ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 11.10 саҳ. 5-6
  • «Солномаи 2010»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Солномаи 2010»
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2010
Хизмат ба Салтанати Худо 2010
km 11.10 саҳ. 5-6

«Солномаи 2010»

Бенин (саҳ. 43, 44). Клод ва зани ӯ, Мари–Клер, 27 сол мешавад, ки чун миссионер хурсандона хизмат мекунанд. Моҳи март Мари–Клер лағжида пояшро мешиканад. Пас аз ду ҳафта Клод ҳам дар хонаи миссионерон ҳангоми кор карданаш, афтида пои худро мешиканад. Ҳамин тавр, пои рости Мари–Клер ва пои чапи Клодро гипс карданд. Клод шӯхӣ карда мегӯяд: «Мо ҳама чизро ҳамеша ҳамроҳ мекунем!»

Гипси Клод имконият медод, ки вай каму беш ҳаракат кунад, Мари–Клер бошад, ҳафтаҳо аз хона намебаромад. Гарчанд ӯ аз 12 омӯзиш 4–тояшро дар хонаи миссионерон мегузаронд, вай ба дигар намудҳои хизмат низ пазмон шуда буд. Ҳамин тавр, Мари–Клер қарор кард, ки назди хонаи миссионерон ба курсие нишаста бар рӯи миз адабиётҳои гуногунро гузошта, бо роҳгузарон сӯҳбат мекунад. Дар натиҷа, дар моҳи март вай назди миз нишаста, 83 соат хизмат кард. Оё Яҳува кӯшиши ӯро баракат дод? Дар он моҳ Мари–Клер 14 китоб, 452 брошура, 290 маҷалла, зиёда аз 500 рисола тақсим кард.

Венгрия (саҳ. 59, 60). Ба як хоҳар доимо шишаи ширро оварда, бар девораш дар халта меовехтанд. Боре ӯ халтаро бо шишаи холӣ ва рисолаи «Оё шумо мехостед ҳақиқатро бидонед?» фиристонд. Ба ҳайрати ӯ, ин дафъа бо шир дар халта варақеро ёфт, ки дар он саволҳои ба рисола дахлдошта ва хоҳиши дастрас намудани Китоби Муқаддас навишта шуда буд. Хоҳар даррав ба назди зани говҷӯш ба ферма рафт, ки вай он ҷо зиндагӣ мекард ва ба воситаи китоби «Таълимот» бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддас сар кард. Пеш зан ба бисёр калисоҳои гуногун рафта, ба саволҳояш ҷавоб мекофт, лекин аз ҷиҳати рӯҳонӣ вай қаноатманд намешуд. Баръакс, дар натиҷаи ҷустуҷӯ дар ӯ саволҳои бештар пайдо мешуданд. Инчунин вақте ки яке аз духтарони зан шавқи самимӣ пайдо кард, хоҳар ба вай китоби «Аз Устоди Бузург биомӯз»–ро дод. Зан фаҳмонд, ки духтараш бисёр вақт шаб хобҳои бад дида, бедор мешавад. Лекин баъд аз хондани якчанд боби ин китоб, тарси вай камтар шуд ва ҳоло шаб оромона хоб меравад. Зан омӯзишро давом дода истодааст ва рӯзҳои якшанбе мунтазам ӯ бо ду духтараш ба вохӯриҳо ташриф меорад.

Зеландияи Нав (Саҳ. 62, 63). Ду хоҳар ташкилоти давлатии фонди боварии оиларо хабар гирифтанд ва барои бо сардор вохӯрдан, гапзанон карданд. Хоҳарон ба вохӯрӣ тайёрӣ дида, якчанд адабиётро дар мавзӯи оила ҷамъ карданд, ки он адабиётҳо махсусан ба сардор дар кораш бо оилаҳо шавқовар буда метавонист. Он адабиётҳо аз маводҳои зерин иборат буданд: китоби «Сирри хушбахтии оила», «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» ва «Бедор шавед!»–и моҳи августи 2007, мақолаҳои «Ҳафт қадам барои тарбия кардани фарзанд» ва маҷалла аз моҳи октябри с. 2007 бо мавзӯи умумӣ «Фарзандони худро эҳтиёт кунед!».

Ҳангоми вохӯрӣ хоҳарон фаҳмонданд, ки фаъолияти мо ихтиёрӣ мебошад ва хеле мехоҳем, ки ба оилаҳо ёрӣ диҳем, махсусан аз ҷиҳати рӯҳонӣ. Хоҳарон вақт ҷудо карда, ба сардор адабиёти овардаашонро нишон доданд. Сардор онҳоро гӯш кард ва адабиётро гирифта гуфт, ки ин маълумотро ба ҳамаи 35 коргараш пешниҳод кардан мехоҳад. Ӯ илова намуд, ки ҳамаи 503 оилае, ки дар рӯйхати вай ҷой доранд, аз мақолаҳои маҷаллаи «Бедор шавед!» манфиат мегиранд. Ба хоҳарон муяссар гашт, ки 557 маҷаллаи «Бедор шавед!»–ро ҷамъ кунанд. Ду ҳафта пас ба хоҳарон занг зада хабар доданд, ки маҷаллаҳо ба ҳамаи ин оилаҳо тақсим карда шуданд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан