ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 2.08 саҳ. 8
  • Шаҳодат аз имони қавӣ!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Шаҳодат аз имони қавӣ!
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Маводи монанд
  • Оё мо дар «охирзамон» зиндагӣ мекунем?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Оё мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 2.08 саҳ. 8

Шаҳодат аз имони қавӣ!

1. Кадом воқеаҳои изтиробангезро Исо пешгӯӣ намуд?

1 Расулон нақли Исоро оиди ҳузури ӯ ва анҷоми тартиботи шарирона бодиққат гӯш мекарданд. Пайғамбар воқеаҳои изтиробангезеро нақл намуд, ки ба сари инсоният хоҳанд омад; ҷангҳо, гуруснагӣ, зилзилаҳо, вабоҳо. Сипас ӯ гуфт, ки ба шогирдонаш нафрат хоҳанд кард, онҳоро шиканҷа дода, хоҳанд кушт. Анбиёи козиб пайдо шуда, бисёриҳоро фиреб хоҳанд намуд. Муҳаббати бисёр касон сард мегардад.

2. Чаро дар саросари замин мавъиза гаштани пайғом аҷиб аст?

2 Сипас, вақте Исо гуфт, ки дар чунин вазъият бар тамоми олам пайғоми Салтанат мавъиза мегардад, шояд ин ба назари расулон фавқулода тофт (Мат. 24:3–14). Имрӯз мо ба таври аҷиб иҷро шудани ин пешгӯии баваҷдоварандаро мебинем. Қатъи назар аз он ки замони зиндагии мо хатарнок аст, Шоҳидони Яҳува пайғомро бо ҷидду ҷаҳд мавъиза менамоянд. Ҳарчанд муҳаббат дар ҷаҳон сард мешавад, оташи муҳаббати мо шӯълавартар мегардад. Ба нафрати «ҳамаи қавмҳо» нигоҳ накарда, мо пайғомро ба ҳар халқият мавъиза менамоем.

3. Дар ҳисоботи умумиҷаҳонӣ шуморо чӣ рӯҳбаланд сохт?

3 Чӣ гуна рӯҳбаландкунанда аст, аз назар гузаронидани фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар соли гузаштаи хидматӣ! (Ҳисоботи он дар замимаи саҳифаҳои 3–6 оварда шудааст.) Паиҳам маротибаи шонздаҳум — ҳарсол ба кори мавъиза ва шогирдсозӣ беш аз миллиард соат сарф мегардад. Чӣ шаҳодатест ин аз имони қавии Шоҳидони Яҳува! Шумораи пешравон ба 5.8; воизон ба 3,1 ва адади омӯзиши Китоби Муқаддас ба 4,4 фоиз афзудааст. Теъдоди таъмидгирифтагон назар ба соли пешин 20,1 фоиз зиёдтар аст. Чӣ гуна баваҷдоваранда аст, дидани он ки қариб ҳафт миллион нафар — шумораи бештар аз ҳар замоне дар таърихи инсоният, ба Яҳува содиқона хидмат менамоянд! Дар замима шуморо чӣ махсусан рӯҳбаланд намуд?

4. Марде бар кадом мушкилиҳо то таъмидгириаш ғолиб омад?

4 Ҳарчанд ададҳо худ аз худ таассуротбахшанд, мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки дар паси онҳо одамони бо амал имонашонро тасдиқкунанда истодаанд. Ба намунае таваҷҷӯҳ намоед. Гюлермо дар Боливия ба воя расид. Ӯ дар соли 1935 таваллуд шуда, аз 9–солагиаш дар киштзори буттаи кокаин кор мекард. Аз овони хурдсолӣ вай барги буттаи кокаин истеъмол менамуд, то азоби ҷисмонии аз кори пурмашаққат мекашидаашро кам кунад. Дертар Гюлермо аз истеъмоли машруботи спиртӣ сӯиистифода мекардагӣ ва тамокукаш шуд. Вақте ӯ ба фаҳмидани талаботи Яҳува оғоз намуд, тамокукаширо партофт, сипас сӯиистифодаи машруботи спиртиро бас кард. Бузургтарин мушкилӣ тарки одати дар тӯли ҳаёт доштааш, яъне истеъмоли барги буттаи кокаин буд. Ӯ беист дуо гуфта, бар одати бадаш ғолиб омад. Одатҳои бадаш дар гузаштааш монданд, ӯ таъмид гирифт. “Ҳоло ман худро пок ва хеле хушбахт эҳсос менамоям”,— мегӯяд Гюлермо.

5. Хоҳиши шумо чист?

5 Яҳува дар ҳақиқат ба одамон таваҷҷӯҳ дорад. Ӯ мехоҳад, ки ҳама ба тавба рӯ оваранд (2 Пет. 3:9). Ин хоҳиши мо низ аст. Бигзор дилҳоямон моро ба кардани ҳар кори аз дастамон меомада барагезанд, то ба шахсони самимӣ барои шинохтану дӯст доштани Яҳува, ҳамон тавре ки худи мо мекунем, кӯмак намуданро идома диҳем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан