ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • scl саҳ. 55-56
  • Мавқеи иҷтимоӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мавқеи иҷтимоӣ
  • Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат
Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат
scl саҳ. 55-56

Мавқеи иҷтимоӣ

Оё нажод, аслу насаб ва боигарии шахс ӯро дар назари Яҳува аз дигарон болотар мегардонад?

Крн 17:26, 27; Рм 3:23–27; Ғл 2:6; 3:28

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Юҳ 8:31–40. Баъзе яҳудиён фахр мекарданд, ки аз авлоди пайғамбар Иброҳиманд, аммо Исо гуфт, ки онҳо ягон зарра ба Иброҳим монанд нестанд, зеро мисли ӯ рафтор намекунанд.

Оё ягон сабабе ҳаст, ки мо худро аз одамони миллату нажодашон дигар боло гирем?

Юҳ 3:16; Рм 2:11

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Юн 4:1–11. Яҳува пайғамбараш Юнусро пурсаброна таълим дод, ки ба мардуми шаҳри Нинве, ки аз миллати дигар буданд, раҳм зоҳир кунад.

    • Крн 10:1–8, 24–29, 34, 35. Петруси расул фаҳмид, ки набояд ғайрияҳудиёнро нопок ҳисобад, аз ин рӯ ӯ ба Корнилюс ва хонаводааш кумак кард, ки аввалин масеҳиёни бехатна шаванд.

Оё масеҳиёни бой бояд худро аз дигарон боло гиранд ё нисбати худ муносибати махсусро интизор шаванд?

1Тм 6:17, 18; Яқ 2:2–4

Ҳамчунин нигаред ба 5Мс 8:12–14; Ир 9:23, 24

Агар шахс нозир бошад, оё ӯ бояд дигаронро ба чашми кам бинад ва аз ҳад сахтгир бошад?

2Қр 1:24; 1Пт 5:2, 3

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 5Мс 17:18–20. Яҳува ба шоҳони Исроил гуфта буд, ки худро аз дигарон боло нагиранд, зеро дар назари ӯ ҳамаи онҳо бародаронанд.

    • Мқ 10:35–45. Вақте Исо дид, ки расулонаш мартабаҷӯйӣ мекунанд, онҳоро ислоҳ кард.

Чӣ гуна шахс метавонад писанди Худо гардад?

2Мс 19:5; Рм 10:12; 1Юҳ 2:17

Оё масеҳиён аз рӯйи адолатдӯстияшон кӯшиш мекунанд, ки ба қонуни давлат тағйирот дароранд?

Эф 6:5–9; 1Тм 6:1, 2

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Юҳ 6:14, 15. Исроилиён интизор буданд, ки Исо душвориҳои иҷтимоияшонро ҳал мекунад, лекин Исо нахост, ки дар замин шоҳи онҳо гардад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан