; 11:18, 19; Пнм 22:6; 2Қр 12:14; 1Тм 5:8
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Дар роҳи Яҳува таълим додани фарзандон чӣ фоида дорад?
Ҳамчунин нигаред ба 2Тм 3:14, 15
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Пш 2:18–21, 26; 3:19. Волидони Самуил ӯро ба хизмати хаймаи муқаддас бахшида бошанд ҳам, доимо ба хабаргирияш мерафтанду ба вай ғамхорӣ мекарданд; ӯ марди худотарсу бовафо ба воя расид.
Лқ 2:51, 52. Ҳарчанд волидони Исо нокомил буданд, ӯ ба онҳо фармонбардор буд.
Волидон барои тарбияи фарзандонашон аз куҷо роҳнамоӣ ёфта метавонанд?
Дар оилаи худотарс ба воя расидани кӯдак кафолати он нест, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз Яҳува дур намешавад
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Мс 6:1–5; Яҳ 6. Ҳарчанд фариштагон солҳои бешумор дар осмон бо Яҳува буданд, бисёри онҳо бар зидди ӯ баромаданд.
1Пш 8:1–3. Самуил пайғамбари бовафою росткор буд, лекин писаронаш беинсофу ҳаромхӯр буданд.
Таълиму тарбияи фарзандро волидон аз кай сар мекунанд?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
5Мс 29:10–12, 29; 31:12; Эз 10:1. Вақте исроилиён барои аз Яҳува таълим гирифтан ҷамъ меомаданд, фарзандонашонро ҳамроҳашон мегирифтанд, то онҳо низ роҳҳои ӯро омӯзанд.
Лқ 2:41–52. Юсуфу Марям аз рӯйи одат кӯдаконашонро, аз ҷумла Исоро, барои ҷашн гирифтани Иди Раҳоӣ ба ибодатгоҳи Ерусалим мебурданд.
Барои ҳимояи кӯдакашон волидон бояд ба намунаи кӣ пайравӣ кунанд?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
2Мс 19:4; 5Мс 32:11, 12. Яҳува худро ба уқобе, ки чӯҷаҳояшро мебардорад, ҳимоя мекунад ва ба онҳо ғамхорӣ мекунад, монанд кард.
Иш 49:15. Яҳува ваъда дод, ки хизматгоронашро аз модари меҳрубоне, ки кӯдаки ширмак дорад, бештар ғамхориву ҳимоя мекунад.
Мт 2:1–16. Шайтон ситорашиносонро ба назди Ҳиродуси бадкор равон карда, кӯшиш кард, ки Исои кӯдакро кушад, аммо Яҳува Писарашро ҳимоя намуда, ба Юсуф гуфт, ки бо оилааш ба Миср гурезад.
Мт 23:37. Исо худро ба мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болаш ҷамъ намуда ҳимоя мекунад, монанд кард. Ӯ ҳамин хел нишон дод, ки ба халқаш кумак кардан мехоҳад.
Чаро волидон бояд ба фарзандонашон дар бораи алоқаи ҷинсӣ гап зананд?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
3Мс 15:2, 3, 16, 18, 19; 5Мс 31:10–13. Дар Шариати Мӯсо дар бораи муносибатҳои маҳрамона кушоду равшан навишта шуда буд. Бо амри Яҳува кӯдакон низ ҳамроҳи волидонашон ба шунидани қироати китоби Шариат меомаданд.
Зб 139:13–16. Довуд Яҳуваро барои сохти аҷоиби бадани инсон ва қобилияти фарзанддорӣ ситоиш кард.
Пнм 2:10–15. Донишу хиради Яҳува моро аз одамони бадкор муҳофизат карда метавонад.
Чаро волидон бояд фарзандонашонро меҳрубонона ислоҳ кунанд?
Чаро сарзаниш ва таълиму тарбия нишонаи муҳаббат аст?
Ҳамчунин нигаред ба Пнм 15:32; Ошк 3:19