Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза», ки дар ҳафтаи аз 22-юми феврали с. 2010 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Нозири мактаб муҳокимаи 20–дақиқаинаро, ки дар маълумоти барои ҳафтаҳои аз 4-уми январ то 22-юми феврали с. 2010 таъиншуда асос ёфтааст, мегузаронад.
1. Аз чӣ мо бояд эҳтиёт бошем? (Еҳ. 22:9–12, 21–33) [w04-U 1.12, саҳ. 12, сарх. 3]
2. Чаро Еҳушаъ суханони дар Еҳушаъ 24:14, 15 бударо гуфт ва ин маълумот бояд моро ба чӣ барангезад? [w08-U 15.5, саҳ. 17, 18, сарх. 4–6]
3. Аз рӯи кадом сабаб, ибодаткунандагони Баал ва тарзи парастиши онҳо барои исроилиён қапқон гардид? (Дов. 2:3) [w08-U 15.2, саҳ. 27, сарх. 2, 3]
4. Вақте мо мехонем, ки Эҳуд далерона шамшерашро истифода мебурд, мо аз ин чиро таълим гирифта метавонем? (Дов. 3:16, 21) [w97-U 15.3, саҳ. 31, сарх. 4]
5. Вақте ки мо дар бораи он ки чӣ гуна Яҳува Ҷидъӯн ва 300 ҷанговари ӯро наҷот дод, мехонем чӣ рӯҳбаландиеро мегирем? (Дов. 7:19–22) [w05-U 15.7, саҳ. 16, сарх. 8]
6. Ба кадом маъно дили Яҳува «аз боиси азиятҳои Исроил маҳзун шуд»? (Дов. 10:16) [cl-U саҳ. 254, 255, сарх. 10, 11]
7. Оё Йифтоҳ дар вақти қавл доданаш ният дошт, ки ӯ ба Худо одамро қурбон хоҳад кард? (Дов. 11:30, 31) [w05-U 15.1 саҳ. 25, сарх. 6]
8. Оё қуввати Шимшӯн дар асл дар мӯйҳояш буд? (Дов. 16:18–20) [w05-U 15.3, саҳ. 28, сарх. 5, 6]
9. Чӣ гуна рафтори ҳайратовари Шимшӯн, ки дар Доварон 16:3 омадааст, ба мо ёрӣ дода метавонад? [w04-U 15.10 саҳ. 15, сарх. 7, 8]
10. Мувофиқи Доварон 16:30 дар бораи ҷони одам чиро фаҳмидан мумкин аст? [w90-U 1.9, саҳ. 5, сарх. 5; sp саҳ. 13, 14]