Ёханнес Рауте тахминан солҳои 1920-ум дар кори мавъиза иштирок карда истодааст
АЗ ХАЗИНАИ МО
Ман аз ҷалол додани Яҳува самара гирифтам
ДАР «Бурҷи дидбонӣ» (анг.), аз 1 сентябри соли 1915 дар бораи Ҷанги Якуми Ҷаҳон чунин гуфта шуда буд: «Ҳама ҷангҳои гузашта дар пеши ҷанги дар Аврупо авҷгирифтаистода ҳеҷанд». Дар натиҷа ин ҷанг қариб 30 давлатро фаро гирифт. Дар «Бурҷи дидбонӣ» навишта шуд, ки аз ин сабаб «хизмат [кори мавъиза] дар баъзе ҷойҳо, махсусан дар Германия ва Фаронса суст шуд».
Он вақтҳо Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба принсипи бетарафӣ пурра сарфаҳм намерафтанд. Онҳо бо таъқиботҳои шадид мубориза мебурданд. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда онҳо сахт хушхабарро паҳн кардан мехостанд. Масалан, Вилҳелм Ҳилдебрандт, ки сарбози Германия буд, хушхабари фаҳмидаашро ба одамон нақл кардан мехост, барои ҳамин нусхаҳои варақаи ҳармоҳаи Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасро (Ежемесячник Исследователей Библии) дар Фаронса дархост кард. Ӯ дар Фаронса на паҳнкунандаи китобҳо (пешрави пурравақт), балки сарбоз буд. Вақте ки Вилҳелм ин варақаҳоро паҳн мекард, ин лаҳзаҳо ба он монанд буд, ки гӯё душман бо сару либоси ҳарбӣ ба роҳгузарони фаронсавӣ хабарро дар бораи сулҳу осоиштагӣ мерасонад.
Номаҳои баъзеи Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аз Германия, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» чоп шуданд, нишон медоданд, ки дар хизмати ҳарбӣ онҳо хушхабари Салтанатро ба дигарон мегуфтанд. Масалан, бародар Лемке, ки дар флоти ҳарбӣ-баҳрӣ хизмат мекард, дар бораи он хабар дод, ки аз байни аъзоёни экипаж панҷ нафар ба хушхабар шавқ зоҳир карданд. Ӯ навишт: «Ҳатто дар киштӣ ман аз ҷалол додани Яҳува самара гирифтам».
Георг Кайзер ба хизмати ҳарбӣ чун сарбоз рафту аз он ҷо чун ходими Яҳува баргашт. Чӣ хел? Аз куҷое ба дасти ӯ адабиёти Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас афтид. Ӯ ҳақиқатро бо дилу ҷон қабул карда дигар ба даст яроқ намегирифт. Сипас вай бо корҳое машғул шуд, ки бо муҳорибаи ҳарбӣ алоқамандӣ надошт. Баъд аз ҷанг ӯ бисёр солҳо чун пешрав боғайратона хизмат кард.
Ҳарчанд Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар бораи бетарафӣ кам маълумот дошта бошанд ҳам, муносибат ва рафтори онҳо аз нуқтаи назар ва амали одамоне, ки ҷангро дастгирӣ мекарданд, фарқ мекард. Дар ҳоле ки роҳбарони сиёсӣ ва дин ҷангро дастгирӣ карда ҳамаро ба он бармеангехтанд, Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бошанд, «Мири осоиштагӣ»-ро дастгирӣ мекарданд (Иш. 9:6). Ҳарчанд баъзе Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас пурра мавқеи бетарафиро ишғол намекарданд, лекин мисли бародар, Конрад Мёртер, ақида доштанд. Ӯ гуфт: «Ман аз Каломи Худо аниқ фаҳмидам, ки масеҳиён набояд ба куштор даст зананд» (Хур. 20:13)a.
Ҳанс Ҳёлтерҳолф ба воситаи ин ароба маҷаллаи «Асри тиллоӣ»-ро ба одамон шинос мекард
Дар Германия, ки ҳуқуқи озодии виҷдон на ҳимоя ва на ҳукм карда мешуд, беш аз 20 нафар Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аз ҳар коре, ки бо муҳорибаи ҳарбӣ алоқамандӣ дошт, даст кашиданд. Барои ин корашон баъзеи онҳоро, масалан, Густав Куятро, девона гуфта дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ хобонданд. Бародар Ҳанс Ҳёлтерҳолфро бошад, ба маҳкама кашиданд, ки ӯ дар он ҷо низ аз ҳама корҳое, ки бо муҳорибаи ҳарбӣ алоқа дошт, даст мекашид. Сарбозони гвардия ба Ҳанс либоси махсусеро пӯшониданд, ки он барои ором кардани девонагон истифода мешуд ва то карахт шудани баданаш онро накашиданд. Бародар Ҳанс баъди ин ҳам, аз раҳаш нагашт ва сарбозон бо дигар роҳ рӯҳияи ӯро шикастанӣ шуданд. Барои ин онҳо ҳамин хел карданд, ки гӯё ӯро парронданианд. Лекин бародар ин дафъа ҳам аз раҳаш нагашт ва то охир содиқиашро нигоҳ дошт.
Дигар бародароне, ки ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, ба даст яроқ гирифтан намехостанд ва хоҳиш мекарданд, ки ба онҳо корҳоеро супоранд, то дар муҳориба иштирок карданро талаб накунадb. Бародар Ёханнес Рауте низ чунин ақида дошт ва аз ин рӯ вайро барои дар роҳи оҳан кор кардан фиристоданд. Бародар Конрад Мёртерро чун духтур таъин карданд ва Рейнҳолд Вебер бошад, беморонро нигоҳубин мекард. Август Крафзиг, ки вазифааш дар барои боғоҷҳо ғамхорӣ кардан буд, миннатдор буд аз он ки вазифаҳои вай бо муҳорибаи ҳарбӣ алоқамандӣ надошт. Ҳарчанд ин бародарон оиди мавқеи бетарафӣ дониши пурра надошта бошанд ҳам, онҳо аз рӯи донишашон дар бораи муҳаббат ва содиқӣ нисбати Яҳува бо азми қавӣ ба Ӯ хизмат кардан мехостанд.
Азбаски Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар ҷанг иштирок кардан намехостанд, ҳукуматдорони Германия ба фаъолияти онҳо сахт диққат медодагӣ шуданд. Дар давоми солҳои навбатӣ Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар Германия аз сабаби кори мавъиза бо ҳазорҳо корҳои судӣ рӯ ба рӯ шуданд. Барои дастгирии бародарон филиали Германия дар Байт-Или Магдебург шӯъбае ташкил дод, ки ҳуқуқи онҳоро ҳимоя мекард.
Фаҳмиши Шоҳидони Яҳува оиди бетарафии масеҳӣ оҳиста-оҳиста аниқтар мешуд. То сар шудани Ҷанги Дуюми Ҷаҳон онҳо аллакай мавқеи бетарафиро нағз мефаҳмиданд ва пурра аз хизмати ҳарбӣ даст мекашиданд. Барои ҳамин онҳоро чун душмани Германия ҳисобида сахт таъқиб мекарданд. Дар ин бора мо дар мақолаи ояндаи силсилаи «Аз хазинаи мо» нақл мекунем. (Аз хазинаи мо дар Аврупои Марказӣ.)
a Ба ҳисоботи Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аз Бритониё, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи соли 2013, дар рубрикаи «Аз хазинаи мо», мақолаи «Онҳо дар “соати озмоиш” устувор монданд» навишта шудааст, нигаред.
b Ин амали онҳо дар китоби «Субҳи Ҳазорсола» (ҷилди 6, 1904) ва «Бурҷи дидбонии Сион» (барои Германия) аз августи соли 1906 асос меёфт. Мақолае, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (анг.) аз сентябри соли 1915 чоп шуд, фаҳмиши моро нав кард ва фаҳмонд, ки Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бояд аз хизмати ҳарбӣ даст кашанд. Аммо ин мақола барои Германия чоп нашуд.