Аз хазинаи мо
«Ман оҳиста–оҳиста ба ин кор бештар меҳр пайдо мекунам»
СОЛИ 1886 ҷилди 1–уми китоби «Субҳи Ҳазорсола» ба чоп баромад. Сад донаи ин китоб аз Маркази фаъолияти Шоҳидони Яҳува (шаҳри Аллегейнии Пенсилвания, ИМА) ба шаҳри Чикагои Иллинойс фиристода шуд. Чарлз Тейз Расселл умед дошт, ки ин китоби нав ба воситаи дӯконҳои китобфурӯшӣ паҳн мешавад. Яке аз ширкатҳои калонтарини фурӯши китобҳои динӣ дар Иёлоти Муттаҳида розӣ шуд, ки китоби «Субҳи Ҳазорсола»–ро қабул мекунад ва маблағи молро баъди фурӯш пардохт менамояд. Вале баъди ду ҳафта тамоми борро ба Маркази фаъолияти Шоҳидон баргардониданд.
Маълум гашт, ки як диндори номдор вақте дид, ки дар фурӯш китоби «Субҳи Ҳазорсола» ҳамроҳи китобҳои ӯ истодаанд, ба ғазаб омад. Вай қаҳру ғазабашро фурӯ рехта гуфт, ки агар ин китоб дар рафи дӯконҳо монад, ӯ ва дигар дӯстони машҳураш китобҳои динии худро аз ҳамаи дӯконҳо мегиранд ва бо он ширкат бизнеси худро қатъ мекунанд. Ширкати китобфурӯшӣ бо дили нохоҳам китоби «Субҳи Ҳазорсола»–ро баргардонд. Ин китоб ҳамчунин дар рӯзномаҳо реклама шуда буд. Вале, душманон тавре карданд, ки шартномаҳо оиди чоп кардани реклама бекор карда шаванд. Пас, ин адабиёти нав чӣ тавр бояд ба дасти ҷӯяндагони ҳақиқат рафта мерасид?
Онҳое, ки паҳнкунандагони китоб ном доштанд, калиди ҳалли ин душворӣ будандa. Соли 1881, дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонии Сион» чунин даъват чоп шуд: «1000 нафар воизон лозиманд». Ин воизон бояд чун ходимони пурравақт хизмат карда, адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро паҳн мекарданд. Ҳарчанд ҳамагӣ тахминан 300 кас паҳнкунандагони китоб шуданд, онҳо тухми ҳақиқатро ба намуди чопӣ дар ҳама ҷо мекоштанд. То соли 1897, қариб як миллион адад китоби «Субҳи Ҳазорсола» ба одамон расонда шуд, асосан ба воситаи паҳнкунандагони китоб. Аксарияти онҳо ба маблағи хурде, ки Ҷамъияти «Бурҷи дидбонӣ» аз ҳисоби пули обуна ё китобҳои фурӯхтаашон ба онҳо медод, зиндагӣ мекарданд.
Бо ин намуди хизмат, ки тобоварӣ металабид, чӣ гуна шахсон машғул буданд? Баъзеи онҳо наврасон буданд, дигарон бошанд, шахсони калонсолтар. Бисёри онҳо муҷаррад ё ҳамсарони бефарзанд буданд, вале оилаҳои фарзанддор низ кам набуданд. Паҳнкунандагони китоб ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд: доимӣ ва ёвар. Паҳнкунандагони доимӣ рӯзи пурра кор мекарданд, паҳнкунандагони ёвар бошанд, дар давоми рӯз як ё ду соатро барои ин кор сарф мекарданд. Албатта, саломатӣ ё шароити баъзеҳо имконият намедод, ки чун паҳнкунандаи китоб хизмат кунанд. Вале дар анҷумани соли 1906–ум ба онҳое, ки имконият доштанд, гуфта шуд, ки ба онҳо шарт нест, ки «бисёр донишманд ва қобилиятнок бошанд ё хеле зебо гап зананд».
Қариб дар ҳар як қитъаи замин одамони оддӣ корҳои ғайриоддиро анҷом медоданд. Як бародар гуфт, ки дар давоми ҳафт сол вай тахминан 15 000 китоб паҳн кард. Вале ӯ қайд намуд: «Ман на барои он паҳнкунандаи китоб шудам, ки китобфурӯшӣ кунам, балки барои он ки оиди Яҳува ва ҳақиқати Ӯ ба одамон шаҳодат диҳам». Ба ҳар куҷое, ки паҳнкунандагони китоб мерафтанд, тухми ҳақиқат дар он ҷо реша мегирифт ва гурӯҳҳои Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас торафт зиёд мешуд.
Рӯҳониёни калисо паҳнкунандагони китобро паст зада, онҳоро китобфурӯшон меномиданд. Дар як шумораи «Бурҷи дидбонӣ»–и соли 1892 гуфта мешуд: «Шумораи ками одамон [онҳоро] намояндагони ҳақиқии Худованд меҳисобанд ё он шараферо, ки Худованд дар фурӯтаниву фидокории онҳо мебинад, эътироф мекунанд». Дар ҳақиқат, чӣ хеле ки яке аз паҳнкунандагони китоб гуфт, ҳаёти онҳо осону бароҳат набуд. Пойафзоли бақувват ва велосипед барои онҳо воситаҳои асосии нақлиёт буданд. Дар ҷое, ки одамон пул надоштанд, онҳо китобро бо хӯрокворӣ иваз мекарданд. Баъди рӯзи дар хизмат сарф карда он воизон монда, вале хурсанд ба хаймаҳои худ ё ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаашон бармегаштанд. Баъдтар, баъзеҳо дар хонаҳое, ки худашон дар болои аробаи аспдор сохта буданд, зиндагӣ мекардагӣ шуданд, ки ин вақт ва пули зиёди онҳоро нигоҳ медошт.
Соли 1893 дар шаҳри Чикаго анҷумане гузаронда шуд. Аз ҳамон анҷуман сар карда, баъзе қисмҳои барнома ба паҳнкунандагони китоб бахшида мешуданд. Дар он қисмҳои пурҷӯшу хурӯш ҳозирон воқеаҳои шавқовари дар хизмат рӯйдодаро гӯш мекарданд, оиди тарзҳои мавъиза пешниҳодҳо мегирифтанд ва маслиҳатҳои амалӣ мешуниданд. Бародар Расселл боре он воизони меҳнаткашро ташвиқ карда гуфт, ки пеш аз хизмати худро сар кардан наҳории бақувват кунанд, дар давоми хизмати саҳарӣ як стакан шир нӯшанд ва дар рӯзҳои гарм оби газнокро фаромӯш накунанд.
Дар анҷуманҳо паҳнкунандагони китоб ба воситаи тасмачаи зарде, ки ба либосашон медӯхтанд, барои хизмати худ ҳамроҳ меҷустанд. Онҳое, ки нав ба ин намуди хизмат сар мекарданд, бо шахсони таҷрибадор ҳамкор мешуданд, то ки аз онҳо таълим гиранд. Чунин таълимгирӣ аз афташ муҳим буд. Инро масалан як воқеа нишон медиҳад. Боре як хоҳар, ки нав ин хизматро сар карда буд, аз пешниҳод кардани китобҳо тарсида, ба соҳибхона чунин гуфт: «Шумо инҳоро гирифтан намехоҳед, ҳамин тавр–не?» Вале, хушбахтона он зан адабиётро гирифт ва баъдтар хоҳари мо шуд.
Як бародар дар хаёл буд, ки чиро интихоб кунад: «Оё ман дар кори сердаромадам истода, ҳар сол 1 000 доллар (ИМА) маблағ хайрия кунам ё ки паҳнкунандаи китоб гардам?» Ба ӯ гуфтанд, ки Худованд ҳар дуи ин чизро қадр мекунад, вале вақти худро бевосита барои Худованд сарф кардан баракатҳои бештар меорад. Мэри Ҳайндз дар бораи паҳнкунандаи китоб будан гуфт, ки ин «роҳи беҳтаринест, ки шахс барои шумораи зиёди одамон кори хубтаринро карда метавонад». Ва Алберта Кросби, ки зани шармгине буд, гуфт: «Ман оҳиста–оҳиста ба ин кор бештар меҳр пайдо мекунам».
Бисёре аз наслҳои ҷисмониву рӯҳонии он воизони боғайрат имрӯз ба намунаи онҳо пайравӣ мекунанд. Агар дар оилаи шумо касе чун паҳнкунандаи китоб ё пешрав хизмат накардааст, пас оё худи шумо метавонед пешрав шуда, ин намуди хизматро ба фарзандон ва омӯзандагонатон мерос гузоред? Он гоҳ шумо низ оҳиста–оҳиста ба хизмати пурравақт бештар меҳр пайдо хоҳед кард.
[Эзоҳ]
a Баъди соли 1931, номи «паҳнкунандаи китоб» ба «пешрав» иваз карда шуд.
[Чорчӯба дар саҳифаи 32]
Ба онҳо шарт набуд, ки «бисёр донишманд ва қобилиятнок бошанд ё хеле зебо гап зананд»
[Тасвир дар саҳифаи 31]
Паҳнкунандаи китоб Алфред Осей, дар Гана (Африка), тақрибан соли 1930
[Тасвир дар саҳифаи 32]
(Боло) Паҳнкунандагони китоб Эдит Кин ва Гертруд Моррис дар Англия, тақрибан соли 1918 (поён) Станли Косабум ва Ҳенри Нонкс дар ИМА, бо қуттиҳои холӣ баъди паҳн кардани китобҳо