6. Мавъизаи умумиҷаҳонӣ
«Хушхабари Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад» (МАТТО 24:14).
● Виатиа дар яке аз ҷазираҳои Туамотуи уқёнқуси Ором зиндагӣ мекунад. Галлаҷазираи марҷонии Туамоту қариб аз 80 ҷазира иборат буда, масоҳати умумиаш тахминан 810 000 киллометри квадратиро ташкил медиҳад. Аҳолиаш бошад, ҳамагӣ 16 000 аст. Бо вуҷуди ин Виатиа ва ҳамсоягони ӯ Шоҳидони Яҳуваро мешиносанд. Зеро Шоҳидон кӯшиш мекунанд, ки дар бораи Подшоҳии Худо ба ҳама одамони гӯшаи канори замин мавъиза кунанд.
ДАЛЕЛ: Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар саросари ҷаҳон мавъиза шуда истодааст. Танҳо соли 2010-ум дар 236 давлат Шоҳидони Яҳува беш аз 1,6 миллиард соат вақти худро барои паҳн кардани хушхабар сарф карданд. Дигар хел карда гӯем, ҳар яки онҳо ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 30 дақиқа бо кори мавъиза банд буданд. Дар даҳсолаҳои охир онҳо беш аз 20 миллиард адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро нашр карда, онро дастраси одамон гардонданд.
НОРОЗИГӢ: Хушхабари Китоби Муқаддас ҳазорҳо сол инҷониб мавъиза шуда истодааст.
ОЁ ИН НОРОЗИГӢ АСОС ДОРАД? Дар ҳақиқат бисёриҳо баъзе хабари Китоби Муқаддасро мавъиза карданӣ шуданд. Лекин ин кори онҳо дер давом накард ва танҳо дар якчанд ҷой мавъиза шуд. Шоҳидони Яҳува бошанд, дар тамоми рӯйи дунё ба садҳо миллион нафар хушхабарро мерасонанд. Онҳо новобаста ба таъқиботи шадид ва бераҳмонаи сиёсӣ, ки таърих аз он гувоҳӣ медиҳад, мавъизаро бас накарданд (Марқус 13:13). Қобили зикр аст, ки Шоҳидони Яҳува барои кори мавъиза маош намегиранд. Онҳо ихтиёран хушхабар ва адабиёташонро бепул паҳн мекунанд. Фаъолияти онҳо пурра аз ҳисоби хайрияҳо дастгирӣ карда мешавад.
ШУМО ЧӢ ФИКР МЕКУНЕД? Оё «хушхабари Подшоҳии Худо» дар тамоми дунё эълон шуда истодааст? Оё иҷрошавии ин пешгӯйӣ исбот мекунад, ки моро ояндаи хуб интизор аст?
[Тасвир дар саҳифаи 9]
«То даме ки Яҳува бас нагӯяд, мо ҳар як имкониятро истифода бурда, минбаъд низ хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо бо ҷидду ҷаҳд эълон мекунем» (СОЛНОМАИ ШОҲИДОНИ ЯҲУВА БАРОИ СОЛИ 2010).