Аз хазинаи мо
Сафарҳои нозирони сайёр
«МАН хона ба хона гашта наметавонам!» Шумораи зиёди омӯзандагони нави Китоби Муқаддас дар бораи мавъиза кардан ба одамони ношинос чунин фикр мекунанд! Лекин, суханони дар боло овардашударо шахсе гуфт, ки нотиқ ва устоди бомаҳорати Китоби Муқаддас буд ва чун нозири сайёр хизмат мекард.
Бисёре аз хонандагони «Бурҷи дидбонии Сион», ки калисоҳои худро тарк карда буданд, сахт мехостанд, то ба онҳое, ки мисли худашон ташнаи ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас буданд, ҳамроҳ шаванд. Ин маҷалла хонандагони худро бармеангехт, ки шахсони мисли худашон имони пурарзишдоштаро ҷустуҷӯ кунанд ва мунтазам барои омӯзиши Китоби Муқаддас ҷамъ оянд. Тақрибан аз солҳои 1894 сар карда Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ намояндагони худро мефиристод, то бо гурӯҳҳое, ки ташрифи онҳоро хоҳиш мекарданд, вохӯранд. Он мардони ботаҷрибаю меҳнатдӯст баъдтар нозирони сайёр ном гирифтанд. Онҳо аз қабили шахсоне интихоб мешуданд, ки ҳалим буданд, оиди Китоби Муқаддас фаҳмиши дақиқ доштанд, дар суханронӣ ва таълимиҳӣ қобилияти хуб доштанд ва ба фидияи Исо миннатдорӣ зоҳир мекарданд. Одатан ташрифи нозирони сайёр танҳо як ё ду рӯз давом мекард ва дар он рӯзҳо онҳо реҷаи серкор доштанд. Бисёре аз Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас маззаи хизмати мавъизаро аввалин бор ҳангоми тақсим кардани даъватномаҳо ба нутқи оммавии нозири сайёр чашиданд. Баъди нутқи бегоҳирӯзии худ, ки дар як мактаб гуфта шуд, Ҳюго Ример, ки баъдтар аъзои Ҳайати Роҳбарикунанда шуд, шаби дароз ба саволҳое, ки шунавандагон оид ба Китоби Муқаддас медоданд, ҷавоб дод. Нигоҳ накарда ба он ки хеле хаста буд, ӯ бо хурсандӣ гуфт, ки он вохӯрӣ «олиҷаноб» гузашт.
Дар «Бурҷи дидбонии Сион» гуфта мешуд, ки «мақсади асосӣ»–и ташрифи нозирони сайёр ин аст, ки имони ҳамимононро тавассути вохӯриҳое, ки дар хонаҳои имондорон гузаронида мешаванд, қавӣ гардонанд. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аз гирду атроф ба гӯш кардани нутқ ва муҳокима меомаданд. Баъд аз он масеҳиён ба якдигар меҳмоннавозӣ зоҳир мекарданд. Мод Эббот, ки он вақт духтарча буд, дар яке аз нутқҳои пагоҳирӯзӣ ҳузур дошт, ки баъди он ҳамаи ҳозирон дар рӯи ҳавлӣ дар сари мизи дароз ҷамъ омаданд. Ӯ мегӯяд, ки рӯи миз аз хӯрокҳои зиёди болаззат пур буд, масалан гӯшти пухта, чӯҷабирён, намудҳои гуногуни нон, кулчақандҳо ва торт. Ҳамаи ҳозирон ҳар чизи дилхоҳашонро хӯрда метавонистанд ва тақрибан соати ду нутқи навбатӣ сар мешуд. Лекин ӯ иқрор мешавад: «Дар он вақт ҳама нимхобу нимбедор буданд». Бинёмин Бартон, ки муддати зиёд чун нозири сайёр хизмат мекард, боре гуфт, ки агар вай ҳама чизҳои ба ӯ пешниҳодкардаро мехӯрд, ӯ кайҳо хизмати пурравақташро тамом мекард. Оқибат дар номае, ки аз идораи марказӣ (Бруклин) фиристода шуд, ба хоҳарони меҳмоннавоз маслиҳат дода мешуд, ки ба нозирони сайёр пешкаш кардани «хӯроки оддии ҳаррӯза» ва «хоби бароҳат» кофӣ аст.
Нозирони сайёр барои равшану фаҳмо гардондани нутқҳояшон моҳирона аз нақшаҳо, асбобҳои аёнӣ ё умуман аз ҳар чизе ки барояшон дастрас буд, истифода мебурданд. Нутқҳои бародар Р. Барбер ҳамеша ҷолибу шавқовар буданд. Бародар У. Торн чун ходимони куҳансоли замони қадим падарворона сухан меронд. Рӯзе, ҳангоми бо автомобили «Форд» сафар карданаш бародар Шилд Тутҷиян ногаҳон чунин хитоб кард: «Мошинро нигоҳ доред!» Баъд ӯ берун ҷаҳида баромад, чанд дона гул чид ва онҳоро чун намуна истифода бурда ба ҳамроҳонаш дар бораи офаридаҳои Яҳува нақл кард.
Хизмати пурмашаққати нозирони сайёр бо душвориҳои зиёд алоқаманд буд, хусусан барои шахсоне, ки синну солашон аз 45–50 гузаштааст. Барои баъзеҳо бошад, озмоиши сахттарин ин буд, ки акнун онҳо бояд диққаташонро ба мавъизаи хона ба хона равона мекарданд. Ва аз онҳо талаб карда мешуд, ки дар ин кор роҳбариро ба ӯҳда гиранд. 15–уми марти соли 1924 дар «Бурҷи дидбонӣ» қайд карда шуд, ки «яке аз мақсадҳои асосӣ»–и масеҳиёни ҳақиқӣ — «шаҳодат додан дар бораи Салтанат мебошад. Ва нозирони сайёр маҳз бо ин мақсад фиристода мешаванд».
Баъзе нозирони сайёр эҳтимолан ба ин тағйиротҳо розӣ набуданд, зеро онҳо кори сайёриро тарк намуданд, дигарон бошанд, ҳатто равияҳои динии худро ташкил доданд. Роби Эдкинс дар бораи як нозири сайёре, ки нотиқи олиҷаноб буд, нақл кард, ки ӯ бо дарду алам гуфт: «Ҳамаи он чизе, ки ман медонам — ин аз саҳна мавъиза кардан аст. Ман хона ба хона гашта наметавонам!» Бародар Эдкинс ба хотир меорад: «Чанд вақт пас, соли 1924, ман ӯро дар анҷумани Колумбия (иёлоти Огайо) дидам. Ӯ дар сояи дарахти хурде танҳо меистод ва дар байни ҳазорҳо бародарони хурсанд шахси бадбахттарин метофт. Баъд аз ин ман дигар ягон бор ӯро надидам. Дере нагузашта вай аз ташкилот рафт». Ҳамзамон «бародарони хушҳоли зиёде дар даст китобҳо сӯи мошинҳояшон мерафтанд», маълум буд, ки онҳо хоҳиши сахти хона ба хона мавъиза карданро доштанд (Аъм. 20:20, 21).
Шумораи зиёди нозирон мисли шахсоне, ки онҳоро таълим медоданд, бояд бо тарсу ҳарос мубориза мебурданд, лекин ба ин нигоҳ накарда онҳо вазифаашонро аз таҳти дил иҷро менамуданд. Як нозири сайёри немисзабон, Максвелл Фрэнд (Фрешел) дар бораи мавъизаи хона ба хона чунин навишт: «Ин қисми кори нозирони сайёр баракатҳои иловагӣ меорад». Ҷон Бонет, ки ҳамчунин нозири сайёр буд, дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки бародарон муҳим будани кори мавъизаи Салтанатро дарк карда онро аз таҳти дил дастгирӣ мекарданд. Аз рӯи гуфти ӯ аксарияти онҳо «боғайратона ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки дар сафи пеши муҳориба бошанд».
Дар тӯли солҳо, бародарони содиқе, ки чун нозирони сайёр хизмат мекунанд, ба бародарону хоҳарон таъсири хуб мерасонанд. «Арзиш ва манфиати кори онҳо хеле калон буд ва инро ҳатто ман, ки он вақт писарбача будам, мушоҳида мекардам»,— мегӯяд бародар Норман Ларсон, ки солҳои зиёд ба Яҳува хизмат мекунад. «Онҳо барои ба роҳи дуруст равона кардани ман саҳми калон гузоштанд». Ва то имрӯз ба туфайли кӯмаки нозирони сайёри содиқ ва фидокор ҳамимонон метавонанд чунин гӯянд: «Мо хона ба хона гашта метавонем!»
[Тасвир дар саҳифаи 32]
Рӯзи ташрифории нозирони сайёр рӯзи хурсандибахш буд
[Тасвир дар саҳифаи 31]
Нақшаи сафари Бинёмин Бартон дар соли 1905 тақрибан 170 ҷойро ташкил медод
[Тасвир дар саҳифаи 32]
Уолтер Торн нозири сайёр буд ва аз сабаби хислатҳои ба Масеҳ хос ва падарворонааш ҳама меҳрубонона ӯро «дада» мегуфтанд
[Тасвир дар саҳифаи 32]
Ҷ. Браун тақрибан соли 1902 чун нозири сайёр ба Ямайка фиристода шуд, то ки 14 гурӯҳи хурдро рӯҳбаланд ва қавӣ кунад
[Тасвир дар саҳифаи 32]
Кори нозирони сайёр имонро қавӣ мегардонд, ягонагии масеҳиро устувор менамуд ва бародаронро ба ташкилот наздик мекард