Муросо бо дигарон
Чаро набояд аз касе, ки моро ранҷондааст, ба қаҳр оем ё қасд гирем?
Пнм 20:22; 24:29; Рм 12:17, 18; Яқ 1:19, 20; 1Пт 3:8, 9
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Пш 25:9–13, 23–35. Вақте Нобол Довуду одамонашро ҳақорат карда, ба онҳо ёрдам додан нахост, Довуд ба қаҳр омад. Ӯ қарор кард, ки Ноболро бо тамоми мардинаи хонаводааш нест мекунад, аммо маслиҳати хирадмандонаи Абиҷайл Довудро аз хунрезӣ нигоҳ дошт.
Пнм 24:17–20. Шоҳ Сулаймон гуфта буд, ки «вақте душманат афтад, хурсандӣ накун», чунки ин ба Яҳува маъқул нест. Мо доварии бадкорро ба дасти Яҳува месупорем.
Вақте гапамон бо касе гурезад, оё бояд бо он шахс қаҳрӣ шавем ва дӯстиро бас кунем?
3Мс 19:17, 18; 1Қр 13:4, 5; Эф 4:26
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Мт 5:23, 24. Исо гуфта буд, ки мо бояд ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем, то бо бародаре, ки аз мо хафа шудааст, оштӣ шавем.