САВОЛҲОИ ХОНАНДАГОН
Оё барои масеҳиён сӯзондани ҷасади шахси мурда раво аст?
Дар якчанд ҷойҳои Китоби Муқаддас нақл карда шудааст, ки ҷисм ё устухонҳои шахсони мурдаро сӯзонда буданд (Еҳ. 7:25; 2 Вақ. 34:4, 5). Ҳангоми ин ҷойҳоро хондан шояд чунин фикр пайдо шавад, ки он одамон барои ба таври шоиста дафн карда шудан сазовор набуданд. Вале вақте ки дар Китоби Муқаддас дар бораи сӯзонда шудани ҷисми мурдагон гап меравад, ин на ҳамеша маънои онро дорад, ки онҳо ба гӯрондан сазовор набуданд.
Мо инро аз нақл дар бораи марги шоҳ Шоул ва се писари ӯ фаҳмида метавонем. Ҳар чори онҳо ҳангоми ҷанг бо фалиштиён ҳалок шуда буданд. Яке аз писарон Йӯнотон, дӯсти хуб ва ҳимоятгари Довуд буд. Вақте ки баъзе исроилиёни ҷасури шаҳри Ёбиш-Ҷилъод аз воқеаи рӯйдода бохабар гаштанд, онҳо рафта ҷасади он чор нафарро оварда сӯзонданд ва сипас устухонҳояшонро гӯр карданд. Баъдтар Довуд амали он исроилиёнро нек шуморида, онҳоро таҳсин гуфт (1 Подш. 31:2, 8–13; 2 Подш. 2:4–6).
Навиштаҳо моро умед мебахшанд, ки мурдагон эҳё мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки Худо шахсро аз нав ба ҳаёт бармегардонад. Хоҳ шахси мурда сӯзонда шуда бошад, хоҳ не, Яҳува қодир аст, ки ӯро бо ҷисми нав ба ҳаёт баргардонад. Се ҷавони ибрӣ аз рӯи фармони шоҳ Набукаднесар ба оташ партофта шуда буданд. Онҳо наметарсиданд, ки агар ҷисмашон дар алов сӯзад, Худо онҳоро эҳё карда наметавонад (Дон. 3:16–18). Айнан ҳаминро дар бораи он ходимони содиқи Яҳува, ки дар лагерҳои консентратсионии фашистон баъди мурданашон сӯзонда шуданд, гуфтан мумкин аст. Шояд баъзе хизматгорони содиқи Худо ҳангоми таркиш ё дар ягон фалокати дигар ҳалок шуданд, ки аз ҷисми онҳо чизе боқӣ намонд. Лекин Яҳува эҳё кардани онҳоро кафолат додааст (Ваҳй 20:13).
Яҳува барои эҳё кардани шахс боқимондаҳои ҷисми пештараи ӯро ҷамъ намекунад. Инро мо аз куҷо медонем? Масалан, аз он ки Ӯ тадҳиншудагонро ба ҳаёти осмонӣ эҳё мекунад. Монанди Исо, ки баъди маргаш дар ҷисми рӯҳонӣ эҳё шуд, масеҳиёни тадҳиншуда низ бо шахсияти пештараашон дар ҷисми рӯҳонӣ эҳё мешаванд. Ягон қисми бадани пештараи онҳо ҳамроҳашон ба осмон намеравад (1 Пет. 3:18; 1 Қӯр. 15:42–53; 1 Юҳ. 3:2).
Эҳёшавии шахс аз он вобаста нест, ки ҷисми ӯ баъди мурданаш сӯзонда мешавад ё дафн карда мешавад, балки аз имон ба Худо вобаста аст (Аъм. 24:15). Албатта, мо ҳозир пурра дарк карда наметавонем, ки чӣ тавр Худо мӯъҷизаи эҳёшавиро дар гузашта ба амал оварда буд ва дар оянда чӣ тавр ба амал меорад. Ба ҳар ҳол, мо ба Яҳува такя мекунем. Бо эҳё кардани Исо Худо кафолат бахшидааст, ки эҳёшавӣ албатта ба амал хоҳад омад (Аъм. 17:31; Луқ. 24:2, 3).
Хуб мебуд, ки масеҳиён ҳангоми қабул кардани қарор оиди сӯзондани ҷасади шахси вафоткарда, меъёрҳои иҷтимоӣ, ҳиссиёти одамони маҳалл ва талаботҳои давлатиро ба назар гиранд (2 Қӯр. 6:3, 4). Ва ниҳоят, баъди вафоташ сӯзондан ё насӯзондани ҷисми шахс қарори худи ӯ ва оилааш мебошад.