Ин Инҷили Малакут мавъиза хоҳад шуд!
1. Мо аз куҷо медонем, ки кори мавъизаро боз доштан номумкин аст?
1 Ҳеҷ чиз наметавонад ба иҷрошавии мақсади Яҳува монеъ гардад (Иш. 14:24). Гарчанд бар 135 000 лашкари мидиёниён ғолиб омадани Ҷидъӯни довар ва 300 нафар лашкари ӯ имконнопазир менамуд, Яҳува ба ӯ гуфт: «Исроилро аз дасти Мидён наҷот деҳ; Ман туро мефиристам» (Дов. 6:14). Имрӯз Яҳува кадом корро дастгирӣ карда истодааст? Исо гуфт: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд» (Мат. 24:14). Ҳеҷ кас ин корро боз дошта наметавонад ва он иҷро хоҳад шуд!
2. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ба ҳар яки мо дар хизмат кӯмак мерасонад?
2 Яҳува ба ҳар яки мо кӯмак мерасонад. Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува кӯшиши шоҳидони худро чун гурӯҳ баракат медиҳад. Оё Яҳува ба ҳар яки мо мадад мерасонад? Павлуси расул бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуда эҳсос намуд, ки Яҳува ӯро тавассути Писари худ Исо дастгирӣ мекунад (2 Тим. 4:17). Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува кӯшиши ҳар яки моро дар иҷрои иродааш баракат медиҳад (1 Юҳ. 5:14).
3. Дар кадом вазъиятҳо Яҳува ба мо кӯмак мерасонад?
3 Оё шумо эҳсос мекунед, ки аз боиси ғаму ташвишҳои рӯзгор барои хидмат қуввату мадоратон кам мондааст? «Ӯ хастаро қувват мебахшад» (Иш. 40:29–31). Оё шумо бо таъқиботу мухолифат дучор мешавед? «Бори дилатро ба Худованд парто, ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард» (Заб. 54:23). Магар шумо ба қобилияти худ шубҳа доред? «Бирав ва Ман бо забонат хоҳам буд» (Хур. 4:11, 12). Оё мушкилиҳои бо саломатӣ алоқамандбуда барои ҳар чӣ зиёдтар хидмат кардан ба шумо халал мерасонанд? Вақте ки шумо аз таҳти дил ба Яҳува хизмат мекунед, новобаста аз кам ё зид будани хизмататон, Ӯ кӯшиши шуморо қадр мекунад ва онро баракат медиҳад (1 Қӯр. 3:6, 9).
4. Боварӣ доштан ба дастгирии Яҳува, моро ба чӣ бармеангезад?
4 Дасти Яҳува «дароз карда шудааст ва кист, ки онро тавонад баргардонад?» (Иш. 14:27). Боварӣ доштан ба он ки Яҳува хидмати моро баракат медиҳад, мо минбаъд низ «дар бораи Худованд далерона» мавъиза карданро давом медиҳем (Аъм. 14:3).