ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.11. саҳ. 31
  • Оё хушбахтӣ аз издивоҷ вобаста аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё хушбахтӣ аз издивоҷ вобаста аст?
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Маводи монанд
  • Назари Худо ба муҷаррадӣ ва издивоҷ
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Издивоҷ — атои Худои меҳрубон аст
    «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
  • Насиҳатҳои оқилона барои муҷаррадон ва оиладорон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Издивоҷ. Пайдоиш ва мақсади он
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.11. саҳ. 31

Хонандагони мо савол медиҳанд...

Оё хушбахтӣ аз издивоҷ вобаста аст?

▪ Оё Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки барои дар ҳаёт хушбахту қаноатманд будан, бояд издивоҷ кард? Дар аввал чунин метобад, ки Каломи Худо ин фикрро тасдиқ мекунад. Чӣ тавр?

Чуноне ки дар китоби Ҳастӣ омадааст, Худо дид, ки танҳо будани марди нахустин, Одам, «хуб нест». Барои ҳамин, Ӯ Ҳавворо чун «мададгоре» барои Одам офарид (Ҳастӣ 2:18). Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки шахс то издивоҷ накунад, муваффақ намешавад. Ғайр аз ин, дар баъзе ҷойҳои Китоби Муқаддас нақл карда мешавад, ки издивоҷ манбаи баракат ва хурсандӣ аст. Яке аз ин намунаҳо нақл оиди Рут мебошад.

Лекин, оё ин маънои онро дорад, ки имрӯз агар масеҳиён издивоҷ накунанд ва фарзанд ба дунё наоранд, онҳо хушбахт, қаноатманд ё муваффақ буда наметавонанд? Албатта ин тавр нест. Шахси аз ҳама муваффақтарин ва аз ҳаёт қаноатманд — Исои Масеҳ — то охири умраш муҷаррад монд. Ҳамчунин, ин марди бохирадтарини ҳама давру замон шахсияти Яҳува, «Худои хушбахт»-ро ба таври комил инъикос мекард (1 Тимотиюс 1:11, ТДН; Юҳанно 14:9). Исо фаҳмонд, ки дар ин ҷаҳон чӣ хушбахтиву баракат меорад (Матто 5:1–12). Ӯ издивоҷро номбар накард.

Оё гуфтаҳои Китоби Муқаддас ба якдигар муқобиланд? Не, албатта. Ба мо лозим аст, ки барои дида баромадани мавзӯи издивоҷ нияти Яҳуваро ба назар гирем. Гарчанд Худо издивоҷро барои хушбахтӣ, муносибати наздики ҳамсарӣ ва ҳаловат барпо кард, он ҳамчунин баъзан дар иҷрошавии иродаи Ӯ нақши муҳим мебозид. Масалан, нияти Худо оиди Одаму Ҳавво ин буд, ки онҳо борвар ва афзун шаванд ва заминро пур кунанд (Ҳастӣ 1:28). Одаму Ҳавво ин нияти Худоро дар алоҳидагӣ иҷро карда наметавонистанд. Ҳар яки онҳо ба якдигар ниёз доштанд ва ҳамдигарро пурра мекарданд.

Ҳамчунин издивоҷ ва оиладорӣ дар ниятҳои Яҳува оиди исроилиёни қадим нақши муҳим мебозид. Ӯ мехост, ки халқаш сершумор гардад, то ки аз тарафи душман нобуд нашавад. Худо инчунин ният дошт, ки аз авлоди Яҳудо Масеҳ барояд, то ки одамони содиқро аз таъсири гуноҳ ва марг озод созад (Ҳастӣ 49:10). Бинобар ин барои занони содиқи исроилӣ издивоҷ кардан ва фарзанд ба дунё овардан шарафи бузург буд, вале агар чунин намешуд, ин барои онҳо сабаби шармандагӣ ва ғаму андӯҳ мегашт.

Вале дар рӯзҳои мо чӣ? Оё амри Худо оиди заминро пур кардан ба масеҳиёне, ки имрӯз дар сайёраи аз насли одам лабрез зиндагӣ мекунанд, дахл дорад? Оё онҳо бояд ба ин амр итоат карда, издивоҷ кунанд ва фарзанд ба дунё оваранд? Не (Матто 19:10–12). Барои Худо дигар на насабномаи Исои Масеҳро муҳофизат кардан лозим асту на халқеро, ки дар он бояд Наҷотдиҳанда таваллуд мешуд. Пас назари масеҳиён ба издивоҷ ва муҷаррадӣ чӣ гуна аст?

Дар ҳақиқат, ҳам издивоҷ ва ҳам муҷаррадӣ атои Худо мебошанд. Чуноне ки шумо медонед, тӯҳфае ки ба як кас маъқул аст, метавонад ба каси дигар маъқул нашавад. Издивоҷ сохтори муқаддасе мебошад, ки шахс дар он аз муҳаббат баҳра мебарад, ҳамсафари ҳаёт пайдо мекунад ва барои фарзанддор шудан заминаи мустаҳкам мегузорад. Лекин дар баробари ин, Китоби Муқаддас эътироф мекунад, ки онҳое ки дар ин ҷаҳони нокомил издивоҷ мекунанд, бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ё «дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт». Дар бораи муҷаррадӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Яҳува онро сабаби шармандагӣ ва ғаму андӯҳ намеҳисобад. Баръакс, дар Каломи Ӯ гуфта мешавад, ки муҷаррадӣ назар ба издивоҷ афзалиятҳои ба худ хосро дорад (1 Қӯринтиён 7:28, 32–35).

Ҳамин тавр, дар Китоби Муқаддас нуқтаи назари оқилона ба издивоҷ ва муҷаррадӣ нишон дода шудааст. Яҳува, Асосгузори издивоҷ ва оила, мехоҳад, ки ҳамаи ходимонаш — хоҳ муҷаррад ва хоҳ издивоҷкарда — хушбахт ва аз ҳаёт қаноатманд бошанд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан