Эълонҳо
◼ Маъракаҳои ҳармоҳа. Март: ёрӣ расондан ба ғайрифаъолон. Апрел: чун пешрави ёвар хизмат кардан. Май: мавъиза кардан дар минтақа. Июн: ба таври ғайрирасмӣ хизмат кардан.
◼ Вақте ки шумо ба хитоизабон мавъиза мекунед, ба ӯ саҳифаҳои брошураи «Хушхабар барои ҳама халқҳо»-ро кушода, забонҳои хитоӣ (СН) ва хитоии осонфаҳм (CHS)-ро нишон диҳед, то ӯ интихоб кунад, ки кадомашро хондан мехоҳад. Одатан сокинони Гонконг ё Тайван адабиётро ба забони хитоӣ (CH) мехонанд, вале худи хитоиҳо бошад, одатан ба забони хитоии осонфаҳм (CHS) мехонанд. Дар мавриди нашрияҳои видео ё аудио бошад, ба назар гиред, ки шахс бо кадом лаҳҷа гап мезанад ва кадомашро беҳтар мефаҳмад. Одатан сокинони Хитой ва Тайван забони хитоии мандаринӣ (CHM) ва сокинони Гонконг забони хитоии кантонӣ (CHC)-ро мефаҳманд.
◼ Видеофилми «Шоҳидони Яҳува — созмоншудагон бар расонидани паёми Салтанат» (рус.) дар вохӯрии хизматии моҳи август муҳокима хоҳад шуд. Агар ниёз бошад, нусхаҳои он бояд ҳарчи зудтар ба воситаи ҷамъомад дархост карда шаванд.