МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ЧӢ ТАВР АЗ ХОНИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС ФОИДАИ БЕШТАР ГИРЕМ?
Чӣ тавр Китоби Муқаддас ҳаёти маро беҳтар карда метавонад?
Каломи Худо китоби одӣ нест. Дар он маслиҳатҳои Офаридгор оварда шудаанд (2 Тимотиюс 3:16). Аз ин рӯ хабари он ҳаёти моро комилан тағйир дода метавонад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «каломи Худо зиндаву таъсирбахш аст» (Ибриён 4:12). Он қудрат дорад, ки моро дар ҳаёти ҳаррӯза роҳнамоӣ кунад ва бо Худо ва ваъдаҳояш шинос намояд (1 Тимотиюс 4:8; Яъқуб 4:8).
Ҳаёти худро аз ҳозир беҳтар кунед. Китоби Муқаддас ба мо фоида меорад. Масалан, он дар мавридҳои зерин маслиҳатҳои муфид медиҳад:
Муносибат бо дигарон (Эфсӯсиён 4:31, 32; 5:22, 25, 28, 33).
Саломатии равонӣ ва ҷисмонӣ (Забур 37:8; Панднома 17:22).
Одобу ахлоқ (1 Қӯринтиён 6:9, 10).
Вазъи иқтисодӣ (Панднома 10:4; 28:19; Эфсӯсиён 4:28)a.
Як навхонадорон аз Осиё маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро хеле қадр мекунанд. Чун дигар ҳамсарон барои онҳо якдигарро фаҳмидан ва ошкоро суҳбат кардан душвор буд. Вале онҳо маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор мебурдагӣ шуданд. Ба фикратон, ин чӣ натиҷа овард? Бинед, ки шавҳари Анелу, Висент чӣ мегӯяд: «Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба ман кумак карданд, ки мушкилиҳои оилавиамонро беҷангу ҷанҷол ҳал кунам». Ин маслиҳатҳо ҳаёти оилавии моро хушбахт гардонданд». Анелу илова мекунад: «Мо дар бораи қаҳрамонҳои Китоби Муқаддас хонда бисёр манфиат гирифтем. Ман имрӯз хушбахтам ва мо дар ҳаёт мақсадҳои арзанда дорем».
Дар бораи Худо дониш гирифтан. Висент боз чунин мегӯяд: «Китоби Муқаддасро хонда ман худро ба Яҳува аз пештара дида наздиктар ҳис мекунам». Гуфтаҳои Висент дар ҳақиқат ҷолибанд, зеро Каломи Худо воқеан ҳам моро бо Худо шинос мекунад. Агар шумо ҳам хондани Каломи Худоро сар кунед, на танҳо аз маслиҳатҳояш манфиат мегиред, балки бо Худо дӯстӣ пайдо карда метавонед. Аз Каломаш мефаҳмед, ки Худо дар бораи оянда ниятҳои нек дорад ва мехоҳад, ки шумо то абад аз «ҳаёти ҳақиқӣ» баҳра баред (1 Тимотиюс 6:19). Ҳеҷ ягон китоби дигар ба шумо чунин ҳаёти олиҷаноб пешкаш карда наметавонад.
Агар шумо низ реҷаи хониши Каломи Худоро дошта бошед, ҳаётатон аллакай имрӯз беҳтар мегардад ва Худоро нағзтар мешиносед. Бояд гуфт, ки ҳангоми хониш шояд ҳазору як савол ба саратон ояд. Дар ин сурат намунаи хоҷасарои ҳабаширо, ки 2000 сол пеш зиндагӣ мекард, ба ёд оред. Ӯ дар бораи Китоби Муқаддас бисёр савол дошт. Вақте аз марди ҳабашӣ пурсиданд, ки оё ба чизҳои хондааш сарфаҳм меравад, ӯ ҷавоб дод: «Ягон кас нафаҳмонад, чӣ хел фаҳмам?» Баъди ин марди ҳабашӣ бо дилу ҷон кумаки шогирди Исо, Филиппусро, ки Навиштаҳоро хуб медонист, қабул намуд (Корнома 8:30, 31, 34). Ба ин монанд, агар шумо низ дар бораи Каломи Худо бештар фаҳмидан хоҳед, варақаи дархости омӯзишро дар сомонаи www.jw.org пур кунед ё ба суроғаи наздиктарине, ки дар ин маҷалла оварда шудааст, мактуб нависед. Инчунин метавонед ба ягон Шоҳиди Яҳува, ки дар наздикиатон зиндагӣ мекунад, муроҷиат кунед ё ба Ибодатхонаи Шоҳидони Яҳува ташриф оред. Бигзор аллакай имрӯз Китоби Муқаддас шуморо сӯйи ҳаёти ҳақиқӣ роҳнамоӣ кунад.
Агар шумо шубҳа дошта бошед, ки Китоби Муқаддас сазовори боварист, лутфан, видеонавори «Мо аз куҷо медонем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо аст?»-ро тамошо кунед. Барои ёфтани он кодро сканер кунед ё ба сомонаи jw.org даромада дар сатри ҷустуҷӯ номи онро нависед
a Аз сомонаи jw.org бо дигар маслиҳатҳои Китоби Муқаддас шинос шавед. Нигаред ба бахши ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС > БА САВОЛҲОИ ХУД АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС ҶАВОБ ЁБЕД.