Аз муҳаббат хорҳо гул мешаванд
ДАР Нидерландия, вақте ки Ҷорҷ ва Мано, ду Шоҳиди Яҳува, ба зани пиронсоле хушхабари Салтанатро мавъиза карданд, вай бо онҳо хеле дағалона муносибат кард. Каме бо ӯ сӯҳбат карда онҳо фаҳмиданд, ки он зан марги ду шавҳар ва писарашро аз сар гузарондааст ва аз дарди сахти буғумҳо азоб мекашад. Ҳарчанд дар рафти сӯҳбат вай ором шуд, лекин ба ҳар ҳол меҳрубонона гап намезад.
Вале Ҷорҷ ба Мано таклиф кард, ки рафта барои он зан як даста гул харанд, зеро ӯ ба назар хеле танҳо ва аз ҳаёт дилмонда метофт. Вақте ки онҳо баргашта омаданд, он зан, ки Рей ном дошт, ҳайрон шуд. Албатта ин рафтори онҳо ӯро хурсанд кард, лекин он лаҳза ӯ барои сӯҳбат вақт надошт, аз ин рӯ, рӯзи дигарро таъин кард. Вақте ки Ҷорҷ ва Мано дар рӯзи гуфташуда омаданд, касе дарро накушод. Ҳарчанд онҳо кӯшиш карданд, ки дар вақтҳои гуногун оянд, онҳо ӯро дар хона ёфта наметавонистанд. Онҳо ҳатто ба чунин фикр омаданд, ки зан бо онҳо гап задан намехоҳад.
Оқибат рӯзе Ҷорҷ занро дар хонааш ёфт. Зан узр пурсид, ки дар рӯзи таъиншуда дар хона набуд ва фаҳмонд, ки ӯро дар беморхона хобониданд. «Вале шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед, ки баъди рафтани шумо он рӯз ман чӣ кор кардам,— гуфт Рей.— Ман ба хондани Китоби Муқаддас сар кардам!» Онҳо гарм сӯҳбат намуданд ва бо он зан омӯзиши Китоби Муқаддас сар карда шуд.
Бо омӯхтани Китоби Муқаддас, Рей аз шахси дурушту дағал ба як зани хурсанду меҳрубоне табдил ёфт. Ҳарчанд вай аз хона баромада наметавонист, ӯ дере нагузашта оиди эътиқоди наваш ба ҳамаи одамоне, ки наздаш меомаданд, нақл мекард. Саломатии вай имкон намедод, ки доимо ба вохӯриҳои ҷамъомад равад, вале вақте ки бародарону хоҳарон ӯро хабар мегирифтанд, вай хурсанд мешуд. Он рӯзе, ки Рей 82–сола шуд, ӯ ба анҷумани ноҳиявӣ ташриф овард ва чун рамзи ба Худо бахшидани худ таъмид гирифт.
Баъди якчанд моҳи марги Рей, шеъри навиштаи ӯро ёфтанд. Дар он шеър, ӯ дарди танҳоӣ ва пириро тасвир менамуд ва муҳиммияти меҳрубониро қайд мекард. «Хондани он шеър ба дили ман таъсири сахт расонд,— мегӯяд Мано,— ва ман хеле хурсандам, ки Яҳува ба мо барои ба ӯ меҳрубонӣ зоҳир кардан кӯмак кард».
Бале, намунаи шахсии Яҳува моро бармеангезад, ки чунин муҳаббат ва меҳрубонӣ зоҳир кунем (Эфс. 5:1, 2). Агар мо «ҳамчун хизматгузорони Худо... дар меҳрубонӣ» амал кунем, хизмати мо самаранок хоҳад шуд (2 Қӯр. 6:4, 6).